Аъзои Раёсати Шӯро

Вера Кулакова-Браннеруд

Вера Владимировна Кулакова – Браннеруд

Соли 1981 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёна дар Душанбе ва риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия (ДСТР). Шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳро дар риштаи рӯзноманигорӣ низ хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ. Соли 2007 дар мавзуъи «Интернет дар низоми расонаҳо» рисолаи номзадияшро дифоъ кардааст.

Аз соли 2017 узви Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Аз соли 2010 ба ин сӯ Мудири кулли ширкати телевизиониву радиоии «Ватан». Солҳои 2007-2012 ба сифати омӯзгори кафедраи назария, таърихи журналистика ва расонаҳои электронии ДСТР, 2000-2006 ҳамоҳангсози лоиҳаи Анҷумани миллии рушди фанновариҳои навин ва низомҳои иттилоотӣ, 1999-2006 ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Маркази иттилоотии «Нахустин Пресс-клуб» фаъолият кардааст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Гувоҳномаи Академияи «Мавҷи Олмон», дипломи донишкадаи давраи бозомӯзии тахассусии рӯзноманигорон дар шаҳри Колмор (Шветсия), курси вижаи Мактаби олии иқтисодии Маскав, дипломи хатмкардаи барномаҳои «Занон ва тиҷорат» ИМА ва курси вижаи «Таҳлили BigData», Стокҳолм, Шветсия.

Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Солҳои 2006-2007 Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон, аз соли 2011 ба ин сӯ муассис ва созмондеҳи Ҷоизфи ҳамасолаи «50-Хушсалиқа» барои саҳмгузори дар рушди ҷомеа. Узви Анҷумани ҷаҳонии Расонаҳои Русӣ (2012). Соли 2013 созмондеҳи шабакаи ризокории ҷавонон дар минтақаҳои Тоҷикистон.

Аз соли 2016 ба ин сӯ раиси Раёсати Эътилофии миллии «Бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон»


Неъматулло Мирсаидов

Неъматулло Мирсаидов

Солҳои 1989-1992 ба сифати мушовири вазири матбуот ва табъу нашри Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чун яке аз асосгузорони Ширкати байнидавлатии телевизиону радиои «Мир» дар пойдории намояндагии миллии ҳамин ширкат дар Тоҷикистон саҳми асосӣ гузошта, худ раҳбарии ин намояндагиро ба ӯҳда гирифтааст (1993-1995).

Аз соли 2017 узви Раёсати Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2016 ба сифати сармуҳаррири Хабргузории иттилоотӣ-таҳлилии «Варорӯд» кор кардааст. Ҳоло чун рӯзноманигори мустакил бо як қатор расонаҳои ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ному насаби Неъматулло Мирсаидовро на танҳо чун муаллифи мақолаҳои таҳлилӣ дар саҳфаҳои торнамоҳои «Азия плюс», «Каравансарай», ИнфоШОС, «Cabar.asia», Центразия.ру дидан мумкин аст, балки рӯзноманигори собиқадор дар бисёр расонаҳои ватаниву хориҷӣ чун коршинос оид ба масоили марз, муносибатҳои байналмиллӣ, терроризм ва экстремизм муаррифӣ мешавад.


Шарифзода Қироншоҳ

10 январи соли 1958 дар деҳаи Порашт, ноҳияи Фориши Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии №13, ба номи Рӯдакии зодгоҳ  ва соли 1975 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Бо даъвати рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ба кор омада, то ноябри соли 1990 ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъба фаъолият кардааст. Дар ин миён, аз 26 октябри соли 1982 то 16 октябри соли 1983 ба ҳайси тарҷумони Ҳайати мушовирони КМ ВЛКСМ (Созмони ҷавонони Шӯравӣ) дар сафари хидматӣ дар Афғонистон буд.

Аз 26 ноябри соли 1990 ба рӯзномаи навтаъсиси «Садои мардум» ба вазифаи муҳаррири шӯъбаи иҷтимоиёт, узви ҳайати таҳририяи нашрия ба кор гузашт. Аз моҳи март то моҳи сентябри соли 1992 бо даъвати нашрияи навтаъсиси «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири шӯъба, то сентябри соли 1992 фаъолият дошт.

