Ташкилоти ҷамъиятии «Шурои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд «Шурои ВАО») моҳи ноябри соли 2009 дар конфронси муассисони он таъсис дода шуда, моҳи январи соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1254 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Суроғаи ҳуқуқии Шурои ВАО – Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16.
Шурои ВАО – ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма буда, фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба амал мебарорад.
Шурои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шурои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон аст.
Мақомоти Шурои ВАО инҳо мебошанд:
- Маҷлиси умумии аъзои Шурои ВАО;
- Раёсати Шурои ВАО;
- Дастгоҳи иҷроияи Шурои ВАО.
Мақоми олии Шурои ВАО Маҷлиси умумии (Конфронси) аъзои Шурои ВАО мебошад.
Маҷлиси умумии (Конфронси) аъзои Шурои ВАО дар ҳолатҳои зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар як сол баргузор мегардад. Маҷлиси умумӣ дар сурати ҳозир шудани 2/3 ҳиссаи иштирокчиён баргузор мегардад. Қарори маҷлиси умумӣ бо аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул карда мешавад
Раёсати Шурои ВАО мақоми роҳбарикунандаи ташкилот мебошад. Шӯроро Раис идора менамояд.
Аъзои Раёсати Шурои ВАО фаъолияти худро бе маош пеш мебаранд. Раиси Шурои ВАО аз ҷумлаи аъзои он ба муҳлати як сол, интихоб карда мешавад. Як шахс наметавонад паиҳам зиёда аз ду маротиба Раиси Шурои ВАО бошад.
Дастгоҳи иҷроияи Шурои ВАО мақоми кории доимоамалкунандаи Шурои ВАО буда, фаъолияти ҳамарӯзаи онро таъмин мекунад.