Одоби касбии журналист ин қоидаҳои асосии роҳбарикунандае мебошанд, ки онҳоро рӯзноманигорон дастури фаъолияти касбии худ қарор додаанд. Дар ҳамин ҳол меъёрҳои мазкур ҳукми ҳуқуқӣ надоранд, яъне иҷрои онҳо аз нигоҳи қонунӣ ҳатмӣ нест.

Раванди пайдоиши одоби касбии журналист аз ибтидои асри ХХ дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА сарчашма мегирад. Аз ҷумла, соли 1918 аввалин маротиба Иттиҳодияи миллии иттифоқҳои касабаи журналистони Франсия «Кодекси вазифаҳои касбии журналистони Франсия»-ро қабул карданд. Тибқи кодекси мазкур тӯҳмат, беасос гунаҳкор кардан, тақаллуби ҳуҷҷатҳо, таҳрифи фактҳо ва дурӯғ аз ҷиноятҳои мудҳиши касбӣ маҳсуб мешуданд.

Одоби касбии журналист дар ИМА махсусияти худро дорад. Дар ин мамлакат қонуни ягонаи ВАО, ки фаъолияти онҳоро ба танзим дарорад, мавҷуд нест. Тибқи Иловаи якум ба Сарқонуни ИМА, ки 15 декабри соли 1791 ба тасвиб расидааст, Конгресс набояд қонунеро қабул кунад, ки озодии сухан ва матбуотро маҳдуд намояд. Иловаи мазкур дараҷаи баланди озодии сухан ва озодии ВАО-ро таъмин менамояд. Ба қавли Билл Ҳэдлайн, собиқи ноиби президенти Ширкати CNN журналистика ҳамчун уҳдадории таъмини ҷомеа бо теъдоди имконпазири иттилои дуруст аст . Ҳамин аст, ки аз нигоҳи сиёсати редаксионӣ расонаҳо мустақиланд. Дар ҳамин ҳол журналистон масъулияти иҷтимоии худро пеши ҷомеа чун уҳдадории маънавӣ мефаҳманд. Масъулияти иҷтимоӣ ва маънавии журналистон дар механизми худтанзимкунии ВАО зоҳир мешавад. Албатта, худтанзимкунии ВАО усулан аз тариқи шӯроҳои мустақили матбуот, кодексҳои одоби касбии журналистон ва институти омбудсмен амалӣ мегардад.

Шӯрои ВАО барои ҳимояи ҳуқуқи ҷомеа аз расонаҳои бемасъулият таъсис ёфта, метавонад шикояти мардумро баррасӣ кунад ва дар бораи вайрон шудани одоби журналистӣ изҳорот пахш намояд. Ҳамчунин шӯро метавонад ҳуқуқи ВАО-ро аз мақомоти давлативу хусусӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ашхосу гурӯҳи алоҳида дифоъ кунад. Дар ҳамин ҳол шӯрои ВАО наметавонад журналистро ҷазо диҳад ва нисбати расона сонсур эълон намояд. Дар ИМА ба мисли Аврупо шӯрои матбуот рушд накардаанд, агарчи солҳои 50-уми асри ХХ онҳо пайдо шуданд. Дар ибтидои солҳои 1970 дар штатҳои гуногуни ИМА ҳамагӣ 12 шӯрои матбуот фаъолият доштанд. Соли 1973 бошад, дар ИМА Шӯрои миллии ВАО таъсис ёфт. Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз дар тавсияҳои Комиссияи Роберт Хатчинс (1947) оид ба озодии матбуот таъсиси чунин як ташкилоти ғайридавлатӣ, ки фаъолияти расонаҳоро баҳогузорӣ мекунад, пешниҳод шуда буд.

