10 – умин солгарди интишори рӯзномаи “СССР” -ро ба кулли хонандагон ва ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯем.
Устуворӣ ва собитқадамӣ ва талоши ҳамешагӣ барои тавлиди як рӯзномаи ҷолиб, ки қобили эътимоди ҳазорҳо хонандагон дар саросари кишвар шудааст, кори саҳлу содае нест.
Он ҳам дар замонае ки интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда рӯ ба рӯ шудааст, вале бо таваҷҷӯҳи он ки тими кории ҳирфаӣ дар ҳайати идорӣ ва эҷодии ин нашрия даст ба кор ҳастанд, умедворем, даҳсолаҳои дигар пештоз хоҳад монд.
Рӯзномае, ки ҳам бо таъми газандаи интиқодот ва ҳам шаҳди ширини муаррифӣ ва шиносондани зебоиҳо ва ҷозибаҳои табиӣ, таърихӣ, мазҳабӣ ва миллии тавонмандиҳои Тоҷикисттони азизро дар коми хонандагони худ мечаконад ва ҳамроҳ бо ғамҳо ва шодиҳои мардумони ин марзу бум, ба мухотибон хеш иттилоърасонӣ мекунад.
Итминон дорам, дар пушти ин сахткӯшӣ, дилҳои ошиқе қарор доранд, ки барои сарбаландии Тоҷикистон метапанд ва сахтиҳои кори расонанигорӣ ва рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистонро таҳаммул мекунанд.
Барои ҳамаи шумо дар фарҳи ин ҳаракати фарҳангӣ орзуи муваффақият ва пирӯзӣ ва сарбаландӣ дорам.