Шарҳи нашрияҳои Тоҷикистон. 08. 08. 2018.

Рӯзномаи «Имрӯзнюс» қазияи пурпечутоби террори сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро дар сархатти нашр қарор дода, ин ҳамларо кори дасти русҳову эрониҳо арзёбӣ кардааст. Ба бовари муаллифи «Имрӯз нюс» Бахтиёр Раҳимов – корманди илмии шуъбаи ҷомеашиносии Академияи илмҳои ҶТ «ҳамла ба сайёҳон аз Русия маблағгузориву аз Эрон идора мешуд», «аммо коршиносони ғайриҳирфаии рус ин воқеиятро намебинанд, ё намехоҳанд қабул кунанд».

Силсиламақола таҳти унвони «Шуҷоате, ки Шӯравиро такон дод» («Имрӯз нюс») ба қалами адибон Наҷмиддини Шоҳинбод ва Олег Буличев тааллуқ дошта аз қаҳрамониҳои собиқ раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов қисса мекунад, ки тайи чанд соли охир ба туфайли авбошиву худсариҳои фарзандонаш дар сархатти расонаҳо қарор дошт. Бахусус, қазияи судбозияш маҳз бо ҳамин «Имрӯз нюс», ки билохира ғолиб омадаву рӯзномаро ҷаримаи молӣ баст, дар ёди хонандагон сахт нақш бастааст. Вале инҷо рӯзнома менависад, ки «Амонуллоҳ Ҳукумов ҳанӯз 59 сол пеш қаҳрамон ва сарҳарфи матбуот буд.» Қаҳрамониҳои Ҳукумов аз чӣ иборат буданд, худатон аз «Имрӯз нюс» ҷӯеду хонед!

Ҳафтаномаи «СССР» низ ба таҳлили куштори ваҳшиёнаи сайёҳон дар Данғара пардохта суол гузоштааст: «Террори Данғараро кӣ кард: Давлати исломӣ ё наҳзати исломӣ?». Вале то охири матлаб СССР суоли гузоштаашро боз мегузорад: «Масъули ин террор кист, албатта, тафтишот мушаххасан муайян хоҳад кард. Аммо тамомии мардуми Тоҷикистон ин террорро маҳкум ва ба дастандаркорони он лаънат мефиристанд.»

Сардабири ҳафтанома Сайёфи Мизроб дар матлабе зери унвони «Зиндон ва таблиғ» менависад: «Сухан сари таблиғ аст. Наполеон дар соли 1803 муаммоеро дарк кард, ким о дар соли 2018 дарк накардаем. Ин шабу рӯз бо дору расану зиндон пеши роҳи экстремизмро гирифтан муҳол аст. Ваисботи ин гуфтаҳо Вело-террори 29 июл шуд. Ба чашми худ хок мепошидем, ки «ҳама садай!» ко кашфу ҳабси чанд бечораву бекорае, ки бар кадом хитобае «лайк» гузоштаанд, гумон бурдем, террору экстремизмро решакан намудаем. Аммо 29.07.18 тамомии аргументу факт – далелу иттилоъияи дурӯғини моро собит сохт. На-та-во-нис-тем!»

Дар идома муаллиф усули истифодаи мақомоти қудратӣ аз «фабрикаи ҷавоб» -ро тумтароқу камтаъсир шуморида, чанд «чӣ бояд кард?» ва роҳҳои пешгирӣ аз террору таъсиргузории ақидавиро пешниҳод менамояд. Ва дар охири матлаб хулоса мекунад: «Ман усулан аз «панду насиҳат» -и масъулин, ки кори ҷонияшонро намедонанд, даст кашидаам. Вале виждонам нагузошт, ки баъди Вело-террори ахирӣ, ки имиҷи давлатамонро хатчадор кард, хомӯш нишинам…»

Дар ҳамин ҳол, вобаста ба мавзӯи террор коршиноси «Азия плюс» бар ин назар аст, ки «таблиғгарони ДИ метавонанд дар чанд соат ба худ моил созанд».Мусоҳиби ҳафтанома Рустам Азизӣ ба суоли хабарнигор Меҳрангез Турсунзода дар мавриди «чӣ гуна мешавад, ки инсон дар байни чанд соат ба доми таблиғгарон меафтад», мегӯяд:

– … «Ба ҷавонон посухи сабук ба пурсишҳои душвор маъқул аст. Масалан, «Чаро ҳамааш ба даст? Зеро баъзе одамони баде мавҷуданд, ки аз барои онҳо ҳамааш ба даст. Агар ин одамони бад аз байн раванд, ҳамааш хуб мешавад». Ҳамеша гунаҳгорон ҳастанд ва одамони хуб ҳам. Чунин суолҳои содда посухҳои хаёлпарастона хеле осонакак қурбониёнашонро пайдо мекунанд».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар бозгашт ба мавзуъҳои қаблан матраҳнамудааш сари баҳсҳои иқтисодии молиявӣ таҳти унвони «Фолбинӣ дар бонкдорӣ» -ро ба табъ расондааст. Муаллифи матлаб Далер Мерганов дар асоси изҳороти матбуотии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, ки гуфтааст: «- Мо пешгӯии баъзе коршиносонро дар робита ба дурнамои қурби асъори миллӣ ва дигар масъалаҳои ба низоми бонкдорӣ дахлдошта қабул надорем.»,   хулосаи Шариф Раҳимзода (раиси собиқи БМТ) ва пешгӯии коршиносонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Ба итминони муаллифи матлаб: «Воқеан ҳам боиси нигаронӣ аст, вақте «коршинос»-и аз нозукиҳои иқтисодиёт ва низоми бонкӣ бехабар дар такя ба суханони «занакои лаби об» хулосабарорӣ менамояд. Шояд намедонад, ки низоми бонкӣ махсусиятҳои худро дошта, «фолбинӣ», руҷӯи лирикӣ ва бадеият роиҷ нест.»

