Шумо ба ҳайси журналист ва мураббии журналистони ҷавон сазовори эътибори кулл ва эҳтироми умум гардидаед. Чун яке аз сарварони созмонҳои  журналистӣ журналистикаи мустақилро ба сатҳи  баланди касбӣ бардоштед ва имрӯз низ пайи ин ҳадафи нек талош меварзед.

Ба ҳайси журналисти бедор муҳимтарин муаммоҳои ҷомеа, умдатарин бахши инкишофи маънавиятро солҳои тӯлонӣ дар матбуот инъикос намудед.

Боиси ифтихор аст, ки Шумо пайваста аз озодии инсон, волоияти маънавиёт, бедории ѓурури миллӣ, покизагии имону виҷдон мегӯеду ин принсипи хоси худро пос медоред…

Раёсати Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо самимияти афзун ва садоқати бепоён Шуморо бо ҷашни фархундаи зодрӯзатон муборакбод намуда, барои шумо пешрафт, муваффақият, оромиши зеҳнӣ, шодӣ ва дастёбӣ ба ончи, ки мехоҳедро оризу мекунад.

Лаҳзаҳои хуш ва саодат дар баҳори нав насиби шумо бодо.

Раёсати Шӯрои ВАО ҶТ

Previous articleЗурович: Озодии сухан гуфта, журналист набояд ба шахсияти касе расад
Next articleРӯзи матбуот муборак ва хуҷаста бод
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here