Бо огоз ёфтани нишастхои матбуотии вазорату идорахои давлати сахифахои матбуоти Точикистон дар ин хафта рангину пурбортар ба назар мерасанд.  Нашрияи расмии Чумхурии Точикистон – рузномаи «Чумхурият» низ дар баробари ба табъ расондани гузоришхои кутох аз рафти нишастхои матбуотии ниходхои давлатии кишвар дар матлабе тахти унвони «Каъбаи маъни» мулокоти Пешвои миллат бо намояндагони чомеаи кишварро ба риштаи тахлил кашида, аз гироиши чавонону наврасон тавассути шабакахои ичтимои ба  хизбу харакатхои ифротгарову иртичои накухиш ва изхори таассуф намудааст. Муаллифи матлаб дотсенти ДДХ ба ном Бобочон Гафуров Мусо Олимчонов хушдор медихад, ки «гурухе аз душманон, ки шикамашон бо нони хочахои хоричи сер аст, бо хар роху восита мехоханд, шабакахои интернетиро ба манфиати худ, махсусан, вайрон кардани тафаккури чавонону наврасон истифода намоянд. Вале акли солими падару модарон бояд голиб ояду фарзандони худро зери назорат дошта бошанд. Бахусус, дар ин шабу руз, ки наврасони мактабхони мо ба таътил баромадаанд, волидайнро зарур аст, фарзандони худро ба корхои манфиатбор ва тахкими шуурашон равона намоянд».

«Фараж» – нашрияи Маркази тадкикоти журналистии Точикистон аз найрангхои Кабири дар Дортмунди Олмон менависад. Муаллифи макола Файзулло Исмоилиён аз шахри Дортмунд ба хафтанома маколае ирсол намуда, зимнан хамчун шохиди хол нигоштааст, ки «Чанд руз пеш ТТЭ ХНИ намояндагони гуруххои мухталифро дар шахри Дортмунди Олмон гирд оварда, рохбари «ватандусту механпараст» -и ин хизб Кабири мисли вазъгуихои хаммаслакони худ, ки ба мардуми ба доми фиреб кашидашудаи майдони «Шахидон» баромадхо меоростанд, ба афсун намудани чамъомадагон пардохта, нисбати Пешвои муаззами миллат, ки ба туфайли махз чонбозихову кушишхои пайвастаи эшон дар ин сарзамини ачдодии аз чониби пайравони ТТЭ ХНИ ба хун огушташудаи ибтидои солхои 90 –уми асри 20 сулху вахдат пойдор гардид, ба суханпардозии ночавонмардона гузашта, нисбати Президенти мамлакат ва наздикону пайвандонашон тухматхо намуд».

Пас аз он ки муаллиф аз гузаштхои бамаротиби Хукумат нисбати ХНИТ ва раиси он, хамчунин, пайваста ба чинояткорихо идома бахшидани аъзои ХНИТ ёдовар мешавад, дар хотима бо итминон иброз медорад, ки: «Имруз Кабири ва пайравони у дар хоричи кишвар хоми мечуянд, барои дарёфти гранту маблагхои хангуфт ва расидан ба хадафхои зишти худ аз гуфтани хар гуна газофу тухмат ва тахкири беасоси шахсиятхои маъруф ва махбуби Точикистон руй намегардонанд… Вале халки точикро дигар бо харфхои пучу беасос ва подархаво фиреб карда намешавад…»

Рузномаи парлумонии «Садои мардум» дар шархи конуни нави Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи маълумоти шахси» бо яке аз муаллифони он, раиси Комиссияи МН оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Азизмухаммади Холмухаммадзода мусохиба оростааст. Ба кавли мусохиби хабарнигори «Садои мардум», «ин конун дар тачрибаи Точикистони сохибистиклол санади меъёрии хукукии нав буда, асосхои хукуки ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба чамъовари, коркард, нигохдори ва хифзи маълумоти шахси муайян ва муносибатхои чамъиятиро вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумоти шахси танзим менамояд.» Ба бовари вакил, минбаъд хифзи маълумоти шахсиро давлат кафолат медихад.