Ҳамчунин, дар ҳамин шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сафардидаҳои Одили Нозир: «Карон – кашфи бузурги асри 21: Шаҳри калон ё қаровулхонаи вайрон, маъбади зардуштӣ ё масҷиди исломӣ» хонданист. Муаллиф бо мушоҳидаҳои ҷолиб ва масъалагузориҳои воқеӣ  вазъи ногувори ин осорхонаи эҳёшударо зимни суҳбат бо таърихшиноси тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубов ба миён гузоштааст.

«Озодагон» аз иҷозаи сафар ба хориҷи кишвар наёфтани духтари 10 –солаи Шабнам Худойдодова – як фаъоли иҷтимоӣ, ки ду сол қабл бо дархости Тоҷикистон дар марзи Белорус ба ҷурми пайвандӣ доштанаш ба гурӯҳи мамнуи 24 боздошт намуда буданду ҳоло дар Аврупо паноҳ мебарад, хабар додааст. Ба иттилои ҳафтанома, вобаста ба қазияи мазкур ҳафт созмони ҷаҳонии мудофеи ҳуқуқи инсон рӯзи 7 август бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз сарнавишти Фотима Давлатова – духтари Шабнам Худойдодова изҳори нигаронӣ кардаанд. Ин созмонҳо бо пахши изҳороте аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки бигузорад, то духтари Шабнам Худойдодова ба назди модараш биравад.

Мусоҳибаи журналист Раҷаби Мирзо бо Ҳафизулло Тоҳирӣ, ки дар ҳафтаномаи «Фараж» ба нашр расидааст, хонданиву ҷолиб аст ва бо чанд ҷанбаъ ва паҳлуҳои жанрияш ҷолибу хонданист. Аввалан, бандубасти мавзӯӣ, дуюм, чеҳракушоӣ, ки хоси сабки худи Раҷаб аст, сеюм, муъҷаз будани пурсишу посух, дигар, то андозае «фошгӯии дипломатона», ки низ хоси ӯст ва  билохира, аз ҷониби мусоҳиб ошкор намудани ҳикмати сигоркашиҳои ҳамсуҳбаташ аст, ки бар хилофи ҳама сигоркашон аз одати бади сигоркашияш ва вобастагӣ доштанаш ба он ҳазар намекунад. Ҳарчанд ин мусоҳибаи бузургҳаҷм бар хилофи принсипҳои Раҷаб тарҷумаиҳолист, ва яқинан, ба мелоди 45-уми умраш мувофиқ афтодааст, вале масоили зиёди журналистика ва иҷтимоиро матраҳ кардааст.

Ба гунаи намунае аз хирвор инҷо чанд тезисро аз гуфтаҳои ӯ меоварем:

*Журналистикаи боэътимод барои ҳамеша боқӣ мемонад. Аммо онҳое, ки журналистикаро танҳо барои рӯзгузаронии худу оилаи худ истифода кардан мехоҳанд, умри тӯлонӣ надоранд.

*Мушкилтарин масъала дар назди журналистикаи тоҷик камбуди менеҷменти ВАо ё бозорёбии он аст, ки бархе аз журналистони ҳатто касбиямонро ба душворӣ ё ҳолатҳое рӯбарӯ кардааст, ки аслан ба тавонмандиву касбияти эшон кор намегирад. Бархе инро ҷавонмардона қоиланд. Бархеи дигар шантажу ба зӯр бор кардани нашрияҳояшонро ба ин ё он корхонаву идора низ бозорёбӣ унвон мекунанду сурх намешаванд…

* Ҳоло дунё тағйир кардааст. Пас, агар чизе ба озодии матбуот халал расонад, фикр мекунам, баднафсиву ғаразолудагии он аст.

*Худамро намебахшам, ки барои пайдоиши чанд «журналист» мусоидат кардаам!

*Аслан нафкйсбук на чизи дигар моро набояд ҷое барад. Ин моем, ки бояд онро думболи худ барем.

* … Баҳонае барои навиштан дар матбуоти фаъол надорам. Бубинед, нашрияҳо ҳоло на ҳаққи қалами хуб доранд, на аудиторияи бузург. Пас, барои чӣ ё кӣ нависам? Фейсбук, агарчӣ манфиати молӣ надорад, аммо капитали хуби иҷтимоӣ дошта метавонад.

*Шахсан ман аз беимонӣ ва беимонон метарсам.

*Мушкилоти аслии ман замоне бештар шуд, ки маро акнун мешинохтанд…

 

Previous article…Обруи Точикистонро боло бурдам, ба чои мукофот маро зиндон карданд
Next articleКабирӣ, ҳарчӣ гӯед, ман ҳам ҳамту!!!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here