Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар ДДХ

0

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  бо донишҷӯёни кафедраи журналистика  ва назарияи  тарҷумаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир ба  мавзӯи риояи меъёрҳои ахлоқиву касбии рӯзноманигорон ва ҳамзамон оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрӣ баргузор кард. Ҳуриннисо Ализода, роҳбари Шӯрои ВАО-и ҶТ қайд карданд, ки дар замони имрӯз донистан ва риояи меъёрҳои пешбинишуда дар мавриди истифодаи оқилона ва дурусти расонаҳо хеле зарур ва ба фойдаи кор аст. Номбурда ҳамчунин  оид ба фаъолияти кори Шӯро, салоҳияти он ва лоиҳаҳое, ки айни замон амалӣ мешаванд, ба донишҷӯён баррасӣ кард. Хулоса гарид, ки меъёрҳои ахлоқии журналистӣ як роҳнамое аст, ки донишҷӯёнро метавонад ҳамчун як рӯзноманигори ҳирфаӣ ба воя расонад. Дар идома, ширкаткунандагон доир ба меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, роҳ надодани хато ҳангоми кор дар Интернет, худтанзимкунӣ, паҳн кардани гузоришҳо, меъёрҳи ахлоқӣ  ва танзим шудани саволҳои худро пешниҳод карда,  аз тарафи масъулин маълумоти муфассалро ба даст оварданд.

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02m89eNdp8CEUnwWJ96pB2MhP2mRyeRKASDht4MhpXxwTX32JNJBDpfH2wfNSrh5qxl&id=100004170930990&sfnsn=wa&mibextid=2Rb1fB

 

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

0

13 апрел Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, дар мавзӯи риояи Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва ҳамзамон оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар #Интернет вохӯрӣ баргузор кард. Ин вохӯрӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани фазои ҳуқуқии ВАО” доир гардид, ки аз тарафи #internewstj дастгирӣ меёбад.

-Ҳамаи мову шумо истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем ва онҷо касби худро рӯзноманигор навиштаем. Барои ин шуморо мебояд, ки дар ҳама гуфтаву шарҳҳои худ эҳтиёткор бошед ва дар он ҷо ҳам Меъёрҳои ахлоқии журналистиро риоя кунед. Ҳоло шумо донишҷӯ ҳастед, бо ВАО ҳам ҳамкорӣ доред, ва агар ҳарчӣ бештар ин меъёрҳоро пайгирӣ мекунед, ҳамон қадар матлабҳое, ки омода мекунед ҳирфаӣ қабул карда мешаванд, қайд кард Ҳуриннисо Ализода, Роҳбари Шӯрои ВАО-и ҶТ. Ҳамзамон хонум Ализода оид ба фаъолияти кори Шӯро, салоҳияти он ва лоиҳаҳое, ки айни замон амалӣ мешаванд, ба донишҷӯён нақл кард. Умед Бобохонов, Роҳбари гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” афзуд, ки – Риояи Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ як роҳнамое аст, ки шуморо ҳамчун як рӯзноманигори ҳирфаӣ ба воя мерасонад. Ҳоло самтҳои зиёде ба мисли робита бо ҷомеа (PR), бозорёбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM) ҳастанд, ки рӯзноманигорон бо онҳо сару кор доранд. Матнҳои тиҷоратӣ менависанд. Ин самтҳоро ҳам Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ танзим мекунанд. Дар идома, ширкаткунандагон доир ба роҳ надодани хато ҳангоми кор дар Интернет, худтанзимкунӣ, меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, гузоштани лайку шарҳҳо, паҳн кардани гузоришҳо ва чӣ гуна аз ҷониби қонунгузорӣ ва Меъёрҳи ахлоқӣ танзим шудани онҳо маълумот гирифтанд, саволҳои худро пешниҳод карда, ҷавоб гирифтанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯрӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ баргузор гардад.

Манбаъ: iinternewstj

Принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад.