«Минбари халк» ба муносибати дуввумин солгарди кушиши табаддулоти давлати дар Туркия, ки 15 июли соли 2016 сурат гирифта буд, аз чараёни нишасти матбуотии сафири Туркия дар Точикистон чаноби Али Рафъат Коксал гузориши муфассал нашр намудааст. Тавре сафир дар мавриди саркардаи табаддулотчиён, ки Фатхулло Гюлен арзёби карда мешавад, гуфтааст, «Орзуи Гюлен барои ба даст овардани хокимият ва мувофики акидахои динии фосиконаи худ ташкил кардани он пеш аз табаддулот маълум буд. У давоми солхои дароз ба пайравони худ амр медод, ки дар муассисахои мухимми давлати, ба монанди артиш, амният ва суд таъсир ва нуфуз пайдо намоянд. Пайравони Гюлен мисоли барчастаи ифротгароии инсони дар партави шахспарасти мебошанд. Онхо Гюленро «Масех» шуморида, танхо нисбати изхори садокат менамоянд, аз ин сабаб ба хотири манфиатхои гурухи худро ба хеч як конуни ахлоки вобаста намедонанд…»

Дар охири гузориш сафири Туркия аз Хукумати Точикистон изхори миннатдори намуда, ки «дар он рузхои барои Туркия душвор дар пахлуи он карор дошт ва дар сохаи амнияти ва дигар сохахо равобит миёни кишвархои мо шоёни тахсин буд.»

Дар хамин шумораи «Садои мардум» зери сарлавхаи «Булбулхола» аз сахлангори, бемасъулияти, мушкилот ва хатонависи хангоми номгузори сухан меравад. Зимни андешарони перомуни Дастурномаи нави номгузори муаллиф аз масъулини Кумитаи забон ва истилохоти назди Хукумати ЧТ хостааст, ки ба ин хама нобасомонихо хотима диханд.

Хафтаномаи мустакили «Озодагон» дустии Точикистону Русияро аз руи назарсанчии чомеашиносони рус ба риштаи тахлил кашида, суол хам гузоштааст, ки он ишки яктарафа аст, ё дучониба? Дар ин назарсанчи зери унвони «Дуст ва душманони Русия» Точикистон миёни кишвархои пасошурави чои 12 –ро касб намудааст. Ва нигаронии «Озодагон» низ сари хамин нуктаи мухим аст, ки модоме Точикистону Русия хамдигарро шарикони стратеги эълон кардаанд, оё чунин мавкеъ сазовори бовари ва итминони байнихамдигари буда метавонад?

Дар катори маводхои чолиби дигари ин хафтанома метавон идомаи андешахои олими точик Лукмон Бойматовро тахти унвони «Мо миллатем, ки нахуст месозем, сипас фикр мекунем, баъд месузем» мутолиа намуд.

Хафтаномаи русии «Азия плюс» бошад, мушкилоти дастрас нагардидани гази узбеки барои ахолиро ба маърази тахлил кашидааст. Муаллифи макола Пайрав Чоршанбиев бо нигарони аз суханони раиси «Точиктрансгаз»   Ш. Шоимзода таассуф мехурад, ки гази узбеки тибки шартномаи тарафайн бо чониби Узбекистон танхо ба он муассисаву идорахое интикол дода мешавад, ки агар тавони пешпардохт дошта бошанд. Аз ин ру, «бо газ таъмин намудани ахоли мушкилоти халношуда боки мемонад, зеро ахоли имкони пешпардохт надорад. Таъмини мардум бо гази узбеки танхо дар хамон сурат даст медихад, ки агар ахолии махаллахои алохида дастачамъона маблагро пешаки чамъ карда супоранд», – мутмаин аст раис.

«СССР» аз такдири арусакони рус дар Точикистон менависад. Ба нигоштаи хафтанома дар чараёни чахонишави дар баробари он ки точикон бо намояндагони миллатхои гуногуни сайёра издивоч менамоянд, духтарони рус низ чавонписарони точикро меписанданд, ба онхо ошик мешаванд ва бо онхо хонадор шуда, зиндаги кардан дар Точикистонро кабул мекунанд. Ва мухимтар аз хама, онхо чунин мешуморанд, ки «Точикон номард нестанд».

Previous articleИзҳороти Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
Next article…Обруи Точикистонро боло бурдам, ба чои мукофот маро зиндон карданд
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here