Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ
Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ 4 марти соли 1957 ба дунё омадааст. Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (филолог) ва Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро (ҳуқуқшинос) хатм намуда, ба ҳайси омӯзгор, корманди газетаи вилоятии “Роҳи ленинӣ” вилояти Кӯлоб, диктори радиои маҳаллӣ, мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Москва, хабарнигори рузномаи ” Ҳақиқати Ховалинг “- и ноҳияи Ховалинг, хабарнигор ва баъдан мудири шӯъбаи парламент ва ҳокимияти давлатии рӯзномаи “Садои мардум”, директори созмони ҷамъиятии “Ҳилола”, мудири шӯъбаи таҳлил ва тадқиқоти журналистии рӯзномаи “Ҷумҳурият”, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, муовини директори Китобхонаи миллӣ, машваратчии Суди олии ҶТ, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ” фаъолият намудааст. Аз соли 2021 то ҳол Раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аст.
Дорандаи нишони “Аълочии матбуоти ҶТ” (2001), “Аълочии фарҳанги ҶТ” (2017), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон номи Абулқосим Лоҳутӣ (2004), Ҷоизаи “Эътимод “- Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон (2018), Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон (2022), “Аълочии маориф ва илми ҶТ” (2022)
То имрӯз 3 китобаш ба нашр расида дар даҳҳо китобҳои дастаҷамъӣ мақолаҳояш нашр гаштаанд. Дар зиёда аз 40 тренингу семинарҳои созмонҳои байналмилалӣ иштирок карда сертификат дорад. Зиёда аз 200 тренингҳо гузаронидаас.
Ҳамдамов Бахтиёр
Ҳамдамов Бахтиёр Ортуқович 2 январи соли 1968 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси педагог хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун Устоди кафедраи адабиёти классикии факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (солҳои 1997-1998) оғоз карда, минбаъд ба ҳайси сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд (солҳои 1998-2000), муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон, мухбири махсуси рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд (солҳои 2000-2002), сармутахассиси Шўъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2006), муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2008), сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ, «Минбари халқ» фаъолият намудааст.
Номзади илмҳои филологи, дотсент, бо медали «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби ду фарзанд
Шаҳло Акобирова, 27-уми майи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи ДМТ (с 1992).
Барои такмили донишҳои касбӣ тайи солҳои 1998-2005 дар беш 50 семинари омӯзишӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба ҳайси донишпажӯҳ ва тренер ширкат намудааст.
Аз соли 2005 то имрӯз директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Хома». Аз соли 2000 то 2005-ум продюсери тоҷикистонии маҷаллаи телевизионӣ барои Осиёи Миёна «Осиёи кушода», аз соли 1998 то 2000-ум ба ҳайси Роҳбари барномаҳои таълимӣ барои ВАО, Ташкилоти байналмиллалии “Интернюс Нетворк” кор кардааст.
Аз соли 1992 то 1998-ум дар Шабаки аввали телевизиони Тоҷикистон : муҳаррири барномаи иттилооти-таҳлилии «Тоҷикистон», шореҳи сиёсӣ ва фарҳангӣ, муҳаррири калони шуъбаи ахбори Телевизиони Тоҷикистон (ТВТ) кор кардааст.
Аз соли 1994 то 1995-ум Хабарнигори ширкати телевизион ва радиои Россия (ВГТРК) дар Тоҷикистон, барномаи иттилоотии «Вести» ва аз соли 1997 то 1998-ум ассистент (ёвари устод) кафедраи «журналистикаи телевизионии» Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Муҳаррир ва муаллифи силсилаи маводҳои чопӣ оид ба “Ғайриҷиноӣ намудани туҳмат ва таҳқир дар қонунгузории Тоҷикистон”, “Имконоти васеъ намудани аудиторияи ВАО бо истифодаи аз технологияи навин”, “Таъмини амнияти иттилоотӣ”, “Гузариш ба пахши рақамӣ дар ТВ” ва ғайра мебошад.
Оиладор соҳиби чор фарзанд.
Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло (Ниёзов Хуршедҷон Атоевич) 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст. Солҳои 1996-1999 мухбири рӯзномаи «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», солҳои 2003-2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав», солҳои 2004-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ», аз августи 2010 то августи 2013 котиби генералии Ассотсиатсияи «Медиа Альянс Таджикистана» будааст. Солҳои 2015-2017 Раисии Шӯрои ВАО –и Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 2005 директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва сармуҳаррир ҳафтаномаи «Фараж»-ро ба зимма дорад. Узви Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Нуриддин Қаршибоев
Соли 1961 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аввал донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин буд ва баъди се сол дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ба таҳсил идома дод.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1984 дар нашрия “Тоҷикистони саветӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз шудааст. Аввал хабарнигор, баъдан мудири шӯъба, роҳбари иттиҳодияи эҷодӣ буда, баъдан дар ин рӯзнома то вазифаи ҷонишини сармуҳаррир расидааст. Як замон ҷонишини директори Агентии иттилоотии “Ховар” буд.
Аввали соли 1998 созмони нави хабарӣ бо номи “Интер-пресс-сервис” таъсис дода, баъдан ташкили Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистонро тарроҳӣ намуд. Аз ҳамон замон роҳбарии ин созмони касбиро ба уҳда дорад.
Яке аз ташаббускорони пайдоиши Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон аст. 13 декабри соли 2014 Раиси Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон интихоб гардида, то моҳи декабри соли 2015 онро роҳбарӣ намудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода 10 январи соли 1958 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии № 13, ба номи Рӯдакии зодгоҳашро хатм карда, соли 1975 ба Душанбе меояд ва ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980 бо ихтисоси филолог-журналист хатм мекунад. Ҳамчунин, соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ғоибона хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ корро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») шурӯъ кардааст ва то соли 1990 ба ҳайси хабарнигор ва мудири шуъба кор кардааст.
Соли 1982 чун тарҷумони ҳайати мушовирони КМ ВЛКСМ ба Афғонистон рафтааст.
Соли 1990 шореҳи нашрияи парлумонии «Садои мардум» будааст ва каме баъдтар ба ҳайси мудири шуъба фаъолияташро дар ин рӯзнома идома додааст ва то соли 2009 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Аз соли 1990 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои журналистон дарс мегӯяд. Соли 2012 Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд.
Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва олмонӣ мебошад.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд аст.
Зинатулло Исмоилзода
Зинатулло Исмоилзода 18 майи соли 1972 дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Ваҳдат (Орҷоникидзеободи собиқ) хатм намуда, ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1994 донишгоҳро ба итмом расонд. Аз соли 1993 то 1998 ҳамчун муҳаррир, мудири шӯъбаи иқтисодии Радиои Тоҷикистон фаъолият дошт. Таи солҳои 1998- 2004 ба сифати сармуҳаррири барномаҳои иқтисодӣ, муовини директори Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2004 ёрдамчӣ – роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 шабакаи мустақили телевизионии Симои мустақили Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Соли 2015 Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон таъин гардид. Дар Анҷумани ахири Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (16 январи соли 2016) раиси ин созмони касбӣ интихоб шуд.
Аз соли 2010 то 2012 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон буд. Муаллифи беш аз 300 барномаҳои муаллифии “Паҳно” ва 15 филмҳои видеоист. Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ (соли 2002).
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва соли 1971 шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.
Фаъолияти кориро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ба анҷом расонида ва худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад.
Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият мекунад. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар соли 1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин мегардад.
Солҳои 1995-1996 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буда, аз соли 1995 то 2000 намояндаи мардум дар парлумон, раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва маданият буд.
Дар давраҳои музокароти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок кардааст ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт.
Аз 6 январи соли 2004 то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2009 барои як сол раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид. Яке аз қадимтарин (аз соли 1974) узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Соли 2013 Маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-ро асос гузошт. Муаллифи асарҳои зиёдест ва таҳқиқоти пурарзише дар таҳлили журналистикаи муосир дорад. Доктори илмҳои таърих, профессор. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.