Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи “Asia-Plus”

0

Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи “AsiaPlus” баҳонаи хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар сутӯҳ ва аркони мухталифи ин рӯзномаи пурмухотаб бо саъюу талош машғули коранд.

Матбуот ҳамеша сарфи назар аз мавзеъгирияш имкон дорад кори рӯшангариро анҷом диҳад.  Интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда рӯ ба рӯ шудааст, кори рӯзноманигориро дар минтақаҳо  ба маротиб душвортар кардааст.

Вале  бо вуҷуди ин ҳайати эҷодӣ ва техникии ҳирфаӣ  дар рӯзномаи “Asia Plus” даст ба кор ҳастанд,  умедворем, даҳсолаҳои дигар дар майдони қаламкашӣ пештоз хоҳанд монд.

Устуворӣ, собитқадамӣ ва талоши ҳамешагӣ барои тавлиди як рӯзномаи ҷолиб, ки қобили эътимоди ҳазорҳо хонандагон дар минтақа ва саросари кишвар шудааст, кори саҳлу соддае нест.

Ин дар ҳолест ки бо омадани расонаҳои нав имкони пешгомии расонаҳои суннатӣ, хусусан расонаҳои чопӣ дар расонидани хабару иттилоъ аз миён рафт ва зиёде аз рӯзномаҳо рӯй ба таҳлил ва тафсири ҳодисаву рӯйдод овардаанд.

Матубот дар тамоми даврони ҳузури худ, хусусан дар ин давраи фанновариҳои иттилоотӣ бо ҷаҳди тамом масъалаҳои муҳиму дардноки ҷомеаро пайгирӣ мекунад.

Итминон дорам, дар пушти ин сахткӯшӣ, дилҳои ошиқе қарор доранд, ки барои сарбаландии Тоҷикистон метапанд ва сахтиҳои кори расонанигорӣ ва рӯзноманигориро таҳаммул мекунанд.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 20- умин солгарди интишори рӯзномаи “Asia Plus” -ро  ба кулли хонандагон ва ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯяд.

Барои Шумо аҳли эҷоди рузномаи «Asia Plus» дар фатҳи ин ҳаракати фарҳангӣ орзуи муваффақият, пирӯзӣ, сарбаландӣ дорам ва умедворем, ки бо нашри мақолаву маводи ҳирфаӣ, коршиносона, дархӯри замон ҳамеша мавқеи худро дар майдони матбуоти тоҷик хоҳед дошт.  Умедворем, ки ҳамчун узви Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд ҳам назокатҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои фаъолияти касбии рӯзноманигориро ба унвони яке аз аслҳои рӯзноманигории босифат ҳамеша риоят мекунед

Бо арҷ  Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон

Эълон барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” соли 2019

1

Раёсати Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонӣ аз рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар бахшҳои мухталиф, бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” -ро эълон менамояд.
Муаллифони матолиби пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи талаботи Ҷоизаи “Эътимод” бошанд:
– «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон»-ро ҳангоми таҳияи матолиб риоя мекунанд;
– Дар рушди журналистика нақши боризе доранд ва барои боло бурдани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
– Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;
– Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
– Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
– Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
– Дар омода намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

http://mediacouncil.tj/tamos-bo-mo/
Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО ё идораи расонае, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд. Дар Низомномаи Ҷоиза зикр шудааст, ки “Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд”.
Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Қарор дар бораи барандаи ҷоизаро Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад.
Ҷоизаи Шӯрои ВАО Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола дар барномаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии озодии баён – 3 май ба рӯзноманигорон тақдим мешавад.
Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мукофоти молӣ низ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯро муайян мекунад. Барандаи Ҷоиза ҳамчунин соҳиби дипломи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегардад..
Пешбарии номзадҳо, тибқи низомнома то 15 апрел идома меёбад.

Изҳороти Шӯрои ВАО Тоҷикистон

0


Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” (аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31) – ро тасмими ноҳисобшуда ва номувофиқ ба вазъи иқтисодии кишвар ва шаҳрвандон медонад. Аз сӯйи дигар, боло бурдани арзиши Интернет дар шароити ногувори иқтисодӣ, дастрасии шаҳрвандонро ба иттилоот маҳдуд мекунад ва ба ин васила вазъи бе ин ҳам ногувори озодии баёнро дар Тоҷикистон ногувортар менамояд.

Инчунин ин тасмим хилофи масъулиятҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулиятҳое мебошад, ки кишвари мо дар доираи узвияти Созмони ҷаҳонии Тиҷорат пазируфтааст. Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз самтҳои афзалиятнок барои самаранокии фаъолияти ҳукумат ин татбиқи ҳарчи зудтари ҳукумати электронӣ ва дар рушди иқтисодиёт бошад бахши иктисодиёти рақамӣ аст, ки ин тасмим расидан ба ин гуна ҳадафҳои стратегии миллиро душвор мегардонад.

Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва қонунгузорӣ ҷумҳурии демократӣ аст ва дар ҷомеаи демократӣ Интернет яке аз василаҳои зудамали на танҳо дарёфт ва табодули иттилооти озод мебошад, балки он ба як самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба хотири беҳдошти зиндагии азрзандаи мардум низ табдил ёфта истодааст. Бинобар ин, бар асари боло бурдани арзиши Интернет дастрасии мардум ба он ва ҳамин гуна ба ахбору иттилои муҳими ҷаҳонӣ маҳдуд мешавад, ки ин хилофи меъёрҳои демократӣ ва пазируфташудаи ҷаҳонӣ мебошад.

Шӯрои ВАО ҳамчунин нигаронии худро аз додани афзалият ба яке аз ширкатҳои ҳозир дар бозор, изҳор медорад ва ин корро хилофи мантиқи фаъолияти худи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва талаботи қонунҳои Ҷумуҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи монополияҳои табиӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон”, “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” медонад.

Ҳамчунин Шӯрои ВАО аз сол то сол паст шудани сифати хидматрасониҳои соҳаи алоқа, аз ҷумла сифату суръати Интернет ва дар ин замина гарон шудани арзиши гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хидматрасониҳои интернетӣ нигарон аст ва инро пайомади мудирияти нодурусти соҳа медонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд сол пеш Тоҷикистон пешгоми таҳаввулот дар бозори алоқаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳато кишварҳои пасошӯравӣ буд.

Шӯрои ВАО чунин меҳисобад, ки дар шароити ногувори иқтисодӣ ва вазъи ноҷӯри иҷтимоии шаҳрвандон, бидуни асос ва мантиқ боло бурдани арзиши Интернет ва хидматрасониҳо дигар пайомадҳои нохуби иқтисодиву иҷтимоӣ бар ҷой мегузорад. Дар ҳоле, ки дар тамоми дунё, аз ҷумла ҳамсояҳои давру бари мо, тамоюли рӯ ба пойин рафтани арзиши Интернет мушоҳида мешавад, ин тасмим боиси норозигиҳо ва адами эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумат мегардад. Бинобар ин, Шӯрои ВАО аз мақомоти зидахли давлатӣ бекор кардани Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ”-ро дархост намуда, умедвор аст, ки минбаъд арзиши Интернет дар кишвар арзон мешавад ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва дигар хизматрасониҳои фанновариҳои ҷадид роҳаттар мегардад.

Шаҳри Душанбе, 19 марти с.2019.

Шабакаҳои иҷтимоӣ: манфиат ва хатар

0

15 уми марти соли ҷорӣ  донишҷӯёни курсҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар муборак мулоқот бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва коршиносони соҳаи иттилоотонӣ ширкат варзида чӣ будани саводи расонаӣ ва истифодаи он аз ҷониби мардум, маълумоти муфассал падо карданд. Вохӯриро журналист Низомиддин Исоев менторӣ намуда тариқи усули интерактивӣ ба иштироккунандагон саводи расонаӣ омӯхт. Журналистони оянда, ки ҳамаашон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ будаанд, изҳор намуданд, ки пештар оид ба ин мавзӯъҳо огаҳӣ надоштанд. Онҳо изҳор доштанд, дар замоне қарор доранд, ки зиндагии рӯзмараро дигар бе интернет тасаввур кардан ғайримкон гашта истодааст, бинобар ин  омӯзиш ва истифодаи дурусти ахбор хеле муҳим аст. Хоса барои насли ҷавон, ки дар шабакаҳои  иҷтимоӣ хеле фаъоланд, доштани дониши расонаӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бояд гуфт, ки Омӯзиши саводнокии расонаӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир аст, ки дар он ВАО ҳамчун «манфиати ҷамъиятӣ» ва институти рушди шаҳрвандон фаҳмида мешавад, арзёбӣ мегардад. Чунин омӯзишҳо, ки дар доираи лоиҳаи “Хонаи  саводи расонаӣ дар Хатлон” амалӣ гашта истодаанд, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки на танҳо ба асосҳои саводнокии расонаӣ, балки дар маҷмӯъ ҳамчун падидаи муҳимтарини фарҳанги иттилоотии муосир бо яке аз самтҳои навтарини он ба таври васеътар шинос шаванд, чун як бахши муҳими саводи расонаӣ ин истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

ҲУРИННИСО АЛИЗОДА: “ЖУРНАЛИСТИКА “НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ”, НЕСТ”

