Занталоқи Кабирӣ ва матбуоти Тоҷикистон

0
805

Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумхурият” матолиби инҳафтаинаи худро асосан ба суханрониҳо ва гузоришҳо аз рафти сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ихтисос додааст.

Ин матолибро дар гузоришҳое зери сарлавҳаҳои “Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандон сармояи миллатанд”,  “Пешвои миллат: Мардуми Мурғоб қавиирода ва мушкилнописанданд”, “Пешвои миллат: Пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо бо роҳи муттаҳидиву сарҷамъӣ муяссар мегардад” метавон мутолиа намуд. Ҳамчунин, “Ҷумҳурият” аз як таъйиноти кадрӣ, ки баъди эродҳои Президенти мамлакат ба роҳбарияти ҳукумати ВМКБ, ва он ҳам аслан ба мақомоти қудратии ин минтақаи кишвар гирифта шуда буд, хабар медиҳад. Тибқи хабар, Президент баъди бозгашт аз Бадахшон дар Қасри миллат кадрҳои навтаъйиншуда ба мақомотро ба ҳузур пазируфта, ки аксарияти онҳо роҳбарони мақомоти қудратии ВМКБ ҳастанд: аз ҷумла, раиси суд ва муовинони раиси вилояти мазкур, сардорони ШВКД дар ноҳияҳои ҳамин вилоят, шаҳри Хоруғ ва вилоят, сардори БДА… Ба қавли манбаъ, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки  “зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябр бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, фаъолияти номукаммали мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини волоияти қонун ва бартараф намудани ҷинояткории муташаккил ва амалҳои нангин, инчунин, дигар камбудиҳо, изҳори нигаронӣ карда буданд”.

Дар хабарҳои қаблии расонаҳо гуфта мешуд, ки барои рафъи чунин камбудиҳо Сарвари давлат ба мақомоти Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон як моҳ муҳлат додааст.

Садои мардум” ва “Минбари халқ” низ шумораҳояшонро аз ҳамин сафари Президент ба ВМКБ пӯшиш додаанд.

Дар гузориши нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – “Минбари халқ” таҳти унвони “Бадахшон дар масири дигаргуниҳо”, ки аз 12 саҳифа иборат аст, рафти сафари Сарвари давлат ба таври мукаммал гузориш шудааст.

Рӯзномаи “Имрӯз News” низ дар матлабе ба муносибати сафари Президент ба ВМКБ бо нигаронӣ аз суханони Сарвари давлат сарлавҳа гузоштааст: “Президент ба роҳбарони Бадахшон: Натарсед аз халқ!” Ва иқтибос ҳам овардааст: “Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред, сиёсати роҳбари давлату ҳукуматро амалӣ намекунед, вазифаи давлатиро холӣ кунед!”

Ҳамчунин, “Минбари халқ” зери сарлавҳаи “Аз кӯлбори гадоӣ то даъвои подшоҳӣ” андешаҳои рӯзноманигор Саломуддин Мирзораҳматовро дар ҳошияи нишасти САҲА нашр кардааст.

Сабаби чоп намудани ин матлабро нашрия чунин шарҳ медиҳад: “Андешаҳои ҷолиби публитсист ва рӯзноманигори варзида Саломуддин Мирзораҳматовро оид ба ҳамоиши навбатии САҲА дар шаҳри Варшава аз саҳифаи фейсбукии мавсуф бознашр менамоем. Қобили зикр аст, ки матлаби мазкур бо оҳанги танзу киноя иншо шуда, ҷиҳати бозгӯи баъзе паҳлӯҳои фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоии зиддиҳукуматӣ, ки дар кишварҳои Аврупо гирд омадаанд ва фош кардани чеҳраи аслии онҳо хеле судманд аст.” Аз ин мақола мехонем: “Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиред. Шумо дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед? Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?!” Ва боқиро ба қазовати хонанда ҳавола менамоем.

Айни ҳамин матлабро аз саҳифаи фейсбукии С. Мирзораҳматов дар “Фараж” низ мехонем. Ҳамзамон, дар як матлаби дигар “Фараж” таҳти унвони “Таърих Кабириро намебахшад” (муаллиф Машраби Абдуллоҳ) менависад: “Инак бинобар таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон боз ҳамон зӯроварони нобакору мардумфиреб эъломияеро интишор доданд. Ин неруҳои мухолифи дар хориҷи кишвар паноҳбурда, зарурати иттиҳодро дар мубориза алайҳи Ҳукумати мамлакат муаррифӣ карданд. Онҳо иддао доранд, ки минбаъд ҳадафҳои миллиро дунболагирӣ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби террористии наҳзати исломӣ ҳеч вақт дунболи ҳадафҳои миллӣ нарафтааст ва нахоҳад рафт.”

Дар ҳамин шумораи худ “Фараж” як матлаби дигареро бо номи “Кабирӣ: Парлумони Тоҷикистон зидди истиқлолият буд” ба чоп додааст, ки ба қалами Парвизи Мирзо тааллуқ дорад.

Инчунин, аз саҳифаҳои инҳафтаинаи “Фараж” мақолаҳои “Аз демократия фоҳиша насозед!” (муаллиф: Раҷаби Мирзо), “Демократе аз мактаби Шӯравӣ” (гурӯҳи муаллифон дар бораи шахсияти Иброҳим Усмонов), “27 ваъда дар 27 соли Истиқлол” (муаллиф Исмоил Зарифӣ), “Бохтар: Номи калону шаҳри вайрон” (муаллиф Раҳмоналӣ Додархӯҷаев) ва ғайраро метавон мутолиа намуд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” “Занталоқи Кабирӣ ва пайомади он ба мардуми Аврупо ва Осиё” –ро, ки ба қалами хабарнигораш А. Аҳмадзода тааллуқ дорад, сармақола қарор додааст. Ин мусоҳибаи хабарнигор бо Мулло Абдураҳим, муовини собиқи раиси ҲНИ баъди нишасти САҲА сурат гирифтааст.

