Шарҳи матбуоти Тоҷикистон – 22 июни соли 2018.

Рузномаи парлумонии «Садои мардум» аз чараёни Ичлосияи чоруми Мачлиси намояндагон масъалаи усулҳои барҳамдихии ташкилотҳои карзиро, ки мавриди муҳокимаи вакилон карор гирифтааст, гузориш додааст. Мавзуи мазкур, ки феълан ба мушкилоти умдаи ташкилотҳои карзи табдил ёфта, чустучуи роҳи халли масъала, ҳамчунин чи бояд кард, то мизочони бонкҳо маблагҳояшонро бе мамониат бозпас бигиранд, суоли мехвариест, ки бояд масъулин ва макомоти конунбарор харчи зудтар сари он майна об кунанд.

Нуктаи чолиб дар гузориши гузоришгарон боз ҳам эроди раиси парлумон Шукурчон Зуҳуров аст, ки аз вакилон мепурсад: Мардум, яъне амонатгузорону пасандозгузоштагон сараввал мехоҳанд маблагҳояшон ба онҳо пардохт карда шавад. Маблаги бо карори парламент чудогардида бошад, барои пардохти амонатҳои мардум нарасид. Минбаъд роҳи ҳалли масъаларо аз кучо чуё шавем?

Чун раиси парлумон ба ин пурсиши худ посухи мукаммалу сазовор намегирад, дубора зикр менамояд, ки “Хама чиз меъёр ва муҳлат дорад. Дар ин хусус муддати зиёд аст, ки сухан мегуем, вале Хукумат, Бонки милли, бонкхои мушкилдор натавонистанд то хол барномаи мушаххас пешниход намоянд… Он чиро ба бояд таъкид намуд, ки дар бонкхо системаи дурусти карздихиро риоя накарданд, хатару окибатхои баамаломадаро пешгуи карда натавонистанд.

Рузе мешавад, ки Сарвари давлат ба ин масъала бармегарданд ва шахсони мутасадди чазои сазовор мегиранд…”

Рузномаи “Чумхурият” бошад, дар шуморахои инхафтаинаи худ аз маросими Конфаронси байналмилалии сатхи баланд оид ба Дахсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солхои 2018 – 2028” гузоришои мукаммал дода, менависад, ки Точикистон бо ташаббусхои хамешагияш боз хам дар мехвари таваччухи чомеаи чахони карор гирифтааст. Ба кавли гузоришгари рузнома С. Азизи, “азбаски захирахои оби дар кишвархои чахон баробар таксим нашудаанд,мушкилоти норасоии ин неъмати бебахо дар чахон кайхо боз чиддан эхсос мешаванд. Аммо тайи чанд дахсолаи охир инсоният ба тахдиди нави глобали – тагйирёбии иклими сайёра ва бар асари он афзоиши офатхои табиии обхези, биёбоншави, тарма обшавии пиряххо, норасоии об ва хуручи беморихои сирояткунанда дучор гардид. Чомеаи чахон аз хамоиши байналмилалии сатхи баланди Душанбе халли мусолиматомезу одилонаи хамин мушкилоти чамъшударо интизорихо дорад. ”

Дар ин моваро, “Имруз нюс” низ дар доираи баргузории конфаронси байналмилалии об бо Вук Жугич – сафир ва хамохангсози фаъолияти иктисоди ва экологии Созмони амният ва хамкори дар Аврупо сухбат анчом додааст. Мусохиби “Имруз нюс” бар ин аст, ки об дар баробари он ки сарчашмаи хамкорихо гардад, хамзамон метавонад низоъхоро ба вучуд орад. Вук Жугич аз он изхори хушнуди менамояд, ки САХА дар раванди конфаронси байналмилалии бо ташаббуси Душанбе баргузоршаванда натанхо ширкат меварзад, балки тасмим дорад, худи хамин сол конфаронси васеътареро дар якчояги бо Комиссияи иктисодии Аврупои СММ доир ва дар халли мушкилоти норасоии об мусоидат намояд.

Рузномаи хукуматии русизабон – “Народная газета” аз тагйироти кабулгардида ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ворид гардидани тагйироту иловахо ба Кодеси чиноятии ЧТ” хабар расонда, иттилоъ додааст, ки минбаъд тибки тагйироти аз чониби вакилон кабулгардида ашхоси порахур ва тамаъчу барои чинояти содирнамудаашон бо чарима аз чавобгари озод нагардида, балки гунохашонро дар махбас хоханд “шуст”.

Минбари халк” зимни пешниходи як матлаб аз талошхои фошшудаи Хизби фаъолияташ дар Точикистон мамнуи нахзат гуфта, дар таквияти андешахои муаллифи матлаб суханони вазири корхои хоричаи Хиндустонро дар конфаронси байналмилалии Душанбе оид ба терроризм хамчун “мисоли равшан” –и хадафхои мугризонаи ин ташкилоти террористи овардааст: “Терроризм дар чомеа чун як вируси сирояти бар мафкураи инсоният хатар дошта, муборизаи шадидро такозо менамояд. Точикистон дар ин рох муваффакона мубориза бурда, галаба кард ва мавчи терроризмро бархам дод”.