Аз сентябри соли 1992 ба редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» баргашта, то соли 1996 ҳамчун муҳаррири шӯъба, узви ҳайати таҳририя, аз соли 1996 бар асоси шартнома то соли 2008 ба ҳайси шореҳ фаъолият дошт.

Аз соли 1995 ба ҳайси соатбаъй дар факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ ба фаъолият пардохта, аз сентябри соли 1996 то ба ҳол муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ мебошад.

Шарифзода Қироншоҳ ба ҳайси фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз соли 1999 – то ба ҳол раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» мебошад. Дар ин миён солҳои  2013-2015 вазифаи  раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ- ро низ ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2017 узви Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Шарифзода Қироншоҳ муаллифи китобҳои «Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ» (– Душанбе: «Шарқи озод», 2002), «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ» (- Душанбе: «Ирфон», 2006) «Мушкилоти озодии сухан» (- Душанбе: «Деваштич», 2009), «Экспертизаи лингвистӣ» (бо ҳаммуаллифии Бринев К.), ( – Душанбе: «Интишор», 2011), «Озодӣ ва масъулияти сухан» (- Душанбе: «Ирфон», 2014), «Бухорои шариф»: Назаре пас аз 100 сол» (–Душанбе: «Ирфон», 2012), «Газета (Рӯзнома)-аз таърих, вазифаҳои иҷтимоӣ, таснифот ва сохтори редаксияи он», (Дастури таълимӣ), Қисми 1»  (–Душанбе: «Ирфон», 2016), “Дар ҷустуҷӯйи шахсият” (Маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳо). –Душанбе: “Ирфон”, 2017 мебошад.

Ба қалами ӯ чандин дастурҳои методӣ, беш аз 30 мақола дар китобу маҷаллаҳои илмию оммавӣ, зиёда аз 700 очерк, мақола, гузориш, мусоҳибаҳои матбуотӣ тааллуқ доранд.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (2008) аст.

Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд ва 7 набера.


Илҳом Ҷамолиён

Илҳом Ҷамолиён

(Ҷамолов Илҳом Мазбудович) 18 апрели соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёна ва соли 1982 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Корро дар  телевизиони ҷумҳурӣ аз январи соли 1982 оғоз карда, то октябри соли 1985 дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррири Саррредаксияи «Ахбор», Муовини сармуҳаррири  Саррредаксияи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.  Аз октябри 1985 то октябри 1987  дар Ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон буд. Сипас то соли 1990 дар ниҳодҳои Иттифоқи созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. 
Моҳи июни соли 1990 дар баробари таъсиси телевизиони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба вазифаи сармуҳаррири ин расонаи хабарии навтаъсис таъин мешавад ва ҳоло исми ӯро дар қатори поягузорони ин шабакаи телевизионӣ ба забон мегиранд.

Солҳои 1993-1996 вазифаи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғдро ба ӯҳда дошт. Баъдан, аз соли 1996 то 2000 дар вазифаи Директори барномаҳои ҶС «Ширкати телевизиону радиои МИР-IBL» кор кардааст. То соли 2007 Директори кулли ҶДММ  Оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии «Варорӯд».  Аз ҳаммуассисони оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии мазкур, сайти интернетии ҳамноми он – www.varorud.org ва чанд нашрияҳои мустақил аст.

Аз январи соли 2007 то апрели 2010 дар вазифаи  Котиби матбуотии Раиси вилояти Суғд  –  Роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст. Сипас аввал дар  вазифаи Директори иншооти сохташавандаи «Кохи матбуот» ва баъдан дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд ифои вазифа кардааст. Моҳи декабри 2012 дубора ба вазифаи Котиби матбуотии Раиси вилояти Суғд – Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят таъин мешавад. Аз апрели 2014 ба ин сӯй дар вазифаи Мушовири раиси бахши  БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад.

