Хабарнигорони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия дар конфронси байналмилалии “Озодии сухан: имкониятҳо ва дурнамоҳо дар минтақа”, ки 3 май дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар конфронс тахминан 150 рӯзноманигорони тоҷик ва байналмилалӣ, намояндагони боломақоми ҳукумат ва парлумон ширкат варзиданд. Чорабинӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар қатори иштироккунандагони конфронс Муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Анри Эншер низ ҳузур дошт.

Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафир Туула Юрёля гуфт: «Дар ҳама ҷойи ҷаҳон ҳамеша зарурати беҳтар намудани озодии дастрасӣ ба иттилоот, озодии сухан ва ВАО ҷой дорад. Дар ин ҷо, Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА ҳамеша барои дастгирӣ намудани ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди минбаъдаи ин ҳуқуқҳои асосии инсон омода аст”.

Масрур Абдуллозода, Мушовири Дафтари Ёвари Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робитаҳо бо ҷомеа гуфт: “Мо баҳри ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳамаи қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои озодии суханро дар партави қонунгузории ҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд ва кодекси рафторрро барои ВАО-и интернетӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Онҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди Интернет ва таъсири он ба хабарнигории муосирро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни конфронс Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ғолибони Ҷоизаи “Эътимод” барои хабарнигороне, ки Кодекси рафтори хабарнигорони Тоҷикистонро риоя мекунанд, эълон карда шуданд.

Конфронс бо кӯмаки молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, созмонҳои “Моддаи 19”, “Интернюс Европа”, Иттифоқи ҷамъиятии “Хома”, “Институти Ҷамъияти кушода- Бунеди мадад” дар Тоҷикистон, ва сафоратҳои Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

Previous articleМаоши Президенти Тоҷикистон $1100 аст?
Next articleТаҷлили рӯзи озодии баён дар Душанбе
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here