Хафтаномаи “Фараж” дар як мусохиба бо шоир ва донишманди точики мукими Самарканд Хаёт Неъмат перомуни падидахои сиёсии ахир дар чомеа,атрофи омилхои пахншавии терроризму экстремизм, накши дин дар тахаввулоти шахсияти инсон, роху усулхои магзшуи, таъсири он ба афкору андешаи кудакон изхори назари чолиб кардааст.

Нигаронии ИМА аз озодии дину баён ва фишор бар расонахо дар Точикистон, инчунин, берун рафтани Амрико аз БАРЧОМ, оташбаси Толибону Хукумати Афгонистон ва нигаронихои ахири ин кишвар аз мавзуоти гуногуне дар кишвари мо зимни як мусохибаи ихтисосии сардабири хафтаномаи “Озодагон” Иршод Сулаймони бо кордори сафорати ИМА дар Душанбе Кевин Коверт ба риштаи тахлилу барраси кашида шудааст.

Дар зимн назари Кевин Ковертро меорем:

-ИМА имруз аз зиёд шудани фишорхо дар баробари рузноманигорону расонахо, хусусан, рузномахои мустакил нигарон аст. Мо медонем, ки шуморе аз расонахои мустакил тахти фишори сахт карор доранд ва бархе аз онхо мачбур шуданд, фаъолияти худро катъ кунанд. Аз суи дигар, торафт мухити фаъолияти чомеаи шахрванди тангтар мешавад. Дар ин хусус мо мавкеи худро хам аз тарики гузоришоти оммави, ки Шумо ёдрас шудед, хам дар сухбатхои руёруии худ бо намояндахои Хукумати Точикистон болои миз мегузорем.

ОЗОДАГОН: Ичоза бидихед, инчо як суоли дигар матрах кунам: Шумо пештар гуфтед, ки дар равобити мо бо Точикистон дипломусии эътимоди вучуд дорад ва тарафхо ба хамдигар эътимод доранд. Аммо холо мегуед, ки аз бад шудани озодии баён, махдуд шудани фаъолиятхои чомеаи шахрванди нигаронед. Мантикан, дар муддати бештар аз 25 соле, ки ИМА бо Точикистон хамкори дорад ва барои ин бахшхо ёрихову талошхо кард, бояд бехтар мешуд. Ввале аз сухбати Шумо маълум мешавад, ки вазъ ба хуби неву ба кафо тагйир кардааст. Фикр мекунед, сабаби асли чист?

КЕВИН КОБЕРТ: Каблтар аз хама инро бигуям, ки куллан бо Шумо рози хастам. Ин гуна корхо дар як руз анчом намеёбанд, осон нестанд. Аз суи дигар, мо хеле хуб дарк мекунем, ки Точикистон як кишвари чавон аст. Дар ин чо муносибати давлат бо бо чомеа холо дар сатхи рушд карор дорад. Ин чо хама аз худи мардуми точик вобаста аст, ки онхо чи гуна навъи хаётро барои худ лоик медонанд. Ё чи мухитеро мехоханд дошта бошанд. Барои хамин худи мардуми точик бояд навъи муносибаташонро бо Хукумат муайян кунанд, на ИМА. Аз суи дигар, мо омодаем дар рушди расонахои мустакил бештар сахмгузор шавем ва дар ин росто бо Хукумати Точикистон бештар хамкори кунем.

Точикистон” бо пешниходи матлабе тахти унвони “Футболи сиёси: Чаро ИМА ва Аврупо Чоми Чахонро дар Русия бойкот накарданд?” изхори нигарони кардааст, ки Чаро Аврупову Амрико иобаста ба ходисахои Украина ва гасби Крим аз тарафи Русия шадидтарин тахримхои иктисодиро ба кор бурданду дар ин чемпионат коре накарданд?” Хол он ки онхо чунин амалро дар Олимпиадаи соли 1980 раво дида, командахояшонро ба Маскав нафиристода буданд.

Дар матлаби дигари худ, хафтаномаи “Точикистон” аз бетолеии омузгорони нохияи Кушониён, ки бо сабаби муддатхои мадид пардохт нагардидани маошашон аз магозахои махаллаву дехахои атроф ва бонкхо карздор шудаанд, ба номи раиси нохияи мазкур Чаббори Гаффор мурочиатнома ба нашр расондааст.

Сухбати Одили Нозир бо адиб, журналист ва драматурги маъруф Ато Хамдам низ, ки ба муносибати 70 солагии ин шахсият омода гардидааст, дар хафтаномаи мазкур омузандаву хонданист.

Previous articleМагар Алимардонов хизмати кам кардааст?
Next articleБуридани лентаи корхонаҳои нотамому чандрӯза
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here