0
Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон ва яке аз журналистони маъруфи кишвар чанд рӯзи пеш зодрӯз дошт. Ӯ мутаваллиди 4-уми март буда, хатмкардаи факултаи филологияи ДМТ (УДТ–и пешин) аст.
Фаъолияти кории худро аз омӯзгорӣ оғоз карда, аз солҳои 90-уми асри гузашта ба майдони рӯзноманигорӣ гом ниҳод. Ӯ ҳоло аз вазъи имрӯзаи журналистикаи тоҷик нигаронӣ дорад ва мегӯяд, “ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад”.
Раиси Шӯрои ВАО суол мегузорад, ки агар ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика дар назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?
Ҳуриннисо Ализода ба муносибати солгарди 66-умини умр ва дар пешвози Рӯзи матбуоти тоҷик бо “Фараж” аз рӯзгори гузаштаи худ, ҷодаи тайкарда ва вазъи журналистикаи тоҷик сӯҳбат кард.
“ДАР САРҲАД БО АФҒОНИСТОН КАЛОН ШУДАМ”
– Баҳори имсолро чӣ гуна пешвоз мегиред?
– Баҳорро ҳамчун фасли шукуфтанҳо, эҳёи дубораи табиат ва умри одамизод ҷашн мегиранд. Баҳори ман низ чунин аст. Омадани ин фасл маро огоҳ мекунад, ки боз як соли умр кам шуд ва ташвиқам медиҳад, то баҳри ҳадафҳои бузург талош намоям.
-Баҳори кӯдакии Шумо чӣ гуна буд?
-Кӯдакиям дар деҳаи наздисарҳадии совхози ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ гузаштааст. Қишлоқи моро аз кишвари ҳамсоя – Афғонистон дарёи Панҷ ҷудо мекунад. Ҳанӯз аз охири моҳи феврал мо – кӯдакони дилгиршуда аз маҳдудаҳои зимистон ва дилгарм ба баҳор, аз дашту теппаҳои наздик ба деҳ гулҳои навбаромади қоқу чида, бо шодии зиёди кӯдакона ба падару модар, аҳли деҳа аз омади ин фасл мужда медодем.
БО “ОБРӮЙИ МУҲАММАДӢ” БАРГАРД…
– Аз давраи донишҷӯӣ чӣ ангораҳо боқӣ монда?
– Соли 1974 ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1979 хатм намудам. Дар замони мо дохил шудани духтарҳои деҳ ба донишгоҳҳои кишвар каме мушкил буд ва аз довталаб саводи комил талаб мекард. Нӯҳ сол доштам, ки падарам аз дунё гузаштанд ва дӯши зиндагӣ ба сари модарам бор шуд. Чун шавқам ба хондан зиёд буд, модарам ба таҳсил карданам иҷоза доданд.
Аллакай, пеш аз оғози таҳсили донишгоҳ маҳдудаҳое дар назди худ гузоштам ва иҷрои ҳар яки онро хеле зарур мешуморидам. Шумори духтарони деҳ дар донишгоҳҳо хеле кам буд ва як иштибоҳи мо метавонист, ба таҳсили дигар духтарон сад гузорад. Насиҳат ва панди ҳамешагии модарамро, ки доимо таъкид мекарданд, бо “обрӯйи муҳаммадӣ” ба қишлоқ баргард, аз хотир намебаровардам. Ҳамин буд, ки таҳсили худро дар як қолаби танг дароварда будам. Аз донишгоҳ мебаромадам ва мерафтам ба китобхона ва пас аз он ба хобгоҳ. Кӯшиш мекардем, ба эътибору номуси як духтари деҳотӣ латма назанем.
– Давраи донишҷӯии шуморо бо рӯзноманигори саршиноси тоҷик Соҷидаи Мирзо сахт тавъам медонанд. Дар бораи дӯстӣ бо ин бону мегуфтед…
– Шиносоии мо бо Соҷидаи Мирзо аз он оғоз шуд, ки ӯ баъди ду соли таҳсил дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба факултаи мо омад ва ду курс аз мо поинтар таҳсил мекард. Ӯ тавонист зуд худро ҳамчун як духтари донишманд, боиродаю қавӣ, бо диду андешаи дигар ва як шоираи ҷавон муаррифӣ намояд.
Агар гӯем, ошноии мо бо Соҷида душманона оғоз шуд, хато намекунем. Зеро мо духтарони аз ҳад зиёд қолабӣ ӯро, ки рӯҳан озод буд, фикру андешаи фарқкунанда дошт ва ба хаёли мо худро каме ҳавобаланд нишон медод, бад медидем. Ҳине ки аз наздик шинос шудем ва дарк кардем, ки фикрҳои доштаамон дар бораи ӯ ботил аст.
Омадани Соҷидаи Мирзоро ба факултаи филологияи УДТ ҳамчун инқилоб медонистам. Агар одам рӯҳан озод набошад, дар як маҳдудаи идеологӣ монад, рушд намекунад. Ман хушбахтам, ки Худованд дар айёми донишҷӯӣ чунин дӯстро бароям инъом кард ва шукр, ки то ҳол бо ҳам робитаи қавӣ дорем.
-Маҳпора – аз қаҳрамонҳои асосии асари “Қаламрави ҳавас”–и шумост. Баъзе наздикону шиносҳоятон зикр намуданд, ки ин шарҳи воқеии ҳаёти Шумо аст…
– Қиссаи ишқи Маҳпора ва ҷавони дӯстдори ӯ тасвири ҳаёти воқеист ва баъзе ҷузъиёти он ба зиндагии банда монанд аст. Вақте “Қаламрави ҳавас” ба дасти хонанда расид, нафарони зиёд гуфтанд, ки ман дар симои Маҳпораи бебахт гузаштаи худро ё аз кадом як духтари шиносамро дидам. Ишқи Маҳпора бо ҷавон танҳо дар чашмони онҳо, нигоҳҳои онҳо нуҳуфта буд ва то ба шавҳар баромадани Маҳпора, на худи ӯ ва на ошиқи ӯ меҳру ишқи поки доштаашонро ба ҳамдигар изҳор карда натавонистанд.
Эҷодкор меофарад ва боқӣ андешаи хонанда аст, ки дар симои образҳои офаридашуда, киро мебинад ва чиро дарк мекунад.
РАҲОВАРДИ АЛИЗОДА
– Фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз намудед. Миёни рӯзноманигорӣ ва ин касб чӣ пайвандиеро эҳсос кардед?
– Баъди чанд рӯзи хатми донишгоҳ, тӯйи арӯсии ман дар ноҳияи Фархор баргузор гашт. Аз ҳамин давра фаъолияти омӯзгориам чун муаллимаи забону адабиёт дар мактаби деҳа оғоз шуд. Баъдан, бо тақозои кори шавҳарам, ки одами ҳарбӣ буданд, ба вилояти Кӯлоб кӯчидем. Солҳои баъдӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Ховалинг низ зиндагӣ кардем ва баъд омадем ба Душанбе. Ин солҳо дар баробари кори рӯзноманигорӣ, ки дар нашрияи вилоятӣ – “Роҳи Ленинӣ” ва ноҳиявӣ – “Ҳақиқати Ховалинг” доштам, омӯзгорӣ ҷузъи фаъолияти кориам буд. Агар дар бораи рисолати рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ биандешем, бо вуҷуди функсияҳои зиёди пешаи рӯзноманигорӣ як вазифаи муҳим ба ҳар ду ҳам хос аст: кӯмаки инсон аз лиҳози маънавӣ.
– Дипломи ҳуқуқшиносӣ доред. Чӣ сабаб шуд, ки дар ин касб намондед?
– Ҳуқуқшинос шудан ва барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон як орзу ва ҳаваси ҷавонии ман буд. Дар Суди Олӣ 3 сол ҳамчун машваратгар фаъолият кардам. Дар 45-солагӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи ҳуқуқшиносӣ хатм карда, маълумоти дуюм гирифтам. Мақсад гузоштам, ки ҳадди ақал адвокат шавам. Вале бо гузашти вақт ва мушоҳидаҳо пай бурдам, ки институти адвокатӣ дар Тоҷикистон бо ном вуҷуд дорад. Дигар аз пасаш нашудам ва ин орзуи давраи ҷавонии худро дар дил нуҳуфта кардам.
– Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфт ва Шумо нахустин сармуҳаррири он таъйин шудед. Дар бораи фаъолият дар ин нашрия мегуфтед.
– То соли 2006 дар кишвар нашрияе набуд, ки пурра ба рӯзгору фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии занон бахшида шуда бошад. Ба майдон омадани маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” навгоние буд дар соҳа. Муассиси он Президенти кишвар буданд ва маҳз он кас маро ба вазифаи сармуҳарририи маҷалла таъйин карданд. Моҳи август ба вазифа омадам ва бояд шумораи аввали маҷалла то моҳи сентябр, ба муносибати 15-умин солгарди Истиқлоли кишвар ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб нашр мешуд.
Корро дар таъсиси ин маҷалла аз сифр оғоз кардем. Бубинед, вақте ба шумо аз ҷониби Сарвари давлат амр мешавад, ки дар муддати як моҳ маҷалла омода кунед, дар ҳоле ки на тарҳу шакл, бандубаст ва ҳеҷ чизи дигари он маълум нест, чӣ қадар бароятон мушкил аст. Дар муддати камтар аз як моҳ камина ба танҳоӣ ба ин кор даст задам. Шумораи нахусти маҷалларо бо тарҳи ранга, ки он солҳо камчин буд, омода ва ба нашр додам.
Аввали фаъолият мушкил буд, вале бо гузашти вақт беҳтар мешуд. Соли 2011 озмуни “Чеҳракушойӣ”-ро дар “Бонувони Тоҷикистон” роҳандозӣ кардем. Ин озмун дар муаррифӣ кардани чеҳраҳои бонувони муваффақи кишвар ва ба ин васила пешниҳоди кадрҳои арзанда ба Ҳукумати кишвар нақши бориз дошт. Ҳоло чанд тан аз бонувоне, ки дар сиёсати имрӯзи кишвар кор мебаранд, кашшофи онҳо маҳз “Бонувони Тоҷикистон” аст.
– Бо вуҷуди ин баъзеҳо ба ин назаранд, ки Шуморо бо бархе ихтилофҳо аз ин маҷалла “гуселониданд”…
– Не, нодуруст аст. Дар баробари ман, соли 2012 сармуҳаррирони нашрияҳои дигари давлатӣ – “Ҷумҳурият”, “Народная газета” ва “Халқ овози” низ иваз шуданд.
Журналистика назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?!
– Хуршед Атовулло ба ин назар аст, “пас аз Акбари Саттор журналистикаи тоҷик фалаҷ шуд ва дар як соли охир ба таври мармуз журналистика мурд”. Назари Шумо чӣ аст?
– Акбари Саттор журналистонро дар дилхоҳ вазъ тифоқ карда метавонист ва суханаш қурб дошт. Дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ӯро ҳамчун як сарвари ниҳоди ҷамъиятӣ даъват мекарданд. Ҳатто аъзои комиссияи марказии интихобот буд. Ин аз обрӯи журналистика дар назди Ҳукумат гувоҳӣ медод. Ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика назди Ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?! Ҳеҷ!
Акбари Саттор журналистикаро не, иттиҳоду ҳамраъйӣ миёни журналистонро бо худ бурд.
– Кадом омилҳо вазъи журналистикаро ба ин ҳад овард?
– Бӯҳрони иқтисодӣ, тарс, сензураи ғайриқонуние, ки мегӯянд нест, вале ҳаст ва кӯшиши Ҳукумат дар мавриди аз зери контрол набаровардани журналистон…
– Шумо ба ин фикр нестед, ки қазияи пурсарусадои чанд журналисти тоҷик талабгорони ин пешаро кам кардааст?
– Мушоҳидаи чанд моҳи охир нишон дод, ки баъд аз пушти панҷара бурдани журналистон ба муҳлати 7 солу 10 сол, натанҳо талабгорони ин пеша рӯ ба камшавӣ ниҳоданд, аллакай, чандин журналистон роҳи муҳоҷиратро афзал донистанд. Шавқу завқи журналистони ҷавоне, ки мехостанд, проблемаҳои ҷомеаро ба гӯши масъулин расонанд, аз дарди мардум нависанд, мурд. Имрӯз журналистон метарсанд ва чизе мегӯянд, ки “на сих сӯзад, на кабоб”. Журналистика “на сих сӯзад, на кабоб”, нест!
– Дар кишвар нақши кадом ниҳоди журналистӣ дар ҳаёти як журналист зиёдтар аст?
– Агар имрӯз ниҳодҳои журналистӣ дар Тоҷикистон қадр медоштанд, суханашон, гапашон қурб медошт, аҳволи чанд ҳамкасби мо то ин ҳад намерасид. Қадре намондааст.
“ТАМАЛЛУҚ” ЖАНРИ НАВИ ЖУРНАЛИСТОН ШУДААСТ
– Пас, аз фардои журналистика чӣ умед доред?
– Аз ҳама “жанр”-и маъмули журналистикаи имрӯзи мо тамаллуқ аст ва ин “жанр” моли соҳа нест. Ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад. Журналистика дар баробари чунин таърифҳои беасос, бояд аз дарду доғи мардум ва аз мушкилии ҷомеа нависад.
Фарз кардем, агар дар як деҳаи дурдасти кишвар бунгоҳи тиббӣ нест ё то ба мактаб рафтани хонанда ӯ бояд 5-10 километр роҳро пиёда равад ва инро як журналист бояд расонаӣ кунад, то масъулин аз ин вазъ огоҳ гарданду мушкилии ҷойдоштаро ҳал намоянд. Пас гуноҳи журналист чист, ки зуд ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мегардад? Ин вазъи доштаи журналистикаи тоҷик боиси нигаронист.
БА РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ РАСОНЕД!
– Аз кадрҳое, ки факултаву шуъбаҳои журналистӣ дар кишвар омода мекунанд, то куҷо розиед?
– Шумори журналистони ҷавон, ки дар соҳаи худ кор мекунанд, кам шуда истодаанд. Агар масъалаи аввал вазъи моливию паст будани маош бошад, пас тарафи дигари масъала, тарзи қабули донишҷӯён ба чунин факултаҳои эҷодӣ аст.
Бо низоми тестӣ натанҳо журналистика, балки дилхоҳ ихтисос сафи донишҷӯёни ҳақиқӣ ва дӯстдори касби ояндаи худро аз даст дод. Чӣ гуна як донишҷӯе, ки муаллим шудан мехоҳад, ба журналистика “меафтад” ва дар ин соҳа мутахассиси хуб мешавад? Ҳунари эҷодӣ ба завқу шавқи довталаб вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза ба касби худ содиқ мемонад.
– Пас роҳи ҳал куҷост?
– Пеш аз ҳама қабули донишҷӯён ба факултаю шуъбаҳои журналистӣ бояд дигар шавад. Журналистони амалкунанда ё касбӣ, ки дар ВАО фаъолият мекунанд, бештар ба факултаҳо ҷалб шаванд, то аз фаъолияти амалии худ чизе гуфта тавонанд. Устоде, ки худ дар деги журналистика наҷӯшидааст, ба як журналистшав чӣ гуфта метавонад?!
Дарсҳои назариявӣ кам шаванд. Журналистика тағйир ёфтааст ва он омӯзиши наву стандартҳои замонавиро мехоҳад. Баъдан, ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён диққати зиёд диҳанд. Бубинед, шуъбаҳои журналистии минтақаҳо як тараф, дар худи факултаи журналистикаи ДМТ ду ихтисос ҳаст, ки донишҷӯён чор сол забонҳои хориҷӣ – англисӣ ва арабӣ мехонанд. Вале ку ҳамон журналисти ҷавоне, ки бо ин забонҳо мавод омода карда тавонад? Инҳо масъалаҳоеанд, ки бояд садорати факултаи журналистика ба гӯши роҳбарияти донишгоҳ расонад.
Мусоҳиб: Давлати АБДУЛЛО
Бознашр аз:

 111- сола шудем!

0
Возможно, это изображение 1 человек, цветок, в помещении и текст «UAWEI P30 Pro ICA QUAD CAMERA»
Ҳамкасбони азиз, хонандагони арҷманд, муштариёну ҳаводорони МАТБУОТИ ТОҶИК, ид муборак!
Рӯзи матбуот инак 1- асру 11 сол аст таҷлил мегардад ва мову шумо соҳибҷашнҳои ин рақамҳои панҷто 1 ҳастем.
Шояд ҳикмате дорад?!.
Аз “БУХОРОИ ШАРИФ” то матбуоти муосир роҳи тӯлонӣ ва пуршараферо тай намудаем. Ин роҳ иттилоърасонӣ ва тафаккурсозӣ буду ҳаст.
Матбуот дар ин давра рисолати хешро дар такомули рушди зеҳнии ҷомеа ва бомаърифату огаҳ гардонидани мардум иҷро кардаву мекунад.
Фазои иттилоотии моро то ин дам матбуот ҳукумат мекард, имрӯзҳо шаклҳои дигари иттилоърасонӣ пайдо шудаанд, вале то ҳол матбуот бо хабарҳои дақиқ, санҷидашуда ва дар хат мондагораш беназир аст.
Иди матбуот ва рӯзи тавлиди нахустин рӯзномаи тоҷикӣ МУБОРАКАМОН!
Бароятон дар ин касби пуршараф ва заҳматталаб муваффақият хоҳонам, ҳамкасбони мӯҳтарам!
Бо камоли эҳтиром- раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Дастури библиографӣ аз нашрияи “Ҷумҳурият”

