Муҳтавои нашрияҳои чопи Душанбе дар ҳафтаи навин – 23 майи соли 2018

“СССР”: ТАЪМИНОТИ ГӮШТИ ДУШАНБЕРО УМАР АЛИМАТОВ БА ЗИММА ГИРИФТААСТ

Болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон ин ҳафта низ яке аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе будааст.

Ҷовид Муқим дар “Фараж” аз қавли як савдогар менависад: “Чӣ ин қадар нарх мегӯед?! Магар мо зану бача надорем? Агар дар ҳамин моҳ бизнес накунем, кай мекунем?!”.

Ба навиштаи муаллиф вазъият хоса дар бозорчаҳои хурд ташвишовар аст, ки савдогарон дар болои арзиши маҳсулот як баробар нарх илова мекунанд. Ҳатто фарроши бозори “Муросо” нақл кардааст, ки ҳар бегоҳ халта –халта сабзавоту меваҳои вайроншударо ба ахлотпарто мепартояд. “Савдогарон маҳсулоташонро мепӯсонанд, аммо арзон намекунанд…Зеро онҳо аз ҳисоби гаронфурӯшӣ кайҳо маблағи барои хариди маҳсулот сарф кардаашонро бароварда, фоида ҳам гирифтаанд” – менависад Ҷовид Муқим ва таъкид менамояд, ки пешниҳоди шаҳрдорӣ  оид ба танзими нархи баъзе маҳсулот рӯи коғаз мондааст. Аз ҷумла, 36 сомонӣ муқаррар кардани 1 кило гӯшти гов на дар ҳамаи бозорҳои Душанбе амалӣ мешавад. “Бо ин нарх қассобон гӯштеро пешниҳод мекунанд, ки ба диданаш табъи кас мегардад. Вале гӯшти хуб 39-40 сомонӣ арзиш дорад” аз мушоҳидаҳояш мегӯяд муаллиф.

“СССР” дар як гузориши худ аз бозорҳои пойтахт аз арзиши гӯшт дар бозори “Саховат” тавсиф менамояд, ки нархҳоро танзим намудааст. Сабаби инро ба он нисбат додааст, ки ҳар шабонарӯз маъмурияти бозор 9 говро забҳ карда, ба фурӯш мегузоштааст.

Дар бозори “Деҳқон” бошад, ба хабарнигори нашрия гуфтаанд “гӯшти хуб хоҳӣ, дертар биё”. Асрори ин пешниҳод дар он нуҳуфта будааст, ки то нисфирӯз комиссияву харидорони кунҷкоб бисёр будаанд ва ба онҳо гӯшти арзон, вале бесифат пешниҳод мекунанд. Пас аз нисфирӯз бошад, гӯшти хуб, аммо нархаш гарон дар “Деҳқон” пайдо мешудааст.

Нархи гӯшт дар марказҳои бузурги савдо, назири “Ашан” ба мушоҳидаи хабарнигори “СССР” вобаста ба навъ бисёр гарон буда, аз 41 то 54 сомонӣ арзиш доштааст.

Дар ҳамин ҳол, қассобон ба нашрия гуфтаанд, ки Умар Алиматов, яке аз тоҷирони муваффақи пойтахт ва муассиси коргоҳи пивобарории “Сим – сим” дар назди шаҳрдории Душанбе ваъда супурдааст, ки тӯли як моҳи Рамазон бозорҳоро ба гӯшти арзон таъмин хоҳад кард. Гуфта мешавад, феълан аз минтақаҳои гуногуни кишвар чорво харидорӣ карда, онро забҳ намуда, ба бозорҳо ворид менамояд. “Ҳатто, агар гӯшти говро 37-39 сомонӣ барои ҳар 1 кг бихаранд, дар бозорҳо онро бо қиммати 34-36 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Яъне зарари аз ин харид ва ин амал расида, бар дӯш ва кисаи ӯст”.

Аммо хабарнигорони “Садои мардум” нашрияи парлумонии мамлакат дар матлаби “Адлу инсоф бояд меъёри асосии фаъолияти соҳибкорон бошад” хонандаи худро бовар кунонданӣ мешаванд, ки нарх на танҳо дар Душанбе, балки шаҳру навоҳии дигар ҳам аз давраи пеш аз Рамазон тағйир наёфтааст.  Бовуҷуд, хабарнигорон менависанд, ки дар бозорчаҳои хурди пойтахт, назири “Муросо” нархи маҳсулот як баробар бештар аз бозорҳои дигар аст. Зимнан, онҳо пешниҳод доранд, ки ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро, ки дар бозорҳои коммуналӣ фаъоланд, дар маҳаллаву шаҳракҳо низ ба роҳ монанд.

“ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ АКНУН НИЗОМНОМАИ НАВ ДОРАД”

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Тоҷикистон матлаби котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидовро ба нашр расонида, таъкид менамояд, ки тибқи дастури Президент Раҳмон Низомномаи Шўро таҷдиди назар гардида, “вобаста ба ворид гаштани Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ такмил дода шуд”.

Гуфта мешавад пас аз муҳокимаи васеи аъзо ва сохторҳои марбута Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Низомномаи  навро таҳия карда, 7 апрели соли равон Президенти Тоҷикистон ба он имзо гузоштаву акнун он дар ҳоли иҷрост.

“Дар Низомномаи такмилшуда ба ваколатҳои Шўро иловаҳои нав ворид гардиданд. Тибқи онҳо Шўро ҳисоботи шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ мекунад, иҷрои дақиқи тавсияҳо, изҳороту муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар санадҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўро қабул карда мешаванд, таъмин менамояд, бо пешниҳоди Раиси Шўро масъалаи қабули аъзои нави Шўрои ҷамъиятиро баррасӣ менамояд, ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз Низомнома ва Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бармеояд, амал мекунад, бо пешниҳоди Комиссияи Шўро оид ба одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ баррасии масъалаи аз ҳайати Шўро хориҷ намудани аъзои Шўрои ҷамъиятиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ҳамчунин, ба Низомнома банди нав оид ба ваколатҳои Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ворид гардид. Ин ваколатҳо чунинанд: Раис роҳбарии умумии фаъолияти Шўро ва шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро амалӣ менамояд, ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои Шўро онро раисӣ мекунад, нақшаи солонаи кори Шўроро тасдиқ менамояд, ҷаласаҳои ғайринавбатии Шўроро даъват мекунад, дар ҳолати ҳузур надоштанаш дар ҷаласаҳои Шўро намояндаи комилҳуқуқи худро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шўро таъмин мекунад, масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шўро пешниҳод менамояд, санадҳои дахлдори аз ҷониби Шўро қабулгардидаро имзо мекунад, созишномаҳои басташударо оид ба ҳамкориҳо, ки миёни Шўро ва шўроҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ имзо мекунад, бо ризоияти Шўро котиб-ҳамоҳангсозро таъйин мекунад, котиботи Шўроро таъсис медиҳад ва дигар вазифаҳоро, ки барои татбиқи ҳадафҳои Низомнома равона гардидаанд, иҷро менамояд” менависад котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ.

“АКНУН ДИЛХОҲ САФАРИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА ХОРИҶА ЗЕРИ СУОЛ РАФТ”

Ба “Азия плюс”  донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтаанд, ки чанд рӯз пеш ба онҳо ҳуҷҷатеро оварда, водор кардаанд, ки дар он имзо гузоранд. Тибқи ин санад, аз ин пас, агар донишҷӯ нияти сафар ба хориҷаро дошта бошад, бояд ҳатман аз Вазорати маориф ва илми мамлакат рухсат бигирад. Барои ин донишҷӯ бояд 15 рӯз қабл аз сафараш ариза навишта, ҳуҷҷатҳои худро ба вазорат пешниҳод намояд. Вазорат дар навбати худ танҳо пас аз гирифтани мактуб аз Кумитаи амният ба ин ё он донишҷӯ иҷозат хоҳад дод.

Хабарнигори “АП” маълум кардааст, ки чунин як қоидаҳо воқеан ҳам 28 феврали соли равон тасдиқ шудааст. Аммо коршиносон дар суҳбат бо “АП” гуфтаанд, ки ин қоидаҳо ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки онҳоро пазируфтааст, мухолифат доранд. “Ҳукумат наметавонад, ҳатто бо нияти нек ҳам аз сафари донишҷӯён ҷилавгирӣ намояд ва ба ин васила ба рушди  низоми маорифи Тоҷикистон зарар биёранд” гуфтааст ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов.

 

“ЧАРО ХУДКУШИҲО ДАР НАЗДИ КУПРӮКҲО БА ВУҚУЪ МЕПАЙВАНДАНД?”