0

Намояндагони Шурои ВАО-и Тоҷикистон бо иштироки раис ва аъзои раёсати  бо донишҷӯёни факултаи Факултаи режиссура, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода вохӯрӣ баргузор карданд. Дар вохӯрӣ асосан дар атрофи мавзуъи риояи меъёри ахлоқи журналистӣ  сухан рафта, он аз ҷониби муҳаққиони соҳа ба донишҷӯён тавзеҳ дода шуд. Раиси Шуро Ҳуриннисо Ализода зикр кард, ки  донистани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар замони имрӯз хеле муҳим буда, метавонад журналистонро на танҳо дар омода сохтани матлабҳои ҳирфаӣ дастболо созад, балки боиси дар давоми фаъолияташон аз ҷарима ва ҷавобгариҳои ҷойдошта эъмин нигоҳ доштанашон низ мегардад. Дар вохӯрӣ  муҳаққиқи соҳа номзади илмҳои филологӣ Сангин Гулов низ баромад карда, ҷиҳатҳои муҳими ахлоқи журналистиро муфассал баррасӣ карда, гуфтанд, ки:

– Мо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқи аҳли ҷомеаро барои дастрасӣ ба иттилоот ва вазифаи ВАО-ро ҷиҳати дастрас намудани иттилоот ва мусоидат ба эҷоди афкори умум таъкид намуда, принсипҳои ҳисоботдиҳанда будани ВАО ва журналистонро ба аудитория ва ҷомеа эътироф намуда, озодии баёнро меҳвари фаъолияти худ дониста, ҷиҳати татбиқи бовиҷдононаи он масъулият дарк намуда, принсипҳои зерин ва ҳамаи масъулиятеро, ки аз он бармеояд, қабул менамоем. Ҳеҷ як аз ин принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад.

Ҳамчунин дар бахши ҳуқуқии ВАО ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Ранжет Ятимов баъзе масъалаҳои зарурии соҳаро ба донишҷӯён фаҳмонда дод. Дар охир байни донишҷӯён ва коршиносон суолу ҷавоб ва суръат гирифт, ки натиҷаи назаррас будани вохӯриро муайян кард.

Чунин  вохӯриҳо дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани фазои ҳуқуқии ВАО” доир гардид, ки аз тарафи #internewstj дастгирӣ меёбад.

 

0

10 апрел бахшида ба рӯзи таъсиси Радиои Тоҷикистон раиси Шӯрози воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода бо кормандони Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он вохӯрӣ намуд.

Нахуст, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода кормандони Радиои Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи таъсиси радио табрик намуда, ёдовар шуд, ки радио аз оғози пайдоиш дар кишвари мо дар шаклгирӣ ва маърифати ҷомеа нақши бузург бозидааст.

Дар идома, вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъоляти рӯзноманигорӣ табоддули назар шуд. Журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо таъкид кард, ки дар фаъолияти кормандони Радиои Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии фаъоляти рӯзноманигорӣ хеле хуб риоя мешавад ва дар ин шабака то ҳол сохти классикии радио маҳфуз аст ва фаъолияти пурсамар дорад.

Бознашр аз сомонаи Радиои Фарҳанг

Низомномаи Ҷоизаи «Эътимод»–и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

0

1. Ҷоизаи «Эътимод»–и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон, фаъолият доранд, таъсис дода шудааст.
2. Ҷоиза соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот- 3 май ба як нафар тақдим мегардад.
3. Ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки ;
-«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд;
– Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
– Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;
– Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
– Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
– Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
– Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
4. Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аъзои Комиссияи Ҷоизаи «Эътимод» ва меъёрҳои баҳодиҳиро муайян мекунад.
5. Пешбарии номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» як моҳ пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот оғоз гардида, дар ин бора Раёсати Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш мекунад.
6. Пешбарии номзадҳо то 15 апрел идома меёбад.
7. Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО, ё идораи ВАО, ки номзад кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоие, ки Раёсати Шӯрои ВАО номгӯашонро муқаррар мекунад, пешниҳод гарданд. Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд.
8. Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Қарорро дар бораи барандаи Ҷоиза Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад.
9. Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон маблағ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯрои ВАО муайян мекунад. Он ҳамчунин бо рамзи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон диплом дорад.
10. Як журналист танҳо як маротиба метавонад ҷоизадори Ҷоизаи «Эътимод» гардад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ: манфиат ва хатар