0
Нахуст директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумъахон Файзализода ҳозиронро муаррифӣ намуда хайра мақдам гуфт.
Сипас ӯ нашри китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (солҳои 2019- 2022)-ро дар арафаи 111- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик фоли накӯ номида мақсад ва муҳтавои ин китоби тозанашрро тарҷеҳ дод.
Баъд сухан ба сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонзода дода шуд, ки мавсуф аз нашри китоб ва инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар “Ҷумҳурият” ва зарурати ҳамчунин як дастури библиографӣ сухан кард.
Раҳмоналӣ Шералиев – сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ аз ин падидаи нек ва маводи хубе барои пажӯҳишгарони сиёсӣ ва илмӣ будани он андешаҳои хешро иброз намуд.
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҲУРИННИСО АЛИЗОДА низ аз нақши матбуоти тоҷик дар рушди тафаккури ҷомеа ва зарурати созандагии ҳарфи журналистон дар ин даврони хабарпароканиҳои сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ҳарф зад.
Мавсуф низ аз он ки замоне муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буду, давроне корманди нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нашри бибилиографии ин китоб ва дар таҳияи медиатекаи Президенти кишвар саҳм доштани худ ва кормандони Китобхона ёдовар гашта ба кормандони шӯъбаи библиогрфии он изҳори сипос кард.
Сармуҳаррирони нашрияҳои “СССР” ва “Минбари халқ” Сайёфи Мизроб ва Сӯҳроб Рауфзода ҳам табрикоти хешро барои нашри ин китоби библиографӣ ва заҳматҳои китобдорон баён карданд.
Сайёфи Мизроб ҳамчунин аз зарурати такмили хазинаи Китобхонаи миллӣ ва дарёфти нусхаҳои ҳама нашрияҳои даврӣ масъалагузорӣ намуд.
Журналист Абдуқодири Раҳим низ аз камбуду муваффақиятҳои нашри китоб сухан намуда аз камии теъдоди нашри он изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ин ҳамоиш мушовири калони Президенти Тоҷикистон Н. Оқилов низ ҳузур дошт, ки ин иқдоми китобдорони тоҷикро дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, ба роҳбарият и Китобхонаи миллӣ дар идома додани ин амали илмӣ- фарҳангӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дастури мазкур дар шакли электронӣ низ ба хидмати хонандагони бешумори китобхонаҳои кишвар пешниҳод хоҳад шуд.

Иди Модарон муборак

0

   Рӯзи «Мо­дар» ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, фазилату шафқат, ҳикмату маърифат, садоқату вафо, зебоӣ ва покиву сафо мебошад!
Шурои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон модарон ва хоҳарони журналистро аз самими қалб бо ин рӯзи шараф, ки ҳамчун  иди Модарон дар Тоҷикистон машҳур аст табрик гуфта ба Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. Аз ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.

Индатон муборак бонувони қаламбадаст!

Саводнокии расонаӣ чист ва барои кист?

0

    Дар шаӽри Кулоби вилояти Хатлон  дар доираи лоиӽаи «Саводи расонаӣ» вохӯрӣ ва машғулият барои 15 нафар намояндагон аз касбу кори гуногун баргузор гардид. Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур аз тарафи Интернюз дар Тоҷикистон дастгирӣ гардид. Тибқи барномаи машғулият нахуст барӯйхатгирии иштирокчиён гузаронида шуда, саволномаи пешакӣ оид ба саводнокии расонаӣ тақсим гардид.

