Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” – нашрияи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Народная газета”  – нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузориш додаанд. Ҳамзамон, ба иттилои “Народная газета”, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон заводи муштараки тоҷикӣ-туркие ба истеҳсоли автобусҳои мусофиркашон шурӯъ хоҳад кард, ки дарт таъмини эҳтиёҷоти мардум мусоидат хоҳад кард.

Матолиби дигари “Народная газета”:

“Тоҷикистони мустақил дарҳояшро ба рӯи меҳмонон ва сайёҳон васеъ боз намуд”, “Кишваре, ки бо табиати нотакрори худ тасхир менамояд”, “Дар Душанбе рӯзҳои Санкт Петербург баргузор гардиданд”, “Хуҷанд – шаҳри шоҳроҳи бузурги абрешим”…

Матолиби дигари “Садои мардум”:

“Дар бораи гарави молу мулк қонун қабул гардид”, “Тири ҷинояткорон хок хӯрд”, “Душманӣ бо офтоб аз аблаҳист”, “Маргарита Қосимова – меҳмони ифтихории “Дидор””…

Матолиби дигари “Ҷумҳурият”: “Ҳарфе, ки ҳуввият месозад” (Бардошт аз китоби Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”), “МОИ: 10 соли ташаккул ва пешрафт”, “ИДМ: Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал”, “Фархор: Зиндагӣ ранги тоза мегирад”, “Боғи Алишери Навоӣ: Мактаби тарбияи ахлоқӣ ва фарҳанги ҳамсоядорӣ”, “Мавлоно васлгари халқҳо ва тамаддунҳо”…

“Минбари халқ” – нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бошад, дар баробари гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, инчунин, матолиби зеринро дар саҳифаҳои ин шумораи худ ғунҷонидааст:

“Шарикони стратегӣ ва саҳми сарони давлатҳо”, “На илм, ҳарчӣ амал мекунӣ, ҳамон аз туст”, “Равандҳои ҷаҳонӣ ва андешаи ҷовидонӣ”, “Куҳистон гулистон мешавад”, “Хитой – кишвари нур”…

Азия плюс” – рӯзномаи русизабони мустақил дар кишвар баҳси дубора гармшавии болоравии қимати симкортҳои телефониро ба минбар кашидааст. Муаллифи матлаби “Симкорти тоҷикӣ чанд сомонӣ мешавад?” менависад, ки “Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ширкатҳои мобили мактуб ирсол намуда, хостааст, онҳо андешаҳои худро дар мавриди нархи симкортҳо иброз намоянд. Аниқтараш, илоҷе карда асоснок намоянд, ки чаро бояд симкортҳо 250 сомонӣ қимат дошта бошанд”. Дар матлаби дигар “Азия плюс” хабар медиҳад, ки Прокуратураи генералӣ бо дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳоди Вазорати маориф ва илмро дар мавриди қоидаҳои ба хориҷа сафар намудан рад кард.

Матолиби дигари “Азия плюс”:

“Дар моҳи сентябр Тоҷикистон чоряк ҳиссаи барқи истеҳсол намудаашро ба хориҷа фурӯхт”, “Ӯзбекистон нерӯгоҳи атомӣ месозад”, “Китобфурӯшон ба ҷои нав мекӯчанд”, “ВМКБ: хайр яроқ?”, “Оё дар Хоруғ оромӣ ҳукмфармост?”…

Ҳафтаномаи “Фараж” – нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зери унвони “Дар Бадахшон кӣ иғво меангезад?” натиҷаҳои якмоҳаи кори Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ –ро чоп кардааст. Ба навиштаи муаллифи ин маводи ҳафтанома, инчунин, дар матлаби дигаре, ки аслан дар асоси баромади раиси нави Бадахшон Ёдгор Файзов ва фаъолони ин вилоят таҳия шудааст,  ангушти ишорати ҳам аъзои ситод ва ҳам раиси Бадахшон сӯи саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва нашъаҷаллоб дар  ВМКБ, бо шумули Муҳамадбоқир, Толиб, Мунаввар, Ёдгор, Хурсанд аст.

Матолиби дигари “Фараж”:

“То ҳанӯз журналистонро мекушанд…”, “Матбуоти озод – оксигени демократия”, “Муҳаммадюсуф Имомзода: ДМТ – гаҳвораи кадрҳои миллӣ”, “Яроқ картошка нест, ки гӯем: Ёдгор 50 кило супорид!”, “Ба ифротӣ шудани ҷавонон кӣ гунаҳгор аст?”…

Ҳафтаномаи мустақили “Тоҷикистон” низ рӯйдодҳои Бадахшонро дар меҳвари матолиби хеш қарор додааст. Дар матлабе бо номи “Ёдгор Файзов: 16 рӯзи роҳбарӣ, 16 дақиқа суханронӣ” аслан суханрониии раиси нави Бадахшон дар назди аъзои Ситоди байниидоравӣ ва фаъолони ин вилоятро таҳия намуда, ба хонандааш пешниҳод кардааст.

Матолиби дигари “Тоҷикистон”: “”Султони Кабир”: Ваъдаҳо зери тоқӣ монданд?”, “Рӯ ба бефарҳангӣ. Китобу рӯзномаҳо зери боду борон”, “Чаро Бобоҷон Ғафуров талаби тарки мансаб кард?”…

Ҳафтаномаи “СССР” менависад, ки хабарнигораш аз Бадахшон гузориш омода намудааст ва Хоруғ ором аст!

Дар матлаби дигари ин нашрия бо номи “Дуздакони кӯлобӣ ва бачаҳои шаҳр” мехонем: “Агар аҳамият додаед, сокинони баъзе мавзеи Кӯлоб, масалан, худи шаҳри Кӯлобу Совет (Темурмалик)” вожаи “дздак” –ро бад қабул намекунанд. Зумрае ҳатто ифтихор доранд, ки агар онҳоро чунин ном барӣ. Саросема нашавед. Онҳо дузд нестанд. Фахрашон дар дигар ҷо ниҳон аст: Дар ҷавонмардӣ, айёрӣ, айёшӣ ва шарафмандии дуздон…

Матолиби дигари “СССР”:

“Фоҷеаи Хуҷанд: аз таркиши ТУ 154 ва марги 85 тоҷир 21 сол гузашт…”, “”Қатра” тамъ дораду одоб не!”, “Мастона Эргашева 66 сола шуд”, “1,2 млрд. сомонӣ ба Бадахшон”…

Ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” мақолаи “Тоҷикро таҳқир мекунанд, сафорат хомӯш!” дар сархатти маводҳои ин шумораи худ ҷой додааст. Дар матлаб сухан дар мавриди он меравад, ки: “Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Русия дар маркази шаҳри Тула ва маҳзари омм боздошт намудани даҳҳо муҳоҷир ва даст ба китфи ҳам қатор карда то идораи пулис бурдани онҳо “як навъ шиканҷаи равонӣ ва таҳқири оммавӣ” мебошад”.

Матолиби дигари “Озодагон”:

“Иқтисодро бо фарҳангу адабиёт сохтан имкон надорад”, “Баҳси Хоруғ то куҷо расид?”, “Сиёсати нопадидсозӣ дар асри ҷадид”, “Тс ё чаро мо забонамонро бояд ҳафт ҷо бишканем?”, “Суханваре амҷад аз диёри Рӯдакӣ”, “Тенгриизм. Дини наве, ки қирғизҳо расмӣ карданиянд”…

 

Previous article“Тоҷик Эйр” ҳам хусусӣ мегардад?
Next articleҲасиб аз мушхонаҳо
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here