Соли 1923 Ҷамъияти муҳаррирони газетаҳои Америка (ASNE), ки роҳбарони рӯзномаҳои бузургро муттаҳид мекунад, кодекси «Усулҳои рӯзноманигорӣ»-ро қабул кард, ки баъди чанд таҳрир то ҳол амал мекунад. Санади мазкур аввалин одоби касбии журналистони матбуоти ИМА маҳсуб мешавад. Дар он принсипҳои масъулияти матбуот ва журналист пеши ҷомеа, ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, беғаразӣ, эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва ғайра бори аввал эълон шуда буданд. Кодекси мазкур зери таъсири журналистикаи либертарианӣ ба вуҷуд омада, асосан барои пешгирии фаъолияти журналистони матбуоти зард, ки ҳангомаҷӯӣ карда, масъулияти худро пеши ҷомеа сарфи назар мекарданд, равона шуда буд. Соли 1926 Ҷамъияти журналистони касбии «Сигма Делта Кай» кодекси одоби фаъолияти худро қабул кард. Дар кодекси мазкур мақоми журналистон ҳамчун намояндаҳои ҷомеа, ки онҳоро барои хизмат кардан барои ҷомеа ӯҳдадор мекунад, муайян шуда буд. Дар кодексҳои номбурда пеши матбуот ва журналистон масъулияти маърифатӣ пеши ҷомеа гузошта шуда буд.

Минбаъд дар ИМА кодекси ахлоқии журналистон аз ҷониби иттиҳодияҳои журналистӣ ба мисли Ассосиатсияи миллии ноширон (National Publishing Association), Ассосиатсияи миллии пахшкунандагон (National Broadcasting Association) ва нашрияҳои бузург қабул карда шуданд, ки фаъолияти касбиро ба танзим медароварданд. Қобили зикр аст, ки танзими ахлоқии ВАО — ин пеш аз ҳама худтанзимкунии ВАО мебошад. Соли 1996 дар ИМА Ҷамъияти журналистони касбӣ Кодекси одоби журналистонро қабул кард , ки аз принсипҳои асосии зерин иборат аст:

  • кӯшидан ба ҳақиқат ва гуфтани танҳо ҳақиқат;
  • то ҳадди ақал кам кардани зиён;
  • мустақил будан;
  • эҳсоси масъулият.

Кодексҳои одоби журналистии ИМА пеш аз ҳама принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ аз қабили масъулият, ҳақиқатнигорӣ, дақиқнависӣ, айният, поквиҷдонӣ, мустақилият ва беғаразиро фаро мегиранд.

Яке аз масоили муҳими одоби касбии журналист, ин риоя кардани қоидаи иқтибос ҳангоми истифодаи сухани муаллиф ё сарчашмаи иттилоъ маҳсуб мешавад. Мутаассифона, ин қоида на ҳамеша аз ҷониби журналистон риоя мешавад ва дар ин ҳолат онҳоро ба асардуздӣ муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2011 маъмурияти Институти журналистикаи Сент-Питерсберг (штати Флорида) корманди худ, блогнависи машҳури америкоӣ Ҷим Роменескоро барои истифодаи нодуруст аз иқтибосҳо интиқод кард. Ҷим Роменеско пас аз 12 соли фаъолияташ Институти журналистикаро тарк кард .

Ба қавли сарвари ОИ «Рейтер» Медиа Сюзан Тейлор бо рушди ВАО-и электронӣ ба дурустии иттилоъ бештар таваҷҷӯҳ кардан лозим аст .

Журналистон ягон масъулият ҳис накарда, ба ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонанд , мегӯяд Анатолий Лисенко, президенти Академияи байналмилалии телевизион ва радио. Бояд гуфт, ки ҳар қадар дараҷаи касбии журналист баланд бошад, ҳамон қадар эҳтимолияти вайрон кардани одоби журналистӣ кам мешавад.

