Рӯзи 3 май дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе конфронс вобаста ба рӯзи озодии баён баргузор гардид, ки дар он созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҷоизаҳои солонаи худро ба журналистон тақдим карданд.

Дар ин чорабинӣ коршиносон ва журналистон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат ва табодули назар намуданд.

Дар ин ҷашнвора Раҷаби Мирзо бо ҷоизаи касбияти журналистӣ ба номи Отахон Латифӣ, Нуралӣ Давлат бо ҷоизаи Эътимод, Саидэҳсони Ҷалолиён бо ҷоизаи “Ҷасорати журналистӣ”, Зокир Ҳасан, Саидраҳмон Назриев ва Завқибек Сайидаминӣ бо ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толиб, Носирҷон Маъмурзода ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода сарфароз гардиданд. Ин ҷоизаҳоро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ( МТЖТ), Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” таъсис додаанд. Инчунин нахустин ҷоизаи “Ҳамраъйии касбӣ”, ки имсол се созмони журналистӣ – НАНСМИТ, Маркази таҳқиқоти журналистӣ (МТЖТ) ва “Хома” таъсис додаанд, ба Хуршеди Ҳамдам, мудири собиқи маркази матбуотии радиои “Озодӣ” дар Душанбе тақдим гардид.

Ҳамзамон, ҷоизаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба Ато Ҳамдам тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки санаи 3-юми май ҳамчун рӯзи озодии матбуоти мустақил ё озодии баён аз қабули “Эъломияи Виндхук” дар соли 1991, зимни баргузории семинари байналмилалии ЮНЕСКО ба хотири баррасии вазъи матбуоти мустақил дар қитъаи Африқо, дар пойтахти Намибия – шаҳри Виндхук, маншаъ мегирад.

Манбаъ: http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16583-ta-lili-r-zi-ozodii-bajon-dar-dushanbe.html

Previous articleДафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе конфронси ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшидашударо дастгирӣ менамояд
Next articleЖурнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here