Лилиана Зурович Раиси кулли Шӯрои ВАО-и ҷумҳуриҳои Босни ва Ҳерзегуин

Пардохтҳои ҷубронпулӣ аз ҷониби ВАО набояд калон бошанд, чунки ин ҳолат матбуотро ба муфлисшавӣ бурда, мерасонад. Дар ин бора Лилианна Зурович, роҳбари Шӯрои ВАО-и Босния ва Гертсеговина, 21-феврал, дар нишасте бо иштироки рӯзноманигор дар шаҳри Душанбе гуфт.

Нишасти омӯзишӣ, ки бо ибтикори Шӯрои ВАО-Тоҷикистон доир гашт, дар он Лилианна Зурович дар мавриди меъёрҳои ахлоқӣ ва худтанзимкунӣ дар ВАО аз таҷрибаи худ ва дигар кишварҳо сухан кард. Ба гуфтаи ӯ, вақте додгоҳ нисбати расонае барои пардохти ҷуброн ҳукм мебарорад, маблағро набояд рӯзноманигор, балки худи расона бояд пардохт кунад. Зеро додгоҳ нисбати расона ҳукм мебарорад на нисбати хабарнигор.

Ҳамчунин Лилианна зикр кард, ки яке аз сифатҳои худтанзимкунӣ дар ВАО, ҳангоми тартиб додани мақола, бояд мувозинат риоя гардад: “Ҳамаи мо метавонем ба хатогиҳо роҳ диҳем. Вале журналистро зарур аст, ки шикоятҳои хонанда, бинанда ва шунавандаро қабул карда, хатоҳояшро дар асоси усулҳои рӯзноманигорӣ, бо узру бахшиш ислоҳ кунад. Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои мардум поймол намешавад”.

Ба гуфтаи ӯ аз ҷониби мардум, вазорату ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сиёсатмадорон давоми як сол то 350 адад аризаҳои шикоятӣ ба Шӯрои ВАО-и Босния ва Гертсеговина ворид мешавад. Ба 70 дарсади ин шикоятҳо, посухҳо бо ҷумлаҳои “бале, Шумо ҳақ ҳастед, бале Шумо ҳақ доред, озод ҳастед” ҷавоб гардонида мешавад: “Зеро барои таҳқиру туҳмат қонунҳо вуҷуд дошта, махсусан дар Амрико бо ислоҳнамоӣ ин раванд идора карда мешавад ва суханони таҳқиромез ҷиноят мебошад”.

Ҳамчунин Лилианна дар рафти омӯзиш иброз дошт, ки меъёрҳои этикӣ дар тамоми дунё ягона буда, хабарнигорон новобаста аз мушкилиҳо, бояд ҳирфаӣ бошанд. Зеро дастрасии маълумот дар ҳамаи ҷо буда метавонад, вале на ҳамеша маълумот дуруст истифода карда мешавад: “Агар мо дар нашри мавод аз як манбаъ истифода барем, аллакай меъёрҳои ахлоқиву стандартиро риоя накардаем. Масалан, ҳастанд хабарнигороне, ки ба хотири ҷамъ кардани лайкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаргуна хабарҳои дурӯғу таҳқиромезро бо номҳои бегона чоп мекунанд. Ва фикр мекунанд, ки касе онҳоро пайдо намекунад, вале бо IP адресҳо муайян карданашон осон аст”.

Лилиана: “Яке аз сифатҳои худтанзимкунӣ дар ВАО, ҳангоми таҳияи мавод, бояд мувозинат риоя шавад”

Лилианна мегӯяд, дар вақти чопи ин ё он мавод дар бораи ягон сиёсатмадор, ба хабарнигорон фишорҳо зиёд дида мешавад, ҳатто то аз кор озод кардани онҳо: “Ин сиёсатмадорон мехоҳанд дар бораи онҳо танҳо суханони хуб бояд гуфт ва маҳз бо ҳамин сабабҳо ҳоли журналистон рӯз то рӯз дар дунё бад шуда истодааст. Вале мо бояд барои озодии худ мубориза барем, зеро ин вазифаи мо мебошад. Ҳақиқатро ба мардум расонем. Мо бояд бо мардум як пайванд шавем. Агар мо хабарро ба мардум нарасонем, шояд нафари дигар бо тарзи нодуруст мерасонанд”.

Илова бар ин ӯ иброз дошт, ки дар ҳолати фишор овардани кормандони давлатӣ болои журнаист ё таҳқир кардан, метавонем бо ҷумлаҳои “ин мансабдор (номаш), ин сиёсатмадор ё намояндаи ҳукумат, ё тоҷир фалон журналистро бо зангҳои худ таҳқир мекунад ё фишор меорад, гуфта, мақолаҳо нашр кунем. Ва ин таъсири худро мерасонад”.

Лилианна мегӯяд, журналистика касб набуда, балки ҳадаф мебошад: “Ҳадаф озодии мардум. Мо бояд тарзе мардумро тарбия кунем, ки тарси ҳақ гуфтанро надошта бошанд. Дар мамлакатҳои пас аз шӯравӣ мардум тарс доранд, наметавонанд дар бораи сиёсату иқтисод, ҳатто дар бораи зиндагии ҳаррӯзаи худ суҳбат кунанд. Вале журналист ҳуқуқи дастрас кардани тамоми маълумотро дорад”.