0

15 уми марти соли ҷорӣ  донишҷӯёни курсҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар муборак мулоқот бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва коршиносони соҳаи иттилоотонӣ ширкат варзида чӣ будани саводи расонаӣ ва истифодаи он аз ҷониби мардум, маълумоти муфассал падо карданд. Вохӯриро журналист Низомиддин Исоев менторӣ намуда тариқи усули интерактивӣ ба иштироккунандагон саводи расонаӣ омӯхт. Журналистони оянда, ки ҳамаашон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ будаанд, изҳор намуданд, ки пештар оид ба ин мавзӯъҳо огаҳӣ надоштанд. Онҳо изҳор доштанд, дар замоне қарор доранд, ки зиндагии рӯзмараро дигар бе интернет тасаввур кардан ғайримкон гашта истодааст, бинобар ин  омӯзиш ва истифодаи дурусти ахбор хеле муҳим аст. Хоса барои насли ҷавон, ки дар шабакаҳои  иҷтимоӣ хеле фаъоланд, доштани дониши расонаӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бояд гуфт, ки Омӯзиши саводнокии расонаӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир аст, ки дар он ВАО ҳамчун «манфиати ҷамъиятӣ» ва институти рушди шаҳрвандон фаҳмида мешавад, арзёбӣ мегардад. Чунин омӯзишҳо, ки дар доираи лоиҳаи “Хонаи  саводи расонаӣ дар Хатлон” амалӣ гашта истодаанд, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки на танҳо ба асосҳои саводнокии расонаӣ, балки дар маҷмӯъ ҳамчун падидаи муҳимтарини фарҳанги иттилоотии муосир бо яке аз самтҳои навтарини он ба таври васеътар шинос шаванд, чун як бахши муҳими саводи расонаӣ ин истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

ҲУРИННИСО АЛИЗОДА: “ЖУРНАЛИСТИКА “НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ”, НЕСТ”