Нодуруст ташреҳ додани воқеият яке аз омилҳои вайрон кардани одоби касбӣ маҳсуб мешавад. Масалан, дар бораи 23 ноябри соли 2006 кушта шудани собиқ афсари Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Литвиненко расонаҳо бисёр иттилоъ пахш кардаанд. Соли 2011 ин мавзӯъ аз нав расонаӣ шуд. Вале ба қавли муаллифи китоби «The Phony Litvinenko Murder» (Куштори қалбакии Литвиненко), мушовири соҳаи ВАО Уилям Данкерли, кушта шудани ӯ то ба ҳол пурра аниқ нест. Дар ҳамин ҳол ба гуфти Уилям Данкерли факти кушта шудани Литвиненко собит нашуда бошад ҳам, расонаҳо онро чун воқеият нишон додаанд. Аз ҷумла расонаҳои Британия бо чунин сарлавҳаҳо мавод пахш карданд: «Покурор: Россия Литвиненкоро кушт» («The Sunday Times», 2011.-2 октябр). «Куштори Александр Литвиненко “акти террористии ядроӣ буд» (BBC News, 2011.- 13 октябр).

Рӯзномаҳои ИМА низ ба сабаби марги Литвиненко эътимод доранд. Аз ҷумла, газетаи «The New York Times» навишта буд, ки Литвиненко «пас аз истеъмоли изотопии радиоактивии полоний-210… вафот кард (14 октябри 2011).

Рӯзномаи «The Washington Post», маводи ОИ «The Associated Press»-ро чоп кард, ки дар он омадааст, «Литвиненко пас аз истеъмоли маводи радиоактивии полоний-210 дар беморхонаи Лондон вафот кард» (14 октября 2011). Уилям Данкерли мегӯяд, ки ӯ дар бораи марги Литвиненко ба дафтари тафтишотии қазия дар тамос шудааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки дар вокеъ то ҳол кушта шудани Литвиненко ва сабаби марги ӯ собит нашудааст . Яъне, журналистон одоби касбиро вайрон карда, тахминро ба ҷои факт истифода кардаанд. Тибқи Эъломияи рафтори журналистон «журналист бояд ҳодисаро аз рӯи фактҳое, ки сарчашмааш маълум аст, баррасӣ намояд».

Моҳи октябри соли 2011 яке аз ташкилкунандагони маъракаи тазоҳурот зидди сиёсати молиявии ИМА, Лайза Симеоне, барандаи барномаи ҳуҷҷатии «Soundprint», ки аз Радиои ҷамъиятии «National Public Radio» пахш мешуд, бинобар вайрон кардани одоби журналистӣ аз кор ронда шуд. Ин амалро директори барномаи «Soundprint» Мойра Рэнкин чунин шарҳ додаст: «… агар ту роҳбари тазоҳурот бошӣ, ҳамзамон наметавонӣ ҳамчун журналист баромад кунӣ ». Яъне, журналист наметавонад роҳбари тазоҳурот бошад ва дар ин бора дар расонае, ки кор мекунад, мавод нависад. Лайза Симеоне ҳамчунин дар Радиои «WDAV», барандаи барномаест, ки ба ҳодисаҳои олами кино ва мусиқӣ бахшида шудааст. Дар радиои мазкур бошад, ин фаъолияти ҷамъиятии журналистро дастгирӣ мекунанд.

4 декабри соли 2012 дар метрои шаҳри Ню-Йорк фоҷиае рӯй дод. Сокини 58-солаи шаҳр Ки Сук Хан зери чархи поезд монд. Ӯ пеш аз омадани поезд аз платформа пеши релс афтида буд. Мусофирон барои ба ӯ кӯмак кардан маъмуриятро меҷустанд, баъзеҳо мошинисти поездро аз ин ҳол огоҳ карданӣ мешуданд. Вале як суратгир ҳодисаи зери чархи поезд мондани мусофирро ба навор бардошт ва онро ба таблоиди «New York Post» фурӯхт. 5 декабр рӯзнома суратҳои мазкурро бо зерматни «Сонияи охирини ба марг маҳкумшуда» чоп кард. Ин шумораи рӯзномаи «New York Post» бо тиражи 1,5 миллион нусха ба фурӯш рафт ва рейтингаш баланд шуд. Аз марги Ки Сук Хан албатта, ношир ва суратгир ҳам фоида диданд. Ин амали суратгир ва редаксия аз ҷониби аҳли ҷомеа — расонаҳои дигар, хешовандони Ки Сук Хан, ҷамоати кореягиҳо маҳкум карда шуданд.

