Маҷлиси умумии Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 2-юми декабри соли 2017 бо ҳузури вакилони ҷаласа, меҳмонон аз мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои журналистӣ ва ҳудуди 30 нафар рӯзноманигорон баргузор гардид.

Дар кори Маҷлиси умумӣ аз 32 нафар вакили даъватшуда 24 нафарашон ширкат намуданд.

Хуршед Ниёзов, раиси Шӯрои ВАО ба ҷаласа оғози расмӣ бахшида, ҳозиринро бо рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа шинос гардонид. Пас аз тасдиқи Барномаи ҷаласаи солона Раиси Шӯрои ВАО дар назди ҳозирин доир ба фаъолияти Шӯрои ВАО дар давоми соли ҳисоботӣ маърӯза намуд. Ба маълумоти ӯ дар давоми соли 2017 ба Шӯрои ВАО, 16 арзу шикояти хаттӣ, телефонӣ аз болои расонаҳо, рӯзноманигорони алоҳида ворид гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи шикоятҳо ин будааст, ки бо фарқ аз солҳои пешин дар миёни муроҷиаткунандагон намояндагони мақомоти давлатӣ низ будаанд, ки ин гувоҳи то андозае эътироф шудани Шӯрои ВАО аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳам ҳаст.

Ҳамчунин, Ниёзов аз иқдомоти муҳими фаъолияти Шӯро -ташкил ва гузаронидани мулоқоти аъзои Шӯрои ВАОТ бо рӯзноманигорони ҷавон ёдовар шуд. Гуфта шуд дар давоми се моҳ 4 маротиба ҷаласаи Раёсат баргузор гардида, дар он зиёда аз 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барои риояи хуби меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ҷоизаи Шӯрои ВАО «Эътимод», ки соле қабл таъсис дода шуд ва диплому мукофоти пулӣ ба журналист Ҳуринисо Ализода супорида шуд, – гуфт Раиси Шӯро.


Бар илова, ӯ аз мониторинги баргузорнамудаи аъзои Раёсати Шӯро вобаста ба матолиби нашрияҳои чопӣ хабар дод, ки аз ҷониби аъзои Раёсат, аз ҷумла , Раҷаби Мирзо, Сангини Гулзод, Мухтор Боқизода, Маҳмадалии Мақсадулло ройгон анҷом дода шудаанд.

Хуршед Ниёзов ҳисоботи худро бо ин хулоса ҷамъбаст намуд:

– Ҳанӯз Шӯро созмоне нест, ки тавонад мустакилона аз назари моддӣ мушкилоташро ҳал кунад. Камбудиҳои зиёде дар солҳои пешин аз назари ҳуқуқӣ ошкор шуданд, ки саривақт ҳал накардани он барои фардо амал кардани он мушкил эҷод мекунад. Бояд доираи фаъолияти Шӯро бо ду се пункти Оиннома маҳдуд нашуда, васеътар ва бо ҷалби аъзои дилгарму ҳавасманд ба кор, фаъолият намояд. Танҳо дар ин ҳолат метавонад саҳме дар шаклгирии фазои журналистика гузорад.

Пас аз маърӯза вакилон ба баррасии фаъолияти Шӯрои ВАО оғоз намуданд. Аз ҷумла, Нуриддин Қаршибоев – аъзои Шӯро нисбати фаъолияти Шӯро ва худи Шӯро ҳамчун созмони журналистӣ ибрози назар намуда, чунин қайд кард: «Мо дарк намуда истодаем, ки ҷаласаи имрӯза ҷаласаи тақдирсоз аст. Дар давоми ҳафт сол мо натавонистем, ки Шӯроро ба як созмоне, ки устуворона пеш равад, табдил диҳем. Сабаби асосӣ он дур рафтан аз рисолати аслии Шӯро ва баррасии баъзе масъалаҳое мебошад, ки ба ваколати Шӯро дохил намешавад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳам айби аъзои Раёсат ва ҳам роҳбарони он буд, ки барои риоя кардани рисолати аслии Шӯро иқдом накард”.