Аз соли 2014 то ба ҳол дар кафедраи жуналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дарс мегӯяд. Дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистон” барои даёфти унвони номзади илмҳои филологӣ рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст. Ҷамолиён ба хотири рушди саводи расонаӣ ҳамчун як равияи тозаи илми муосир пойгоҳи электронии расонаомӯзии http://mediasavod.tj/-ро таъсис додааст. Бо осори рӯзноманигорӣ ва илмии ӯ, ба шумули китобхонаи электронӣ метавон дар вебгоҳи шахсиаш http://ilhomjamalian.com ошно шуд.

Тарҳҳои расонаии ӯ, аз ҷумла сомонаи  Оҷонсии иттилоотӣ – таҳлилии «Варорӯд» соли 2003 ба Ҷоизаи миллии интернетии Тоҷикистон (ТАНТИС) дар бахши  «Иттилоот ва ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ» ва ҳафтаномаи «Варорӯд» худи ҳамон сол ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ  ноил гардиданд.

Барои саҳми арзанда дар рушди журналистика ва матбуоти миллӣ соли 2013 ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардид. Бо медали ифтихории “100 – солагии матбуоти тоҷик”, дигар нишонҳои касбӣ ва мукофотҳои ҷашнию давлатӣ  тақдир шудааст.

Раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, узви Раёсати Шӯрои ВАО Тоҷикистон (аз соли 2019), узви шабакаи Авруосиёии далелсанҷӣ ва саводи расонаӣ (EFMN). Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 5 набера аст.


Сайёфи Мизроб


Сайёфи Мизроб

(Достиев Сайфудин Мизробович). Соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби №6-и ба номи А. Рӯдакии ин шаҳр. Соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои 1984-1986 хидмати сарбозиро дар Артиши Шӯравӣ адо карда, баъдан таҳсилро идома дода, соли 1988 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Ленинград шомил гардида, соли 1991 онро хатм намудааст. Муаллифи китобҳои «Муштҳои бедорӣ» (с.2012), «Сафаргуфтаҳои Маккавӣ» (с.2013), «Террори ғурур» (с.2015). Барандаи Ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (с. 2012). Аълочии матбуот ва аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Бо Ифтихорнома ва раҳматномаҳои Вазорати фарҳанг, ВКД ва ниҳодҳои дигари давлатӣ мукофотонида шудааст. Узви Раёсати Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон (аз соли 2016) ва узви Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (аз 2018). Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд. 12.03.2012 дар 100-солагии матбуоти Тоҷик аз тарафи Президенти ҶТ бо ҷоизаи давлатӣ-медали «Барои Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Оиладор соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ: 1991-1992-хабарнигори ҳафтаномаи «Оинаи Зиндагӣ»; 1992-1993-хабарнигори ҳафтавори «Тоҷикистон; 1993-1996-хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон»; 1996-1998 хабарнигори «Чархи Гардун»; 1998-1999 сардабири ҳафтаномаи «Самар»; 1999-2001-муовини сардабири «Ҷавонони Тоҷикистон»; 2001-2006-муассис ва директори генералии Маркази информатсионии «Хатлон-Пресс»; Аз  соли 2006 муассис ва директори генералии Оҷонсии иттилоотии «Хатлон-Пресс»; Аз соли 2008-муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР»; Аз соли 2013 муассиси ҳафтаномаи варзишии “Футбол VS СССР”. Муассис ва сардабири 3 сайти интернетӣ: www.khatlonpress.tj; www.football.org.tj; www.cccp.tj

Фаолияти гуманитарӣ (хайриявӣ):Аз соли 2009 то инҷониб сарпарасти мусобиқаи умумиҷумҳуриявии наврасони зери 16 сола (U16) оид ба футбол-«Ҷоми СССР». Соли 2012-2014 дар минтақаи селзадаи Кӯлоб «Маҷмааи варзишии мардумии СССР»-ро тибқи лоиҳаи «Тӯҳфаи дӯстони Президент ба мардуми офатрасида» сохта ба истифода дод. Соли 2014 дар назди варзишгоҳи мазкур боз як иншшоти варзишӣ-майдони волейболбозиро фаол кард. Соли 2015 бунёди майдони дав ва Маркази машқи варзиши сабук дар варзишгоҳи СССР. Аз соли 2014 то инҷониб сарпарасти чаҳор дастаи футболбозони наврас (аз 5 то 15 сола) дар назди Варзишгоҳи СССР

