Ҳамкасбони гиромӣ аз шабакаи телевизионии СМ – 1!

Воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии фикру андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки  рукнҳои асосии давлати демократист, пайгирии фаъолияти касбии онҳо яке аз рисолатҳои Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад.

Ҷои баҳс надорад, ки телевизион ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хоса дошта, дар баробари дигар хизматҳо метавонад дар огоҳонидан ва пешгирӣ кардани хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошад.

20 –соли фаъолият дар ин ҷода заҳмати шабонарӯзиро тақозо намуда, масъулияти баланд ба ҳисоб меравад.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо дарки заҳматҳои ҳамарӯзаатон ба шумо, ки аллакай беш аз 1 миллион бинанда ва хонандаи сомонаи ҳамномро доред,  20 солагии таъсиси шабакаи телевизиониро табрику муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, иқболи баланд, рушду камолот ва диди ҳақиқатнигорӣ, андешаю тафаккури амиқ ва қалами пурэъҷоз орзу менамояд.

Previous articleЭрон шахсияте мисли Айнӣ надорад
Next article500-умин шумораи газетаи “СССР” ба нашр расид
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here