Баъзан одоби журналистӣ бо айби масъулони ҳукуматӣ, ки дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд мекунанд, ва рӯзноманигорон наметавонанд ахбори воқеиро пахш кунанд, ба вуқӯъ меояд. Масалан, Кристина Боржессон, собиқ репортери телевизионҳои CBS ва CNN дар мусоҳиба ба рӯзномаи «Le Figaro» изҳор дошта буд, ки Пентагон ҳамаи иттилоъро дар Ироқ таҳти назорати худ дорад ва хабарнигорон ба монанди стенографистони ҳукумат шудаанд .

Ҳамчунин баъзан мақомоти амниятӣ бевосита ба фаъолияти редаксияҳо дахолат мекунад. Масалан, соли 2010 ОИ «Associated Press», рӯзномаи «New York Times» бо хоҳиши Раёсати марказии кашшофӣ ва маъмурияти ИМА маълумоти дар даст доштаашонро оид ба корманди РМК Рэймонд Дэвис, ки ду нафарро дар Покистон парронда буд, пинҳон карданд .

Асардуздӣ яке аз маъмултарин амалҳои вайрон кардани одоби журналистӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, 26 апрели соли 2003 газетаи «Ню-Йорк таймс» мақолаи журналисти ҷавон Ҷейсон Блэрро бо унвони «Оилаи ятиммонда сарбози гумшударо интизор аст» чоп кард . Дар маводи мазкур журналист мусоҳибаро бо Хуанита Ангиано, модари сарбози америкоии дар Ироқ гумшуда, истифода бурда буд. Чанд рӯз қабл рӯзномаи «Экспресс нюс» мақолаи Макарен Эрнандесро чоп кард, ки қаҳрамони он низ як зани бадбахт буд, ки писарашро интизор аст. Муҳаррири «Экспресс нюс» Роберт Ривард бо муҳаррирони «Ню-Йорк таймс» таи чанд рӯз ин масъаларо омӯхта, ба хулоса омаданд, ки Ҷейсон Блэр пораҳои ин мақоларо дар маводи худ истифода кардааст. Баъди ин ҳодиса идораи «Ню-Йорк таймс» як кумитаи тафтиши фаъолияти эҷодии Ҷейсон Блэрро таъсис дод. Кумитаи мазкур маводи журналистро, ки аз моҳи октябри соли 2002 то апрели соли 2003 дар «Ню-Йорк таймс» чоп шудаанд, мавриди таҳқиқ қарор дод. Маълум шуд, ки аз 73 ҳолат дар 36-тояш асардуздӣ, фиреб ва хатои далелӣ ба назар мерасанд. Ҷейсон Блэр аз мақолаҳои «Вашингтон пост», «Уолл-стрит ҷорнал» ва газетаҳои маҳаллӣ порчаҳоро гирифта, дар мақолаҳои худ истифода мекардааст. Баъди ин ҳодиса Ҷейсон Блэрро аз кор ронданд. Пас аз 5 ҳафта муҳаррирони рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» Ҷералд Бойд ва Ҳоуэл Рейнс барои хунукназарӣ карданашон худ истеъфо доданд.

Охири моҳи майи ҳамон сол Рик Брэг, репортери рӯзномаи «Ню-Йорк таймс», барандаи Ҷоизаи Пулитсер низ истеъфо дод . Сабаби истеъфо он буд, ки яке аз муҳаррирон ба ӯ барои зери маводи мухбири ғайриштатӣ имзои худро гузоштанаш эрод гирифтааст.