Мухтор Боқизода, аъзои дигари Раёсати Шӯрои ВАО низ андешаҳои худро ба таври зайл баён намуд: «Баҳсҳое, ки айни ҳол шуда истодааст, хеле доманадор хоҳад буд. Ба гуфтаҳои Қаршибоев ва дигарон илова карданиям, ки дар тӯли ду ё се соле, ки Шӯро фаъолият дорад, кори Дабирони кулл назаррас нест. Аксарияти Дабирони кулл, ки қабул шуданд, аз ӯҳдаи иҷрои салоҳияти худ набаромаданд. Онҳое Дабири кулл интихоб гардиданд, ки дар бораи фаъолияти Шӯро умуман тасаввурот надоштанд. Мо дар ибтидо ҳангоми омода намудани Оиннома саҳлангорӣ кардем, ки Дабири кулл аз ҳисоби аъзои Раёсат не аз берун даъват карда шавад. Тӯли ҳафт соле, ки бо Шӯро ҳастам, ба хулосае омадам, ки Дабири кулл бояд шахсе бошад, ки ба Шӯро дилсуз бошад, аз Раёсат берун наравад, кори Дастгоҳи Шӯроро ҷоннок кунад, тавсияҳое, ки мешавад, дар шакли лозима дастраси омма гардонад. Дар тӯли ду-се соли охир мо баррасиҳои қобили қабулро надидем, аксарияти қарорҳои қабулшуда бидуни ҷамъомади худи Раёсат буд ва аксарияти қарорҳо хусусияти тавсиявӣ дошта, дар доираи Дастгоҳ мемонданд. Пешниҳоди ман чунин аст, ки Дабири кулл аз ҳисоби Раёсат интихоб карда шавад».

Хуршед Ниёзов ба масъалаҳои зимни суханронӣ гузоштаи Боқизода чунин посух дод: “Дар мавриди масъалаи дуввум, дар Раёсат мо ин масъаларо низ баррасӣ намуда будем, якҷоя бо ҳуқуқшиноси Шӯро тамоми ҷиҳатҳои онро омӯхтем. Дар Оиннома ва дигар санадҳои Шӯро ин нуктаро, ки Дабири кулл аз ҳисоби Раёсат набошад, дарёфт накардем».

Суҳроб Пулотов, мушовири ҳуқуқии Шӯрои ВАО суханони Ниёзовро тасдиқ намуда, қайд кард, ки дар санадҳои батанзимдарорандаи фаъолияти Шӯро ягон маҳдудият вобаста ба таъини Дабири кулл аз ҳисоби Раёсати Шӯро дарҷ нашудааст ва аз ин рӯ ҳолате, ки маҳдудият надорад, иҷозат дода мешавад.

Пас аз баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ ҳисоботи Раиси Шӯрои ВАО Хуршед Ниёзов ба овоздиҳӣ гузошта шуд ва бо раъйи аксар он қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Пас аз ин Раис хабар дод, ки пешопеши Маҷлиси умумӣ аз ҷониби ҳафтаномаи «Миллат», агентии иттилоотии «Хатлон Пресс», ҳафтаномаи «Дунё», маҷаллаи «Ганҷи Исфара» барои узвият ба Шӯрои ВАО ариза пешниҳод гардидааст. Вакилон аъзои нави Шӯроро бо овоздиҳӣ расмият бахшиданд.

Тибқи маълумоти Раиси Шӯро Ниёзов Х. имсол ваколати се нафар аъзои Раёсати Шӯро – Боқизода Мухтор, Асозода Мӯсо, Қаршибоев Нуриддин ба охир мерасад ва онҳо Раёсатро тарк мекунанд. Номбаршудагон дунавбатӣ ба аъзогии Раёсат интихоб шуда буданд, аз ин рӯ, тибқи талаботи Оиннома наметавонанд бори дигар интихоб шаванд. Бар илова, Сангин Гулзод ва Маҳмадалӣ Мақсадулло низ дархост намудаанд, ки узвияти онҳо аз Раёсати Шӯро қатъ карда шавад. Ҳамин тавр, акнун барои Раёсати Шӯрои ВАО 5 узви навро бояд интихоб намоем.