Гулҳаёи Мадимар, хабарнигори “Минбари халқ” бо номзади илмҳои тиб, ҷарроҳ, равоншинос ва гиёҳшинос Саидҷон Нодирӣ суҳбате анҷом дода, аз он изҳори ташвиш менамояд, ки дар Тоҷикистон бемориҳо, ба истиллоҳ “ҷавон” мешаванд, яъне синну соли касалиҳо тағйир меёбад. Табиб мегӯяд агар одамон чанд сол пеш бештар дар 50 солагиашон сактаи қалб мешуданд, ҳоло ин беморӣ дар ҷавонҳои 18-20 сола низ мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи Нодирӣ сабабҳои ин гуногунанд, аммо ӯ тавсия медиҳад, ки одамон аз гиёҳҳои табиӣ бештар истифода намоянд.”Аз 110 намуди гиёҳҳои шифобахше, ки Сино гуфтааст, дар Тоҷикистон 82,7% -и он мерӯяд ва қариб 37 намудашон ҳамчун меваҷот истифода мешавад”.

Аммо духтури гиёҳшинос аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ин гиёҳҳои шифобахш дар шакли нодуруст бастабандӣ мешаванд, ки таваҷҷуҳи харидоронро ба худ ҷалб наменамояд. Ҳол он ки ҳамин гиёҳҳо аз кишварҳои дигар ворид гардида, ба харидорон дар шакли зебо пешниҳод шудаву харидор меёбанд. Нодирӣ тавсия медиҳад, ки мардум аз гиёҳҳои маҳаллӣ истифода намоянд, “зеро гиёҳҳои Тоҷикистон ба мизоҷи мардум тезтару хубтар таъсир мекунанд. Барои русҳо бошад, гиёҳҳои худашон”.

Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод менамояд, ки дар Тоҷикистон мактаби тибби халқӣ бунёд гардад. Ба гуфтаи ӯ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мактаби тибби шарқӣ бисёр номдор аст, аммо дар худи кишвар чунин мактабҳо вуҷуд надоранд.

Саидҷон Нодирӣ ба проблемаҳои равоншиносӣ дар кишвар дахл намуда мегӯяд инро набояд нодида гирифт. Ба маълумоти ӯ танҳо дар ИМА 1,5 миллион равоншинос фаъолият мекунад ва тақрибан ҳар оила равоншиноси худро дорад.

Ӯ баъдан ба зиёд шудани шумораи худкушиҳо дар кишвар рӯ оварда мегӯяд, ки “таҳқиқоти равоншиносон нишон додааст, ки ин гуна ҳодисаҳо дар купрӯкҳо рух медиҳанд, ки рангашон сиёҳ аст”. Баъдан Нодирӣ аз тасмими мақомоти ҳукумат дар бораи манъ намудани либоси сиёҳ ситоиш намуда, мегӯяд : “Ранги сиёҳ ранги ғамгинӣ, дилшикастагӣ, азодорӣ ва ғайра, ки дар ҳолати афсурдагӣ метавонад инсонро то ба марг низ кашида барад. Махсусан барои занону ҷавонон ин ранг тамоман хуб нест”.

 

“ЗАБОНИ РӮДАКӢ ВА СИНО СУҒДӢ БУД”

Нашрияи “Тоҷикистон” мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур ва Одили Нозирро бо профессор Ричард Фолтс – муҳаққиқи тамаддуни ориёӣ ва таърихи тоҷикон, устоди Донишгоҳи Конкордияи шаҳри Монреали Канада ба нашр расонидааст.  Ӯ ҳамчунин муаллифи китоби “Тоҷикон” буда, ба қавли худаш беш аз 30 сол аст, ки ба омӯзиши таърихи мардуми эронӣ машғул аст. Фолтс мегӯяд: “Аммо вақте мардуми эронӣ ё сарзамини Эрон мегӯям, ба ҳеҷ ваҷҳ Эрони имрӯзаро дар назар надорам. Барои ман сарзамини Эрон аз Балкан то Чин идома мекунад, ки тоҷикон ҷузъи он ҳастанд”.

Профессори Донишгоҳи Канада аз он изҳори норозиятӣ мекунад, ки дар Ғарб то ҳанӯз китобе дар бораи халқи тоҷик нест. Ба гуфтаи ӯ Ричард Фрай замоне чунин ният дошт, аммо нанавишт. “То охири сол китоби ман дар ин бора дар Лондон ба нашр мерасад. Чун то имрӯз ҳар асаре, ки ман навишта мекунам, зкд ба русиву форсӣ тарҷума ва ба табъ мерсад, метавон интизор шуд, ки ин китоб дастраси мардуми Тоҷикистон низ хоҳад шуд”.