 Ӽадафи баргузории вохӯриро Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуриннисо Ализода муаррифӣ намуда, бо иштироккунандагони мачлис шинос шуд.  Дар рафти муаррифӣ иштирокчиён дар бораи саводнокии расонаӣ маълумоти нопурраи худро баён карданд. Тренерон дар  мавзуӽои  «Оид ба  бораи саводнокии ВАО чиро донистан муҳим аст» ва  «Саводнокии ВАО чист ва барои кист?»  маълумоти мушаххас додан.

Ӽамин тавр, дар рафти вохӯрӣ ва муҳокима бо истифода аз саволу ҷавоб корҳои инфиродӣ гузаронида шуд, лексияи хурд тавассути презентатсия, дар байни иштирокчиён сӯҳбат ташкил карда шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба саводнокии ВАО саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Иштирокчиёни фаъол дар бораи ин вохӯрӣ андешаҳои худро баён намуда, қайд намуданд, ки дар чунин вохӯрӣ бори аввал иштирок доштанд ва  зикр карданд, ки дониши дар ин вохӯрӣ андӯхтаро ба ҳамкорону дигар пайвандонашон пешкаш хоҳанд кард.

 

Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати донишҳои саводи расонаӣ

0

Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон дар  мизи мудаввар,ки аз тарафи ҲХДТ дар мавзуъи  «Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ» баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур инчунин  журналистони номдор, сармуҳаррирони нашрияҳо, директорони АМИТ “ХОВАР” ва радиои Тоҷикистон, раиси Иттифоқи журналистон, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, роҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” ба ин ҳамоиши ҳизбиён чун мутахасис барои ошноӣ омӯзиши масоили марбут ба журналистика ва интернет ба ҳизбиён, даъват гардида буданд.

Ҳар кадоме аз онҳо перомуни масъалаҳои гуногуни соҳаи иттилоърасонӣ, дар шаклҳои гуногуни баррасии мавзӯъ – маърӯза, гузориш, таҳлил, презентатсия омода намуда, дар масоили муҳими иттилоотонии ҷомеа андеша баён карда, барои ҳозирин маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд.

Ҳизбиён аз мавзӯъҳои чандрасонаӣ будани муҳтавои иттилоот, теъдоди нашрияҳои навишторӣ, дидорӣ, гуфторӣ ва онлайн- нашрияҳо аз мутахассисин сӯҳбату маърӯзаҳо шунида, баъди суолу ҷавоб бо онҳо, бардоштҳои хубе доштанд.

Раиси ШӮРОИ ВАО аз масоили фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ то зарурати донишҳои саводи расонаӣ сӯҳбат намуда, зикр кард ки имрӯ зарурати саводи расонаӣ хеле зарур аст. Он ӽамчун падидаи нав дар соӽаи иттилоотрасонӣ, ба суръати тез рушд, дар ин ҷода ёфта мавқеашро мустаӽкам намудааст. Зеро истифодаи ҳамарӯзаи интернет ва хоса шабакаҳои иҷтимоии он, рӯз то рӯз масъалаҳои навро дар соҳаи медиа ба миён меорад.

Тақозои замон аст, ки хурду бузург барои истифодаи дурусти иттилооти сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ саводи расонаӣ дошта бошанд.

Омӯзиши саводи расонаӣ дар Бохтар

0

Дар доираи лоиҳаи “Саводи расонаи дар Хатлон” тренинг барои 15 нафар журналистон баргузор гардид, ки дар он инчунин омӯзгорони Донишгоҳи Бохтар низ иштирок карданд. Рӯзи аввали тренинг нишон дод, ки мавзӯъи саводи расонаӣ барои журналистон ҳам аз шумули мавзӯъҳои нав аст. Дар тренинг масъалаҳое ба монанди- чӣ гуна инкишоф додани тафаккури интиқодии дигарон,  роҳҳои рушди дониши санҷиши маълумоти онҳо, дарки маънои муҳтавои ВАО, манипулятсия ва амсоли инҳо  аз тарафи муррабиён мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ин нахустин тренинги “Саводи расонаӣ” маҳсуб мегардад, ки дар ин минақаи кишвар ба роҳ монда шуд.  Бояд зикр кард, ки инсоният дар вазъияти афзояндаи ҷараёни иттилоот, ки таҳти таъсири он ҷанбаҳои маънавию ахлоқӣ, бадеию эстетикӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ арзишҳо ва манфиатҳо қарор дораданд, рў ба рӯ аст. Воситаҳои ахбори омма дар асл як системаи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва маърифатнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ буда, ба азхудкунии меъёрҳои иҷтимоӣ аз ҷониби одамони синну соли гуногун таъсири назаррас мерасонад. Бинобар ин саводнокии расонаӣ ҳамчун қобилияти муошират бо ВАО ва баҳодиҳии интиқодӣ ба матнҳои он баррасӣ мешавад, зарурати зиёде пайдо кардаст.  Ҳамин тавр, дар робита бо фаҳмиши саводнокии расонаӣ тренинг ва курсҳои омӯзиши дар манотиқи гуногуни кишвар ба роҳ монда шуда истодааст.