Дар натиҷаи пешбарии номзадҳо ва овоздиҳии вакилон муассиси як қатор нашрияҳои маъруф ва чопхона, журналисти шинохта Шарифи Ҳамдампур, сармуҳаррири нашрияи “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори шинохта Неъматулло Мирсаидов, муҳаққиқи бахши журналистика, журналисти номдор Қироншо Шарифзода, муассиси радиои “Ватан” Вера Кулакова ба ҳайати Раёсати Шӯро қабул карда шуданд.

Ҳамин тавр, бо иловаи 5 нафари интихобшуда теъдоди аъзои Раёсат ба 9 нафар расид. Ҳайати он: Хуршед Ниёзов, Раҷабалӣ Мараимов, Набӣ Юсупов, Шаҳло Акобирова, Шарифи Ҳамдампур, Иршод Сулаймонӣ, Неъматулло Мирсаидов, Қироншо Шарифзода ва Вера Кулакова.

Тибқи талаботи Оинномаи Шӯрои ВАО аз байни 9 аъзои Раёсат дар як ҷаласа ва интихоботи пӯшида номзадии як нафар ба Раисии Шӯрои ВАО пешниҳод ва интихоб мегардад. Ҷаласаи аввалини Раёсат номзадии Шаҳло Акобироваро пешниҳод намуда, якдилона интихоб намудааст. Пасон ин интихоб аз ҷониби Маҷлиси умумӣ тасдиқ гардид.

Раиси нави Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова дар назди ҳозирин сухан ронда, миннатдории худро аз аъзои Райсат барои боварӣ ва суханони неки онҳо баён намуда, инчунин гуфт, ки вазифаи ба ӯ вогузоршуда хеле масъулият талаб менамояд:

Албатта аз танқиду шикоятҳое, ки шуданд, шахсро ба ваҳм меорад, вале ҳайати хуб ба Раёсат интихоб шуданд, ки бовар дорем бо дастгирии якҷоя мо муваффақ хоҳем шуд. Барои тақвияти Шӯрои ВАО ҳатман фаъолияти он барномарезӣ хоҳад шуд. Имрӯз ман орзу мекунам, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ахлоқӣ мушкилот набошад, орзу мекунам, ки журналистикаи имрӯза паси манфиатҳои гуруҳиву ғайрикасбӣ набошад, журналистикаи кунунии тоҷик, ки майдони бисёр хубе дорад, на барои таҳқир кардани нафари дигар, касеро бадном кардан, бошад, балки майдони созанда бошад. Ҳар боре дар Раёсати Шӯро ҷамъ меомадем, нигаронӣ аз он доштем, ки сатҳи касбият дар журналистикаи тоҷик торафт поён меравад, то андозае, фикр мекунам, мо худ ба ин гунаҳкор ҳастем, аз озодии баён сӯистифода кардем. Боз ҳам орзу мекунам, сатҳи озодии баёнро болотар бинам. Бисёр ба ҳамраъйии шумоён умед дорам.

Дар охири Маҷлиси умумӣ пешниҳод гардид, ки Комиссияи ҳисоб аз ҳисоби он нафароне шомил карда шаванд, ки номзадии онҳо барои аъзогӣ ба Раёсати Шӯро дастгирӣ наёфт. Ҳамин тавр номзадии Бибихонум Дарвешзода, Адолати Мирзо ва Ҳуринисо Ализода пешбарӣ гардид.

Номзадии шахсони пешбаришуда якдилона тасдиқ гардид.

Баъд аз баррасии масъала аз ҷониби аъзоёни Комиссияи ҳисоб Бибихонум Дарвешзода ҳамчун Раиси Комиссияи ҳисоби Шӯрои ВАО эълон гардид.

Previous articleАз ҷаласаҳои Раёсати Шӯрои ВАО
Next articleОдоби касбии журналистӣ дар матбуоти ИМА
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here