Баъдан ӯ ба таъриху решаи истилоҳи “тоҷик” мепардозад: “Ман ба чунин натиҷа расидам, ки баромади истилоҳи “тоҷик” аз “тозик” ва “тозик” аз номи қабилаи Тай аст, ки як замон дар Арабистон мезист. Эрониён ҳамаи арабҳоро Тай мегуфтанд, ки ин албатта нодуруст буд. Мисоле, ки ҳамаи Ғарбро Фаранг мегӯянд. Ҳол он ки мо фарангӣ нестем, балки Фаранг исми як қавмест, ки дар Ғарб зиндагӣ мекунад. Аммо ин иштибоҳи ом васеъ истифода мешавад”.

Профессор Фолтс ба таъсиру ҷойгоҳи забони форсӣ пас аз омадани Ислом ба сарзамин дахл карда мегӯяд:

  • Онҳое, ки Исломро дар баробари арабҳо оварданд, эронӣ буданд ва забонашон форсӣ буд. Бинобар ин, агар як суғдӣ мехост, ки мусалмон шавад, бояд забони форсиро ёд мегирифт.

Дар ҷои дигар таъкид мекунад: “Ман мӯътақидам, ки дар асри Х дар Осиёи Марказӣ мардум аслан суғдӣ ҳарф мезаданд. Забони модарии Рӯдакӣ ва Сино суғдӣ буд. Аммо онҳо аз кӯдакӣ исломро, ки бо забони форсӣ омӯхтанд, онро хуб балад буданд ва чун забони давлатдорӣ шуд, бо ин забон асар навиштанд. Пахши забони форсӣ дар Суғд тӯл кашид, манобеъи дар даст дорем, ки то асри Х11 теъдоди зиёди мардум дар ин минтақа бо забони суғдӣ ҳарф мезаданд”.

 

БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ ШАХСИЯТИИ УСТОД ҚАНОАТ

“Озодагон” шумораи ахири худро ба сӯги Устод Мӯъмин Қаноат бахшидааст, ки ҳафтаи гузашта пас аз бемории тӯлонӣ дунёро тарк гуфтанд.

Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири ин нашрия дар сармақолаи вижанома ҷойгоҳи Устод Қаноатро дар адабиёт ва ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он хос дидааст:

“Шахсияти устод Қаноат бар тамоми талошҳои идеулужик кардани мавқейи ӯ ғолиб омад ва имкон надод, ки болои обрӯй ва иззату икроми иҷтимоиву ҷаҳонияш касоне тиҷорату мансаб дуруст кунанд. Ин буъди шахсиятии устод ӯро аз аксари равшанфикрони дигари мо мутамойиз карда буд ва ин буд, ки тамоми ҷомеаи фикриву огоҳи тоҷик дар сӯгӣ ӯ мотам гирифт”.

“Устод Қаноат баъди Айнӣ ва Улуғзодаву Турсунзода аз касоне буд, ки бо офаридани осори гаронарзиш адабиёти шӯравии тоҷикро аз маҳдудаи Тоҷикистон ба сатҳи Шӯравӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ баровард.Эшон аз касонест, ки ҳамаи пешрафту ифтихори адабиёт ва ҳаракати равшанфикрии тоҷик дар даврони рукуди Шӯравӣ бо номи ӯ бастагӣ дорад”

“Ҳарчанд дар даврони бозсозӣ ва ҳаракатҳои фикриву сиёсии поёни солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-ум устод Қаноат ба таври физикӣ дар канори яке аз тарафҳо ҳузур пайдо накард, вале аз осори онзамонӣ ва суҳбату мазеъгириҳои баъдияшон ҳувайдо буд, ки эшон бо чӣ андеша ва бо чӣ амалкардҳое ҳамсӯ буданд.