Таҳсилоти касбӣ-такмили ихтисос: 1983-1991-шӯъбаи рӯзноманигории ДДМТ ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Ленинград; 2004-шунавандаи курси журналистикаи муосир дар Донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия; 2006-шунавандаи курси журналистикаи Донишгоҳи Калмари Шветсия (FOJOinstitute (Sweden); 2007-шунавандаи курсҳои махсуси журналистии Донишгоҳи Коламбия ва Сент-Луиси Амрико (Participant of the Community  Connections program for journalism teachers and trainers in USA, MO, Sent Luis); 2008-шунавандаи курсҳои рӯзноманигории Донишгоҳи Гоаи Ҳиндустон; 2014-шунавандаи курсҳои журналистикаи Авру-Осиё дар Чин; 2018-шунавандаи курсҳои махсуси журналистикаи Амрико дар Вашингтон, Ню-Йорк, Сент-Луис.

Фаолияти мударрисӣ-тренерӣ: Солҳои 2005-2006-тренери журналистика дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Душанбе; 2006-2007-тренери журналистикаи муосир дар Тоҷикистон (Фонди Фридрих Эбберти Олмон); 2006-2007-тренери самтҳои ҷадид ва замонавии журналистикаи муосир; онлайн-журналистика, интернет-журналистика дар Тоҷикистон; 2006-2010-тренери журналистикаи муосир дар «Мактаби журналисти ҷавон» дар назди ОИ «Хатлон-Пресс». Даҳҳо тан аз шогирдони ин мактбаҳо дар соҳаи мухталифи журналистикаи муосир муваффақан кору фаолият доранд.


Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ

(Сулаймонов Иршод Салоҳович) 19 январи соли 1985 таваллуд шудааст. Соли 2002 мактаби миёнаро бо гувоҳномаи аъло ва соли 2007 факултаи журналистикаи ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Хатмкардаи шуъбаи аспирантураи факултаи журналистикаи ДМТ. Дар мавзуъи “Мушкилоти ташаккул ва рушди журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон” рисолаи илмӣ навиштааст, ки дар арафаи дифоъ қарор дорад.

Солҳои 2007-2015 дар факултаи журналистикаи ДМТ дар кафедраҳои журналистикаи радио ва телевизион ва журналистикаи байналмилалӣ дарс гуфтааст.

Ба сифати муҳаррири Радиои Тоҷикистон (2005-2007), муҳаррири нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” (2009), сардабири нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Миллат” (2010), муҳаррири нашрияи “ИмрузNews” (2011), муовини сардабири маҷаллаи давлатии “Бонувони Точикистон” (2011 -2012), шореҳи сиёсии гуруҳи расонаҳои «Озодагон» (2015–2017) ва сардабири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Озодагон» (2017–2019) кори амалии рӯзноманигорӣ кардааст.

Аз соли 2017 то кунун ба сифати коршинос ва узви Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир узви Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва коршиноси бахши нақди расонаии созмони «Интернюс» дар Тоҷикистон аст. Ҳамчунин бо созмонҳои расонаии минтақа  ва расонаҳо милливу байналмилалӣ ба унвони таҳлилгари сиёсӣ ва коршиноси расонаӣ ҳамкорӣ мекунад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутии ин созмон ва Ҷоизаи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев барои “Ҷасорати журналистӣ” мебошад. Бо медали ифтихории “100-солагии матбуоти тоҷик” тақдир шудааст. Муаллифи як китоб ва наздик ба 300 мақолаи илмиву рӯзноманигорӣ мебошад.

Дар аксари кишварҳои ИДМ, ИМА, Австрия, Афғонистон, Арабистони Саудӣ давраҳои омӯзишии тахассусиро фаро гирифта, дар конфронсу ҳамоишҳо суханронӣ кардааст.

Оила ва се фарзанд дорад.