Журналист ва раҳбари «Маҳфили ҳозирҷавобон» -и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, ки бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба озодӣ баромад.
Додгоҳи зинаи дуюм – Додгоҳи вилояти Суғд рўзи 22 август Мирсаидовро пас аз 9 моҳи боздошт аз маҳбас раҳо кард, вале мавсуфро ба пардохти ҷарима ва корҳои ислоҳотӣ вазифадор намуд.
Худи Хайрулло Мирсаидов баъди раҳоияш дар ҳузури ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки «бо вуҷуди он ки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, вале суд то ҳол маро гунаҳгор мешуморад» ва афзуд: «ман ба ин ҳукми ғайримунсифона розӣ нестам, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарем ва то охир адолатро барқарор мекунем».
Дар идома журналисти тоҷик изҳор дошт, ки «чунин лаҳзаҳои озодиро кайҳо боз интизор буд, ҳарчанд ба ростӣ гуфта наметавонистам, ки ба озодӣ мебароям ё намебароям. Вале ҳама мегуфтанд, ки талошҳое зиёде аз ҳама тараф барои озодии ман буд. Ҳатто инро додситону додрас ҳам гуфтанд. Худи ман аз аввал бовар доштам, ки ҳақ ҳастам. Ман пеш аз ҳама ба қонунҳои Тоҷикистон бовар доштам… Ҳамааш бо кўмаку дастгирии хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ шуд, ки ман аз ҳамаатон миннатдорам».
Дар мавриди инки оё ў дигарбора фаъолияташро дар «Маҳфили ҳозирҷавобон» идома медиҳад ё хайр, Хайрулло Мирсаидов посух дод, ки: «Фикр мекунам, КВН тамом шудааст. Чунки бачаҳо чаҳор сол бе маошу туҳфа ва ҳақмузд танҳо ба хотири муаррифии кишвару миллат дар хориҷа баромад карданд, заҳмат кашиданд. Вале дар пайи қазияи ман онҳо низ ба бозпурсӣ даъват шуданд ва рӯзҳои хубе надоштанд. Худатон тасаввур кунед, баъди ин ҳодисаҳо ман ба наздашон рафта гӯям, ки бачаҳо КВН мекунем, онҳо розӣ мешаванд? Чӣ хоҳанд гуфт?” Вале посухи вай дар мавриди бозгашташ ба журналистика қатъитар буд: «Боздошту ҳукми додгоҳ маро аз корам, бахусус ифшои мавридҳои фасоди молӣ бознамедоранд. Ифшои фасодкорӣ вазифаи ҳар як хабарнигор аст. Ман ба кори журналистиам идома хоҳам дод».
Ёдовар мешавем, ки Хайрулло Мирсаидов аввали моҳи декабри соли гузашта боздошт гардид. Додситонии Суғд се рӯз баъди боздошти Мирсаидов – рӯзи 8 декабри соли 2017 гуфт, ки дар нисбати ӯ мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, “Г”), “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” (340) ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба дунболи ин созмонҳои журналистӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ қазияи Мирсаидовро сиёсӣ хонданд ва изҳор доштанд, ки агар ду модда (моддаҳои 189 ва 346) аз парвандаи Мирсаидов бекор шавад, пас қазияи ӯ дигар орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ мешавад. Билохира Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл ҳукми Хайрулло Мирсаидовро содир кард. Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми “азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ” “сохтакории ҳуҷҷатҳо”, “пахш кардани маълумоти бардурӯғ” дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.
Вакилони дифои ӯ ин ҳукмро «ғайримунсифона» ва «хеле сангин» номиданд ва рӯзи 18 июл ба додгоҳ аризаи кассатсионӣ карда, бозбинии онро тақозо намуданд. Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад. Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд.
Қабл аз ин, созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқ бо пахши изҳорот аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ талаб намуданд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шудааст, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Хуҷанд, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад.
Аз ҷумла, дар изҳороти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ки рўзи 13 июли соли 2018 пахш шуд, омадааст:
“Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба таъини ҷазои сангин, ба 12 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов изҳор медорад.
Қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки дар асл ба баҳсҳои молӣ ва дар пайи он ба кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти болоӣ ба зуҳуроти тамаъҷӯёнаи коррупсионӣ дар мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ дахл дошт, тасаввуре ба бор меоварад, ки дар ҷараёни тафтишот ва минбаъд мурофиаи судӣ, тобиши як навъ ниқоргирӣ ва муҷозот барои ифодаи ақидаи шахсиро пайдо карда бошад.”
Ба 12 соли зиндон маҳкум шудани Хайрулло Мирсидов, мавҷи интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башарро дар дохил ва хориҷи кишвар дар пай дошт. Дар таърихи 13 август, дар баёнияе, ки аз тарафи 12 созмони ҳуқуқи башар мунташир шуд, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ хостори озодии рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов шуданд.
Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи с.2018.