 

 

Зарурати саводнокии расонаӣ дар замони муосир

0

Дар ҷаҳони муосир шумораи бештари одамон дар бораи тағйирот дарсоҳаҳои гуногуни ҷомеа – геополитикӣ, иқтисодӣ, технологӣ ва ғайра ҳарф мезананд ва менависанд. Аммо дар бораи дигаргунихое, ки дар яке аз сохахои асосии хаёти мо — муошират ва алоқа ба амал омадаанд, кам сухан меронанд. Ба акидаи мутахассисон иртибот ё муоширати оммавӣ се марҳилаи асосии инкишофи худро тай кардааст: гуфтори шифоҳӣ, каломичопӣ ва матбаа, радио-телевизион  ва дигар анвои электронӣ. Ҳамин тариқ, мо метавонем дар бораи аҳамияти омӯзиши падидаи саводнокии расонаӣ низ дар ҷомеаи иттилоотӣ ҳарф занем. Якум, бо назардошти нақши васоити ахбори(ВАО), таваҷҷӯҳи ҷомеа ба зарурати рушди саводнокии расонаӣ дар тамоми марҳилаҳои инкишоф ҳамчун механизми пешгирии дарки маълумоти номатлуб ва таъсири манфии он нигаронида шудааст, бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Баъдан, падидаи саводнокии расонаӣ имрӯз ба далели пайдоиши касбҳои нав, ки бо ҳамкории иҷтимоӣ зич алоқаманданд, аҳамият дорад. Саввум, аз нигоҳи пешрафти иртибот (коммуникатсия), саводнокии расонаӣ яке аз унсурҳои асосии василаҳо ва усулҳои ҳамкории иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, аҳамияти ва масъалаи таҳлили нақши саводнокии расонаӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди онро ҳамчун ҳадафи стратегии таҳсилоти ВАО- ро ташкил медиҳад. Аммо пеш аз омўхтани нақши саводнокии расонаӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ мафҳумҳои асосиро мушаххас кардан лозим аст. Ҷомеаи иттилоотӣ системаи робитаҳо ва муносибатҳои байни шахсон мебошад, ки ба табодули иттилоот дар фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ асос ёфтааст. Ин сохтори ҳаётро метавон бо як қатор хусусиятҳо тавсиф кард. Масалан, дар ҷомеаи иттилоотӣ технологияҳои муосир истеҳсол ва амал мекунанд, ки ҷараёни иттилооти ВАО-ро таъмин мекунанд. Инфрасохтори алоҳида мавҷуд аст, ки ба мо имкон медиҳад маҷмӯи калони захираҳои иттилоотиро эҷод, нигоҳдорӣ ва инкишоф диҳед. Маълумот муҳаррики асосии ҷомеаи иттилоотӣ мебошад. Аз нуктаи назари олимон маълумот ин мафҳумест, ки шахс аз берун гирифта, тавассути сарчашмаҳо ва воситаҳои гуногуни иртибот коркард ва интиқол медиҳад. Коршинос Монастирский падидаи саводнокии расонаиро “натиҷаи таҳсилот, қобилияти ба таври мувофиқ дарк кардан, тафсир кардан, баҳо додан ва эҷод кардани матнҳои ВАО”-ро арзёбӣ кардааст. Ин маънои онро дорад, ки сатҳи муошират ва саводнокии иттилоотии фард аз қобилияти воқеан дарк кардан, таҳлил ва тафсири паёмҳои гуногуни ВАО вобаста аст. Ҳадафи баланд бардоштани салоҳияти саводнокии расонаиро метавон ташаккули ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ арзёбӣ кард. Дар ин замина ҷанбаҳои ҷомеаи иттилоотиро аз нуқтаи назари иртибот муфассалтар баррасӣ кардан лозим аст. Аввалан, ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаи дониш аст, ки рушди на танҳо донишҳои илмӣ, балки бо зуҳуроти гуногуни он низ дар бар мегирад. Инкишофи дониш, ки дар натиҷаи афзоиши талабот ба иттилооти гуногун ба вуҷуд меояд, ташаккули саводнокии  расонаиро ҳамчун механизми танзимкунандаи салоҳият дар назар дорад. Сониян, саводнокии расонаӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи иттилоотӣ мебошанд, воқеиятро мерасонанд ва онро шакл медиҳанд. Ҳоло саводнокии расонаӣ на танҳо иттилоотро интиқол медиҳанд, балки робитаҳои иртиботӣ байни таърих ва муосир, ҳувият ва тафовутро низ ташкил медиҳад. Ҳамчунин барои дарки саводнокии расонаӣ нақши истисноии Интернетро дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ нодида гирифтан мумкин нест. Дар байни корбарон, новобаста аз он ки кадом мақом доранд – сиёсатмадорон, арбобони ҷамъиятӣ, тоҷирон – қариб ҳамаи онҳо тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо аудиторияи мақсаднок муошират мекунанд. Ҳамин тавр, саводнокии расонаиро метавон аз рӯи самтҳо ва нишондиҳандаҳо низ гурӯҳбандӣ кард, ки масоилро дар матлабҳои минбаъда шарҳ хоҳем дод.