0
Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон ва яке аз журналистони маъруфи кишвар чанд рӯзи пеш зодрӯз дошт. Ӯ мутаваллиди 4-уми март буда, хатмкардаи факултаи филологияи ДМТ (УДТ–и пешин) аст.
Фаъолияти кории худро аз омӯзгорӣ оғоз карда, аз солҳои 90-уми асри гузашта ба майдони рӯзноманигорӣ гом ниҳод. Ӯ ҳоло аз вазъи имрӯзаи журналистикаи тоҷик нигаронӣ дорад ва мегӯяд, “ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад”.
Раиси Шӯрои ВАО суол мегузорад, ки агар ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика дар назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?
Ҳуриннисо Ализода ба муносибати солгарди 66-умини умр ва дар пешвози Рӯзи матбуоти тоҷик бо “Фараж” аз рӯзгори гузаштаи худ, ҷодаи тайкарда ва вазъи журналистикаи тоҷик сӯҳбат кард.
“ДАР САРҲАД БО АФҒОНИСТОН КАЛОН ШУДАМ”
– Баҳори имсолро чӣ гуна пешвоз мегиред?
– Баҳорро ҳамчун фасли шукуфтанҳо, эҳёи дубораи табиат ва умри одамизод ҷашн мегиранд. Баҳори ман низ чунин аст. Омадани ин фасл маро огоҳ мекунад, ки боз як соли умр кам шуд ва ташвиқам медиҳад, то баҳри ҳадафҳои бузург талош намоям.
-Баҳори кӯдакии Шумо чӣ гуна буд?
-Кӯдакиям дар деҳаи наздисарҳадии совхози ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ гузаштааст. Қишлоқи моро аз кишвари ҳамсоя – Афғонистон дарёи Панҷ ҷудо мекунад. Ҳанӯз аз охири моҳи феврал мо – кӯдакони дилгиршуда аз маҳдудаҳои зимистон ва дилгарм ба баҳор, аз дашту теппаҳои наздик ба деҳ гулҳои навбаромади қоқу чида, бо шодии зиёди кӯдакона ба падару модар, аҳли деҳа аз омади ин фасл мужда медодем.
БО “ОБРӮЙИ МУҲАММАДӢ” БАРГАРД…
– Аз давраи донишҷӯӣ чӣ ангораҳо боқӣ монда?
– Соли 1974 ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1979 хатм намудам. Дар замони мо дохил шудани духтарҳои деҳ ба донишгоҳҳои кишвар каме мушкил буд ва аз довталаб саводи комил талаб мекард. Нӯҳ сол доштам, ки падарам аз дунё гузаштанд ва дӯши зиндагӣ ба сари модарам бор шуд. Чун шавқам ба хондан зиёд буд, модарам ба таҳсил карданам иҷоза доданд.
Аллакай, пеш аз оғози таҳсили донишгоҳ маҳдудаҳое дар назди худ гузоштам ва иҷрои ҳар яки онро хеле зарур мешуморидам. Шумори духтарони деҳ дар донишгоҳҳо хеле кам буд ва як иштибоҳи мо метавонист, ба таҳсили дигар духтарон сад гузорад. Насиҳат ва панди ҳамешагии модарамро, ки доимо таъкид мекарданд, бо “обрӯйи муҳаммадӣ” ба қишлоқ баргард, аз хотир намебаровардам. Ҳамин буд, ки таҳсили худро дар як қолаби танг дароварда будам. Аз донишгоҳ мебаромадам ва мерафтам ба китобхона ва пас аз он ба хобгоҳ. Кӯшиш мекардем, ба эътибору номуси як духтари деҳотӣ латма назанем.
– Давраи донишҷӯии шуморо бо рӯзноманигори саршиноси тоҷик Соҷидаи Мирзо сахт тавъам медонанд. Дар бораи дӯстӣ бо ин бону мегуфтед…
– Шиносоии мо бо Соҷидаи Мирзо аз он оғоз шуд, ки ӯ баъди ду соли таҳсил дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба факултаи мо омад ва ду курс аз мо поинтар таҳсил мекард. Ӯ тавонист зуд худро ҳамчун як духтари донишманд, боиродаю қавӣ, бо диду андешаи дигар ва як шоираи ҷавон муаррифӣ намояд.
Агар гӯем, ошноии мо бо Соҷида душманона оғоз шуд, хато намекунем. Зеро мо духтарони аз ҳад зиёд қолабӣ ӯро, ки рӯҳан озод буд, фикру андешаи фарқкунанда дошт ва ба хаёли мо худро каме ҳавобаланд нишон медод, бад медидем. Ҳине ки аз наздик шинос шудем ва дарк кардем, ки фикрҳои доштаамон дар бораи ӯ ботил аст.
Омадани Соҷидаи Мирзоро ба факултаи филологияи УДТ ҳамчун инқилоб медонистам. Агар одам рӯҳан озод набошад, дар як маҳдудаи идеологӣ монад, рушд намекунад. Ман хушбахтам, ки Худованд дар айёми донишҷӯӣ чунин дӯстро бароям инъом кард ва шукр, ки то ҳол бо ҳам робитаи қавӣ дорем.
-Маҳпора – аз қаҳрамонҳои асосии асари “Қаламрави ҳавас”–и шумост. Баъзе наздикону шиносҳоятон зикр намуданд, ки ин шарҳи воқеии ҳаёти Шумо аст…
– Қиссаи ишқи Маҳпора ва ҷавони дӯстдори ӯ тасвири ҳаёти воқеист ва баъзе ҷузъиёти он ба зиндагии банда монанд аст. Вақте “Қаламрави ҳавас” ба дасти хонанда расид, нафарони зиёд гуфтанд, ки ман дар симои Маҳпораи бебахт гузаштаи худро ё аз кадом як духтари шиносамро дидам. Ишқи Маҳпора бо ҷавон танҳо дар чашмони онҳо, нигоҳҳои онҳо нуҳуфта буд ва то ба шавҳар баромадани Маҳпора, на худи ӯ ва на ошиқи ӯ меҳру ишқи поки доштаашонро ба ҳамдигар изҳор карда натавонистанд.
Эҷодкор меофарад ва боқӣ андешаи хонанда аст, ки дар симои образҳои офаридашуда, киро мебинад ва чиро дарк мекунад.
РАҲОВАРДИ АЛИЗОДА
– Фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз намудед. Миёни рӯзноманигорӣ ва ин касб чӣ пайвандиеро эҳсос кардед?
– Баъди чанд рӯзи хатми донишгоҳ, тӯйи арӯсии ман дар ноҳияи Фархор баргузор гашт. Аз ҳамин давра фаъолияти омӯзгориам чун муаллимаи забону адабиёт дар мактаби деҳа оғоз шуд. Баъдан, бо тақозои кори шавҳарам, ки одами ҳарбӣ буданд, ба вилояти Кӯлоб кӯчидем. Солҳои баъдӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Ховалинг низ зиндагӣ кардем ва баъд омадем ба Душанбе. Ин солҳо дар баробари кори рӯзноманигорӣ, ки дар нашрияи вилоятӣ – “Роҳи Ленинӣ” ва ноҳиявӣ – “Ҳақиқати Ховалинг” доштам, омӯзгорӣ ҷузъи фаъолияти кориам буд. Агар дар бораи рисолати рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ биандешем, бо вуҷуди функсияҳои зиёди пешаи рӯзноманигорӣ як вазифаи муҳим ба ҳар ду ҳам хос аст: кӯмаки инсон аз лиҳози маънавӣ.
– Дипломи ҳуқуқшиносӣ доред. Чӣ сабаб шуд, ки дар ин касб намондед?
– Ҳуқуқшинос шудан ва барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон як орзу ва ҳаваси ҷавонии ман буд. Дар Суди Олӣ 3 сол ҳамчун машваратгар фаъолият кардам. Дар 45-солагӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи ҳуқуқшиносӣ хатм карда, маълумоти дуюм гирифтам. Мақсад гузоштам, ки ҳадди ақал адвокат шавам. Вале бо гузашти вақт ва мушоҳидаҳо пай бурдам, ки институти адвокатӣ дар Тоҷикистон бо ном вуҷуд дорад. Дигар аз пасаш нашудам ва ин орзуи давраи ҷавонии худро дар дил нуҳуфта кардам.
– Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфт ва Шумо нахустин сармуҳаррири он таъйин шудед. Дар бораи фаъолият дар ин нашрия мегуфтед.
– То соли 2006 дар кишвар нашрияе набуд, ки пурра ба рӯзгору фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии занон бахшида шуда бошад. Ба майдон омадани маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” навгоние буд дар соҳа. Муассиси он Президенти кишвар буданд ва маҳз он кас маро ба вазифаи сармуҳарририи маҷалла таъйин карданд. Моҳи август ба вазифа омадам ва бояд шумораи аввали маҷалла то моҳи сентябр, ба муносибати 15-умин солгарди Истиқлоли кишвар ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб нашр мешуд.
Корро дар таъсиси ин маҷалла аз сифр оғоз кардем. Бубинед, вақте ба шумо аз ҷониби Сарвари давлат амр мешавад, ки дар муддати як моҳ маҷалла омода кунед, дар ҳоле ки на тарҳу шакл, бандубаст ва ҳеҷ чизи дигари он маълум нест, чӣ қадар бароятон мушкил аст. Дар муддати камтар аз як моҳ камина ба танҳоӣ ба ин кор даст задам. Шумораи нахусти маҷалларо бо тарҳи ранга, ки он солҳо камчин буд, омода ва ба нашр додам.
Аввали фаъолият мушкил буд, вале бо гузашти вақт беҳтар мешуд. Соли 2011 озмуни “Чеҳракушойӣ”-ро дар “Бонувони Тоҷикистон” роҳандозӣ кардем. Ин озмун дар муаррифӣ кардани чеҳраҳои бонувони муваффақи кишвар ва ба ин васила пешниҳоди кадрҳои арзанда ба Ҳукумати кишвар нақши бориз дошт. Ҳоло чанд тан аз бонувоне, ки дар сиёсати имрӯзи кишвар кор мебаранд, кашшофи онҳо маҳз “Бонувони Тоҷикистон” аст.
– Бо вуҷуди ин баъзеҳо ба ин назаранд, ки Шуморо бо бархе ихтилофҳо аз ин маҷалла “гуселониданд”…
– Не, нодуруст аст. Дар баробари ман, соли 2012 сармуҳаррирони нашрияҳои дигари давлатӣ – “Ҷумҳурият”, “Народная газета” ва “Халқ овози” низ иваз шуданд.
Журналистика назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?!
– Хуршед Атовулло ба ин назар аст, “пас аз Акбари Саттор журналистикаи тоҷик фалаҷ шуд ва дар як соли охир ба таври мармуз журналистика мурд”. Назари Шумо чӣ аст?
– Акбари Саттор журналистонро дар дилхоҳ вазъ тифоқ карда метавонист ва суханаш қурб дошт. Дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ӯро ҳамчун як сарвари ниҳоди ҷамъиятӣ даъват мекарданд. Ҳатто аъзои комиссияи марказии интихобот буд. Ин аз обрӯи журналистика дар назди Ҳукумат гувоҳӣ медод. Ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика назди Ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?! Ҳеҷ!
Акбари Саттор журналистикаро не, иттиҳоду ҳамраъйӣ миёни журналистонро бо худ бурд.
– Кадом омилҳо вазъи журналистикаро ба ин ҳад овард?
– Бӯҳрони иқтисодӣ, тарс, сензураи ғайриқонуние, ки мегӯянд нест, вале ҳаст ва кӯшиши Ҳукумат дар мавриди аз зери контрол набаровардани журналистон…
– Шумо ба ин фикр нестед, ки қазияи пурсарусадои чанд журналисти тоҷик талабгорони ин пешаро кам кардааст?
– Мушоҳидаи чанд моҳи охир нишон дод, ки баъд аз пушти панҷара бурдани журналистон ба муҳлати 7 солу 10 сол, натанҳо талабгорони ин пеша рӯ ба камшавӣ ниҳоданд, аллакай, чандин журналистон роҳи муҳоҷиратро афзал донистанд. Шавқу завқи журналистони ҷавоне, ки мехостанд, проблемаҳои ҷомеаро ба гӯши масъулин расонанд, аз дарди мардум нависанд, мурд. Имрӯз журналистон метарсанд ва чизе мегӯянд, ки “на сих сӯзад, на кабоб”. Журналистика “на сих сӯзад, на кабоб”, нест!
– Дар кишвар нақши кадом ниҳоди журналистӣ дар ҳаёти як журналист зиёдтар аст?
– Агар имрӯз ниҳодҳои журналистӣ дар Тоҷикистон қадр медоштанд, суханашон, гапашон қурб медошт, аҳволи чанд ҳамкасби мо то ин ҳад намерасид. Қадре намондааст.
“ТАМАЛЛУҚ” ЖАНРИ НАВИ ЖУРНАЛИСТОН ШУДААСТ
– Пас, аз фардои журналистика чӣ умед доред?
– Аз ҳама “жанр”-и маъмули журналистикаи имрӯзи мо тамаллуқ аст ва ин “жанр” моли соҳа нест. Ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад. Журналистика дар баробари чунин таърифҳои беасос, бояд аз дарду доғи мардум ва аз мушкилии ҷомеа нависад.
Фарз кардем, агар дар як деҳаи дурдасти кишвар бунгоҳи тиббӣ нест ё то ба мактаб рафтани хонанда ӯ бояд 5-10 километр роҳро пиёда равад ва инро як журналист бояд расонаӣ кунад, то масъулин аз ин вазъ огоҳ гарданду мушкилии ҷойдоштаро ҳал намоянд. Пас гуноҳи журналист чист, ки зуд ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мегардад? Ин вазъи доштаи журналистикаи тоҷик боиси нигаронист.
БА РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ РАСОНЕД!
– Аз кадрҳое, ки факултаву шуъбаҳои журналистӣ дар кишвар омода мекунанд, то куҷо розиед?
– Шумори журналистони ҷавон, ки дар соҳаи худ кор мекунанд, кам шуда истодаанд. Агар масъалаи аввал вазъи моливию паст будани маош бошад, пас тарафи дигари масъала, тарзи қабули донишҷӯён ба чунин факултаҳои эҷодӣ аст.
Бо низоми тестӣ натанҳо журналистика, балки дилхоҳ ихтисос сафи донишҷӯёни ҳақиқӣ ва дӯстдори касби ояндаи худро аз даст дод. Чӣ гуна як донишҷӯе, ки муаллим шудан мехоҳад, ба журналистика “меафтад” ва дар ин соҳа мутахассиси хуб мешавад? Ҳунари эҷодӣ ба завқу шавқи довталаб вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза ба касби худ содиқ мемонад.
– Пас роҳи ҳал куҷост?
– Пеш аз ҳама қабули донишҷӯён ба факултаю шуъбаҳои журналистӣ бояд дигар шавад. Журналистони амалкунанда ё касбӣ, ки дар ВАО фаъолият мекунанд, бештар ба факултаҳо ҷалб шаванд, то аз фаъолияти амалии худ чизе гуфта тавонанд. Устоде, ки худ дар деги журналистика наҷӯшидааст, ба як журналистшав чӣ гуфта метавонад?!
Дарсҳои назариявӣ кам шаванд. Журналистика тағйир ёфтааст ва он омӯзиши наву стандартҳои замонавиро мехоҳад. Баъдан, ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён диққати зиёд диҳанд. Бубинед, шуъбаҳои журналистии минтақаҳо як тараф, дар худи факултаи журналистикаи ДМТ ду ихтисос ҳаст, ки донишҷӯён чор сол забонҳои хориҷӣ – англисӣ ва арабӣ мехонанд. Вале ку ҳамон журналисти ҷавоне, ки бо ин забонҳо мавод омода карда тавонад? Инҳо масъалаҳоеанд, ки бояд садорати факултаи журналистика ба гӯши роҳбарияти донишгоҳ расонад.
Мусоҳиб: Давлати АБДУЛЛО
Бознашр аз:

 111- сола шудем!

0
Возможно, это изображение 1 человек, цветок, в помещении и текст «UAWEI P30 Pro ICA QUAD CAMERA»
Ҳамкасбони азиз, хонандагони арҷманд, муштариёну ҳаводорони МАТБУОТИ ТОҶИК, ид муборак!
Рӯзи матбуот инак 1- асру 11 сол аст таҷлил мегардад ва мову шумо соҳибҷашнҳои ин рақамҳои панҷто 1 ҳастем.
Шояд ҳикмате дорад?!.
Аз “БУХОРОИ ШАРИФ” то матбуоти муосир роҳи тӯлонӣ ва пуршараферо тай намудаем. Ин роҳ иттилоърасонӣ ва тафаккурсозӣ буду ҳаст.
Матбуот дар ин давра рисолати хешро дар такомули рушди зеҳнии ҷомеа ва бомаърифату огаҳ гардонидани мардум иҷро кардаву мекунад.
Фазои иттилоотии моро то ин дам матбуот ҳукумат мекард, имрӯзҳо шаклҳои дигари иттилоърасонӣ пайдо шудаанд, вале то ҳол матбуот бо хабарҳои дақиқ, санҷидашуда ва дар хат мондагораш беназир аст.
Иди матбуот ва рӯзи тавлиди нахустин рӯзномаи тоҷикӣ МУБОРАКАМОН!
Бароятон дар ин касби пуршараф ва заҳматталаб муваффақият хоҳонам, ҳамкасбони мӯҳтарам!
Бо камоли эҳтиром- раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Дастури библиографӣ аз нашрияи “Ҷумҳурият”

