Сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Фахриддин санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02-дақиқаи рӯз ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, қарор доштанаш ба далели боло рафтани фишорбаландӣ аз пой дарафтода сараш ба санг бармехурад.
Пас аз ду рӯз баъд аз зӯҳри рузи 15 октябр Собиров Фахриддинсоли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар бемористони Қарияи Боло аз олам даргузашт.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки аз сӯи гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва обективона қарор дода мешаванд.
Кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази
худкори «Шаҳри бехатар» муайян намуданд, ки шоҳидони
ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол
ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба беморхона автомашинаи
«Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза
табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида,
шаҳрванд Собировро ба беморхона интиқол медиҳанд. Тибқи иттилои табибон дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда
шудааст, ки фишори шаҳрванд Собиров Фахриддин ҳанӯз дар вақти рух
додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омили аслии  беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст».
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки рӯзи
13 октябр, тақрибан соатҳои 9 ба 10 нафаре ё ашхоси номаълум бо
олоти сахте ба сари сардори Дафтари матбуоти Хадамоти
гумрук Фахриддин Собиров, ки ҳафтае қабл ба ин мақом таъйин
гардид, зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд. Аз ҷумла, Радиои
Озодӣ рӯзи 14 октябр аз қавли писари хабарнигори собиқи
Телевизиони Тоҷикистон – Акрам Собиров овард, ки ӯро роҳгузарон
дар наздикии бинои телевизиони «Сафина» беҳушу беёд пайдо
кардаанд ва дар бемористони Қарияи Боло ҷарроҳӣ шудааст. Ҷарроҳӣ
тақрибан 4 соат идома кардааст.
Мақомоти шӯъбаи дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе тафтишоти
ҳодисаро пеш мебаранд ва ҷустӯҷуи муттаҳам ба ҳамла идома дорад.
Аз марги Фахриддин Собиров аввалин шуда, сомонаи www.faraj.tj хабар
расонд ва ба дунбол изҳороти РКД – ро пахш намуд.

Раёсати Шӯрои ВАО ҶТ аз марги фоҷиабори сардори Дафтари
матбуоти Хадамоти гумрук Фахриддин Собиров андуҳгин буда, ба
ҷомеаи журналистии кишвар ва наздикони марҳум ин талафотро
таслият мегӯяд.

Previous articleКодекси иттилоот ба мо чӣ медиҳад?
Next article“Тоҷик Эйр” ҳам хусусӣ мегардад?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here