Бузургтарин дошта ва сармояи шахсиятии устод Қаноат ин буд, ки эшон тавонистанд то ба охир мақоми рӯшанфикрии худро ҳифз кунанд ва ҳаргиз зери бор нараванд. Шахсияти устод ба андозае буд, ки дар замоне ҳам ба интиқоди ҳукумат пардохт ва ба унвони як равшанфикр оянданигарӣ карду ҳушдор дод, бо вуҷуди фишорҳову хостаҳо бетағйир боқӣ монд. Ин буд, ки дар соли 2012 Тоҷикистон натавонист дар сатҳи расмӣ 80-солагии ин шахсияти милливу шоистаро таҷлил кунад. Устод бо вуҷуди уқдаҳои сиёсӣ намоди тамкину виқор боқӣ монданд. Тамкин ва бурдбории устод ҳукуматро маҷбур кард, ки дигарбора ба суроғи устод биояд ва бо истифода аз шахсият ва ҳайсияти эшон костагиҳояшро пур кунанд”.

“Ин шабу рӯзҳо, ки шахсиятҳои муҳими сиёсиву давлатии минтақа ва чеҳраҳори асаргузори илму адабиётиу фарҳанг аз сар то сари олам дар сӯги устод Қаноат нишастаанд ба он маъност, ки мо чӣ қадар як шахсияти муҳимамонро аз даст додааем. Аммо маросиме дафнеро, ки барои устод Қаноат дуруст кардем маросиме ҳамсанг ба шахсият ва мавзеъву мавқейи эшон набуд. Вуҷуди бузургманишоиҳои бепоя ва нолозим имкон надод, ки ин ҳама эҳтиром ва муҳаббатеро, ки мардум ба устод дошт тайи маросим ва мавқеияти хосе изҳор кунанд. Бадбахтона ин ифтихор ва ин ин имкон аз мардум гирифта шуд.

Марги устод Қаноат ин ақидаро яқин кард, ки ҷомеаи мо то рафт бешахсият мешавад. Шахсиятҳое, ки вуҷуд, дониш, амалкард ва корномаашон битавонад савқдиҳандаи афкор ва тасмимҳо бошад. Дар ин рӯзгори нобасомон надоштан ва ё кам доштани шахсиятҳои асаргузор аз камбудҳои дигари ҷомеаи мост, ки шӯрбахтона ба нафъи мо нест.

Ҳар ҷомеаи озод ва демократик барои рушди шахсиятҳо, ҳам сисёӣ ва ҳам иҷтимоиву илмӣ имкон медиҳад, то шахсиятҳо битавонад дар мақоме, ки кору фаъолият мекунанд пешрав гарданд. Ҷомеа вақте аз ҷомеаи шахсиятсоз ба ҷомеаи шахспараст табдил мешавад, намегузорад чеҳраҳои пурнуфузи дигаре дар илм, иҷтимоъ ва сиёсат пештоз гарданд. Мо бояд байни шахспарастӣ ва шахсиятсозӣ фарқ гузорем. Шахсият касест, ки бо кору пайкор, ҷавонмардӣ ва қаҳрамонкориҳояш ба эътимоди мардум, ҳатто фаротар аз маҳдудаи миллат ва давлати худ даст меёбад. Барои мисол Аҳмадшоҳ Масъуд. Ҳоло касеро маҷбур намекунанд, ки ту дигар акси Масъудро пеши шишаи мошинат нагузор, болои мизи корат намон ва ё дар утоқи корат овезонаш накун.

Аммо шахсиятпарастӣ кори иҷборӣ, амали идеологӣ ва бештар дасткоришуда аст, ки умри кӯтоҳ дорад. Шахспарастӣ дар ҷомеаҳое авҷ мегирад, ки мансабдорон тамоми айбу нуқс ва ноуҳдаброиву корношоямии худро дар зери як шахсияти сохта пинҳон мекунад ва ин шахсияти сохтаро ба сифати сипари идеологӣ истифода мебаранд.

Ҳамеша тарси аз даст рафтани қудрати сиёсӣ, молу сарват ва дигар дороиҳо ҷомеаҳоро ба сӯйи шахспарастӣ савқ медиҳад, вале вуҷуди шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсат бар хилофи рушди шахспарастӣ ва мунҳасир шудани тасмимоти сиёсӣ ба рушди ҷомеа боис мегардад. Ва бидуни тардид устод Қаноат аз шумули чунин шахсиятҳои даврони мо буд!”.[:]

Previous articleМаҳалгароиро ба воситаи хешутаборчигӣ барҳам додан мумкин нест!
Next articleБег Сабур ба тиҷорат, боғсозӣ, боғканӣ ва сохтмон машғул. Хадамоти алоқа чӣ?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here