0
Нахуст директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумъахон Файзализода ҳозиронро муаррифӣ намуда хайра мақдам гуфт.
Сипас ӯ нашри китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (солҳои 2019- 2022)-ро дар арафаи 111- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик фоли накӯ номида мақсад ва муҳтавои ин китоби тозанашрро тарҷеҳ дод.
Баъд сухан ба сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонзода дода шуд, ки мавсуф аз нашри китоб ва инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар “Ҷумҳурият” ва зарурати ҳамчунин як дастури библиографӣ сухан кард.
Раҳмоналӣ Шералиев – сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ аз ин падидаи нек ва маводи хубе барои пажӯҳишгарони сиёсӣ ва илмӣ будани он андешаҳои хешро иброз намуд.
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҲУРИННИСО АЛИЗОДА низ аз нақши матбуоти тоҷик дар рушди тафаккури ҷомеа ва зарурати созандагии ҳарфи журналистон дар ин даврони хабарпароканиҳои сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ҳарф зад.
Мавсуф низ аз он ки замоне муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буду, давроне корманди нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нашри бибилиографии ин китоб ва дар таҳияи медиатекаи Президенти кишвар саҳм доштани худ ва кормандони Китобхона ёдовар гашта ба кормандони шӯъбаи библиогрфии он изҳори сипос кард.
Сармуҳаррирони нашрияҳои “СССР” ва “Минбари халқ” Сайёфи Мизроб ва Сӯҳроб Рауфзода ҳам табрикоти хешро барои нашри ин китоби библиографӣ ва заҳматҳои китобдорон баён карданд.
Сайёфи Мизроб ҳамчунин аз зарурати такмили хазинаи Китобхонаи миллӣ ва дарёфти нусхаҳои ҳама нашрияҳои даврӣ масъалагузорӣ намуд.
Журналист Абдуқодири Раҳим низ аз камбуду муваффақиятҳои нашри китоб сухан намуда аз камии теъдоди нашри он изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ин ҳамоиш мушовири калони Президенти Тоҷикистон Н. Оқилов низ ҳузур дошт, ки ин иқдоми китобдорони тоҷикро дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, ба роҳбарият и Китобхонаи миллӣ дар идома додани ин амали илмӣ- фарҳангӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дастури мазкур дар шакли электронӣ низ ба хидмати хонандагони бешумори китобхонаҳои кишвар пешниҳод хоҳад шуд.