Қазияи Ҷейсон Блэр ба сиёсати редаксионии «Ню-Йорк таймс» таъсири амиқ гузошт. Ҳамин буд, ки соли 2003 редаксия чанд дастури кориро қабул кард. «Сарчашмаҳои маҳрамонаи иттилоъ» аз ин ҷумла мебошад. Моҳи сентябри соли 2004 бошад, Кодекси одоби «Ню-Йорк Таймс» — «Одоби журналистӣ. Дастури принсипҳо ва малакаҳои амалӣ барои шӯъбаи ахбор ва муҳаррирон» чоп шуд. Дастури номбурда таҳрири нави «Кодекси виҷдон» аст, ки ҳанӯз соли 2002 чоп шуда буд. Онро якчанд нафар муҳаррирони калони газета бо роҳбарии муҳаррири масъули шӯъбаи ахбор Вилям Шмидт мураттаб кардаанд, ки зери назари ношири «Ню-Йорк таймс» Артур Сулсбергер, муҳаррири иҷроия Ҳоуэлл Райнес ва муҳаррири саҳифаи аввал Гейл Коллинз чоп шудааст.

«Дастур»-и мазкурро метавон санади замони муосир номид, зеро дар он паҳлуҳои гуногуни фаъолияти журналистӣ фаро гирифта шудаанд. Масалан, дар дастур бахшҳои «Ҷудо будани алоқаи оилавӣ аз кор», «Муносибат бо мухбирони ғайриштатӣ», «Маблағгузориҳо ва иртибот дар соҳаи молия» мавҷуданд, ки фаъолияти кормандони рӯзномаро ба танзим медароранд. Ҳатто дар дастур аз ҷониби журналистон истифода бурдани автомобил баррасӣ шудааст. Умуман, тибқи одобномаи мазкур гирифтани подош ва тӯҳфа ҳангоми фаъолияти журналистӣ қатъиян манъ аст. Масалан, мухбири шуъбаи варзиш, ҳақ надорад, ки ҳатто ба ягон мусобиқа бо тахфиф билет харад. Ҳамчунин корманди редаксия ҳангоми сафар ҳақ надорад, ки барои нақлиёт, меҳмонхона, тарабхона ва ғайра бинобар журналист буданаш ягон намуди тахфифро қабул кунад.

Бояд гуфт, ки шиори машҳури рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» «Ҳамаи хабарҳо қобили чопанд» аслан дуруст нест, зеро на ҳамаи хабарҳоро метавон чоп кард. Ва ин ҳаргиз кафолати мустақил ва беғараз будани редаксияро нишон намедиҳад. Аз ҷониби дигар, дар Кодекси одоби «Ню-Йорк таймс» гуфта мешавад, ки вазифаи асосии мо, муҳофизати беғаразиву бетарафии рӯзнома ва ҳақиқатнигорона будани ҳамаи маводи он аст .

Албатта, риояи талаботи кодекси ахлоқӣ сад дарсад беғараз будани маводи журналистиро кафолат намедиҳад. Масалан мухбири варзишӣ ҳангоми навиштани мақолааш метавонад ягон фактро сарфи назар кунад ва ё дар истифодаи он тақаллуб намояд. Дар ин ҳол албатта, мақола беғараз нахоҳад буд. Яъне, беғаразӣ ва ҳақиқатнигорӣ аз худи журналистон бештар вобаста аст.

Кодексҳои одоби касбии журналистӣ тӯли ин солҳо дар робита бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ИМА ва дунё, рушди журналистика таҳриру такмил ёфтанд. Ҳаҷми баъзе аз кодексҳо аз як ду саҳифаи солҳои 20-уми асри гузашта то ба дастурҳои калонҳаҷм расида, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигориро фаро мегиранд. Дар ҳамин ҳол бо рушди ҷомеаи демократӣ кодексҳои одоби журналистӣ яке аз усулҳои муҳими танзимкунии ВАО боқӣ мемонанд.

Previous articleГузориш аз Маҷлиси умумии Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
Next articleЖурналисти нотарс онест, ки таҳқир намекунад…
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here