Мулло Абдураҳим дар посух ба пурсиши хабарнигор дар мавриди ҳамон видеои таърихӣ, ки дар поёни рӯзи аввали нишасти САҲА домулло Айёмиддин бо Кабирӣ суҳбат мекарду сипас он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, мегӯяд:

-Ӯ (Кабирӣ – шарҳи муаллиф) мегуфт, ки мо адолат дорем. Мо як ҳизби демократӣ ҳастем. Дар замони Нурӣ мана Мулло Абдураҳим аз ҳизб рафт, ҳизб кам нашуд. Ҳоло шумо ҳам аз ҳизб рафтед, ки зараре надорад. Ин аз шумо вобаста аст. Айёмиддин ба ӯ мегуфт, ки чаро мардумро дар инчо ҷамъ мекунед, ҷавоб диҳед, ба ватанашон раванду аз паси зиндагияшон шаванд. Баъд ман ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, гуфтам, ки ҳизби шумо террористӣ аст ва чанд далелро ба ӯ пеш овардам. Ӯ бошад, боз ҳамон афсонаҳои худро такрор мекард. Ана мебинед, онҳо номи ҳизбашонро ҳам дигар мекунанд, вале ин ҳизб ҳамон ҳизб аст, ки дар замони Нурию Ҳимматзода буд.

Дар матолиби дигари “Тоҷикистон” мехонем: “Восток 2018. Паёми қудрати Маскав, ё даст ба даст бо Чин?”, “Як моҳ мӯҳлат! Ҳушдори Президент ба мансабдорони Бадахшон”, “Табобатхонаи бесарусомон макони магасу пашша ва ифлосӣ”, “Рекорди Бобоҷон Ғафуров. Дар суғд 2180 оила барҳам хӯрду 1538 кӯдак нимятим монд”, “Байтори муъҷизакор” (Дар бораи шахсият ва зиндагиву фаъолияти ходими давлатӣ Ғайбулло Афзалов) ва ғ.

Озодагон” аз номи бар фарози Кохи миллат доштаи сиёсатмадори марҳум Тоҳири Абдуҷаббор ёдовар шудааст. Муаллифи нигошта Салими Аюбзод дар эпилоги матлаби худ меорад: “Тоҳири Абдуҷаббор орзу ва талоше надошт, ки раҳбар ё пешво шавад. Худаш мегуфт, “вақте пешвоён ба миён меоянд, мардум аз байн меравад.” Аммо “бачаҳои “Рӯ ба рӯ” ба як пой истоданд, ки устод Тоҳир раёсати ”Растохез” – ро бар дӯш бигирад. Онҳо мегуфтанд, омодаанд, ба зону бинишинанд ва илтиҷо кунанд. Ҷойи заъфи ӯро медонистанд. Ӯ, ки тоби дидани ранҷурии шариконашро надошт, онҳоро ором кард ва ризоият дод”.

Ҳамчунин, ҳафтаномаи “Озодагон” изҳороти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба дасти чоп супоридааст. Ба навиштаи нашрия, “Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ҲНИ ва дигар мухолифони кунунии ҳукумати ин кишвар минбар додани САҲА – ро  “дастгирии бешарафона” ва худи ин созмонро “созмони бемавқеъ ва дурӯя” номида, хостааст, ки Тоҷикистон узвияташ дар ин созмонро боздорад”.

Матолиби дигари ҷолиби таваҷҷӯҳи “Озодагон” инҳоянд: “Диссернет: Декани донишгоҳи славянӣ Русияро Тоҷикистон менавишт”, “Зери косаи нимкосаи раиси “Умед – 88” чӣ нимкосаест?”, “Тағйирот дар ВМКБ: Танҳо раиси вилоят монд”, “Мирсаидов хостгори бегуноҳӣ ва сафедшавии худ шуд” , “Биноҳои нимсохти Душанбе ва зиндагӣ дар вайронаҳои хатарнок”…

Ҳафтаномаи русии “Азия плюс” сабади истеъмолии мардумро ба риштаи таҳлил ва баррасӣ кашидааст. Дар сармақолаи инҳафтаинаи нашрияи мазкур таҳти унвони “Дар як рӯз ним тухм ва се нон” бо ёдоварӣ аз қарори Ҳукумати кишвар (дар охири моҳи августи соли 2018) дар мавриди меъёрҳои физиологии маҳсулоти асосии ғизо ба дӯши аҳолӣ менависад. Ба таҳлили коршиносони нашрия агар меъёри мазкурро бо пул баркашем, чунин бармеояд, ки нафақахӯрон, донишҷӯён ва қишри асосии аҳолии қобили меҳнати кишвар ҳатто ба ғизои расосии рӯзмарра дастрасӣ надоранд.

Мушкилоти дигари рӯзмаррае, ки “Азия плюс” пайгирӣ намудааст: “Қимати оби нӯшокӣ тақрибан се маротиба боло рафт”, “78 сомонӣ барои маълумотномаи тиббӣ. Мо барои чӣ пардохт менамоем?”, “Ӯ мактаби одамият, бовиҷдонӣ ва меҳнатқаринии худро дошт” (Дар бораи шахсият ва фаъолияти омӯзгор ва олими тоҷик Зиёратшоҳ Акобиров), “Ва тайёраҳо парвоз мекунанд. Об мешаванд, об мешаванд дар  абрпораҳо…”.

 

Previous article70 баҳори Иброҳим Усмонов
Next articleФалсафаи мурғ ва ҳиҷобҳои парчамӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here