Дар ин давраи омузишӣ рӯзноманигорони ҷавон аз Суғду Хатлону Бадахшон ва Шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи пойтахт ширкат доштангд

Лилианна Зурович қайд кард, ки журналистикаро мо набояд озодии сухан фаҳмида, стандартҳои ахлоқиро риоя накарда, ҳамаи чизро нависему ба шахсияти касе расем: “Мо ҳуқуқ дорем нисбати шахсоне, ки бо ришва даст задаанд, нависем. Масалан дар кадом сатҳ қарор доштани судро паҳн намоем. Вале наметавонем касеро то қарор ё ҳукми додгоҳ, ҷинояткор гӯем. Масалан дар кишвари мо як чунин ҳолат буд, ки хабарнигор як нафарро ҷинояткор гуфта, хабар дод, ки фардо дар додгоҳ нисбати ӯ чора андешида мешавад. Вале фардо на нисбати “ҷинояткор”, балки нисбати худи журналист барои суханаш чора андешида шуд. Мисоли дигар, буд ҳолате, ки кормандони пулис ба мо хабар дода гуфтанд, пагоҳ фалон ҷо биёед, мо як гурӯҳ ҷинояткорро дастгир мекунем. Вақте  мо ба ҷои ҳодиса рафтем, кормандони пулис мардеро бо либосҳои таҳпӯш дастгир карданд. Ва нафареро, ки пулис боздошт карда буд, исбот шуд, ки бегуноҳ аст ва кормандони пулисро барои ин рафторашон, аз вазифа озод карданд. Фикр кунед, як нафарро, ки намедонанд то куҷо ҷиноятро содир кардааст ё не, боздошташ мекунанд, ки ин ба фарзандон, наздикон ва дӯстони он нафар таъсири худро мерасонад. Ҳарчанд ин гуна нафарон бегуноҳияшон исбот шуда, озод ҳам шаванд, вале дар номашон доғе боқӣ мемонад”.

Ба гуфтаи ӯ вақте мо дар бораи боздошти ин ё он нафар хабар медиҳем, дар бораи озод шудан ва ё исботи бегуноҳияш низ бояд хабар диҳем: “Ҳамчунин хабарнигорон бояд дар масъалаҳои динӣ эҳтиёткор бошанд, зеро ин мавзуҳои ҳассос буда, дар ҳолати иштибоҳ кардан, эътиқоди мардум аз ВАО мегардад. Урфу одатҳои диндоронро дониста, номҳои асосии дину мазҳабҳоро омӯзем. Дар ҳолати надонистан, қабл аз чопи мавод журналист бояд аз мусоҳиби худ ё мутахассисони соҳа дар ин бора пурсон шавад. Кунҷковӣ барои журналист аз ҳама чизи асосӣ мебошад. Дар масъалаҳои пахш кардани мусиқиҳои исломӣ дар барномаи насронӣ бояд эҳтиёткор бошем”.

Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Хонум Лилианна аз иштибоҳи худ дар радио ёддовар шуда, гуфт дар ҷашни иди насрониҳо корманди техникӣ ба ҷои суруди насрониҳо, суруде бо калимаҳои Аллоҳу Акбарро пахш кардааст: “Ман дар ҳолати шок афтида, бо мусоҳибони худ, ки ба радио даъват шуда буданд, чанд дақиқа хомӯш мондем. Ҳарчанд сурудро иваз кардем, вале зангҳои шикоятӣ зиёд меомаданд. Ҳатто падарам занг зада, гуфт “раҳмат, модаратро ҳам хушҳол кардӣ ва ту бисёр зиёдаравӣ кардӣ”-гуфта, писханд зад. Аммо ман гуфтам ин корро қасдан накардам, пас аз ин масъули техникии моро аз кор озод карда, маро ҷарима карданд. Ва то як моҳ аз барномаҳои онлайнии радиоӣ озод шудам. Ҳарчанд мо қасдан накардем, вале мардум фикр карданд, ки мо дониста инро кардем. Мо бояд нисбати ҳар як дину мазҳабдор эҳтироми хос дошта бошем, новобаста аз бутпарасту ҳатто сангпараст буданашон”.

Дар ҳамин ҳол Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар чорабинии омӯзишӣ иштирок дошт, зикр кард, ки ба шӯро аризаҳои шикоятӣ аз ҷониби мардум кам ворид мегарданд. Танҳо дар соли гузашта шӯро 9 аризаи шикоятиро қабул кардаасту халос. Сабабҳои инро хонум Акобирова дар нашинохтани Шӯрои ВАО аз ҷониби мардум ва ҳатто баъзе аз кормандони мақомот арзёбӣ кард.

Дар охири нишасти омӯзишӣ баҳсу баррасиҳо миёни хабарнигорон ва роҳбарони Шӯрои ВАО-и ҳарду ҷониб доир гашт.

Previous articleРоғун – пойтахти нури дунё
Next articleЗодрӯз муборак, Нуриддин Қаршибоеви арҷманд!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here