Зеҳни сунъӣ моро сунъӣ мекунад?

0
69

Бо пайдо шудани мошинҳои ҳисоббарор мардум дигар аз истифодаи чӯт даст кашиданду бо ёд гирифтани истифодабарии самабарахши компютеру ноутбукҳо дигар навишти дастӣ аз хотирҳо рафта истодааст. Истифода аз телефонҳои ҳушманд моро хеле кӯтоҳбаён кард, ки ба ҷойи вожаву ибораву ҷумлаҳо аз ишораву смайликчаҳо истифода мебурдагӣ шудем ва гуфтори машҳури “Кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст” дигар хеле ҳам кӯтоҳтарак шудааст. Ҳоло ба ҳамаи паҳлуҳои рӯзгори мо зеҳни сунъӣ ворид шуданӣ дорад. Бо истифодаи саросарӣ аз зеҳни сунъӣ шояд дигар каллаҳои мо кор намекардагӣ шавад ва ҳамчун нигораи осорхона боқӣ монад дар осорхонаи одамони зинда.

Дигар шарт нест, ки ҳама чиро худамон нависем

Ҷамшеди Маъруф, рӯзноманигор ва  мутахассиси соҳаи далелсанҷӣ мегӯяд дигар шарт нест, ки ҳама чиро худамон нависем. Баҳри амалан татбиқи ин гуфтаҳо дар навиштани хабар оид ба нишасти матбуотӣ аз зеҳни сунъӣ истифода бурдем.  Зимни ирсоли дархост зеҳни сунъӣ чунин хабарро навишт:

“Нишасти матбуотии раиси шаҳр бо намояндагони ВАО баргузор гардид.

Имрӯз дар толори ҳукумати шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳр бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ, раиси шаҳр натиҷаҳои фаъолияти солонаи шаҳрдориро шарҳ дода, барномаҳои ояндаро муаррифӣ намуд.

Раиси шаҳр аз пешрафтҳои назаррас дар самтҳои рушди инфрасохтор, беҳбуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳимми шаҳрӣ ёдовар шуд. Вай таъкид намуд, ки дастгирии соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии сокинон афзалиятҳои асосии ҳукумати шаҳр мебошанд.

Дар рафти нишаст, журналистон саволҳои худро вобаста ба мушкилоти марбут ба ҳаракати нақлиёт, ободонии маҳаллаҳо, ҷамъоварии партов ва дигар масъалаҳои мубрам пешниҳод карданд. Раиси шаҳр дар ҷавоб ба саволҳо гуфт, ки ҳукумат барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо чораҳои мушаххас меандешад.

Инчунин, дар нишаст рӯйдодҳои муҳим, аз ҷумла оғози якчанд лоиҳаи нави сохтмонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва чорабиниҳои фарҳангии банақшагирифташуда муаррифӣ шуданд.

Чорабинӣ бо изҳори миннатдории раиси шаҳр ба намояндагони ВАО барои ҳамкории пайваста ва интиқоли воқеъбинонаи иттилоот ба анҷом расид. Ӯ гуфт, ки фикру пешниҳодҳои журналистон дар қабули қарорҳои минбаъда ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Ин нишасти матбуотӣ нишон дод, ки ҳукумати шаҳр омода аст бо ҷомеа шаффоф кор карда, ба ниёзҳои шаҳрвандон ҷавобгӯ бошад”.

Вақте мо саҳифаҳои рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро мебинем, хабарҳо оид ба нишастҳои хабарӣ дар умум дар ҳамин шакл дода мешаванд ва бештар матлабҳои давраи Шӯравиро ба ёд меорад, ки оҳанги “урра, урра”-ро дорад. Яъне ягон мушахассот дида намешавад, суханони умумӣ аст ва барои хонанда матлаби ҷолиб нест. Бо ибораи дигар зеҳни сунъӣ нисбат ба онҳое, ки алҳол дар рӯзномаҳо бо умумигӯйӣ матлаб иншо мекунанд, беҳтару хубтар аст ва зарурат ба доштани ин гуна корманд аслан нест.

Дар ин робита рӯзноманигор Набиҷон Худойбердиев мегӯяд, агар ба зеҳни сунъӣ саволҳои мушаххас дода шавад, ҷавобҳо низ мушаххас хоҳанд шуд. Албатта, истифода аз зеҳни сунъӣ барои журналистика пайомадҳои ҳам хуб дораду ҳам бад. Агар талаби мақомотҳои дахлдор оид ба зиёд кардани ҷойҳои корӣ намебуд, дар аксар ҷойҳо, хосса дар нашрияҳо низ бо истифодаи васеи зеҳни сунъӣ аз журналистони зинда даст мекашиданд ва ба ҷойи се нафар як нафар кор  мекард. Аммо ин амри ногузир аст ва зеҳни сунъӣ имкон дорад, матлаберо беҳтару хубтар аз баъзе дастпарварони факултетҳои журналистика ба мо омода намояд. Гузашта аз ин сохтани маводҳои аксиву видеоӣ низ дигар мушкиле надорад. Оид ба хизмати тарҷумон ҳоҷати гап ҳам нест.

Шеър донӣ чист?

Аз зеҳни сунъӣ пурс!

Сабурхон Амонуллоев, мудири Китобхонаи марказии шаҳри Исфара мегӯяд онҳо маҳфили суханварони Исфара доранд ва моҳе як маротиба ҷамъ омада, вобаста ба паҳлуҳои дахлдори назму наср ибрози андеша мекунанд. Ба гуфтаи мавсуф ин нишастҳо барои пешрафт ва такмили қалами нафарони соҳибистеъдод майдони хубест.

Дар ҳамин ҳол Абдумуталиб Шарифов, раиси созмони шаҳрии ИЖТ қайд мекунад, ки зеҳни сунъӣ аз баъзе шоирону носирон беҳтару хубтар менависад ва агар дар маҳфиле навиштаи тариқи зеҳни сунъӣ эҷодшударо ба маърази умум гузорем, шояд хелеҳо офарину аҳсанташ хонанд. Ба нигоҳи номбурда аз як ҷониб ба шеъру шоирӣ аз нигоҳи кӣ будани муаллифаш баҳо медиҳанду аз ҷониби дигар воқеан рушди технология боли истеъдоду илҳоми шоириву нависандагии бисёриҳоро “фурӯ бурдааст”. А. Шарифов барои тасдиқи суханонаш ҳикояи эҷодкардаи зеҳни сунъиро овард ва гуфт, ин ҳикоя ба маротиб беҳтар аз навиштаҳои баъзе аъзои ИЖТ ва ИНТ аст, ки ба назди ӯ барои таҳрир кардан ва ё навиштани пешгуфтор ба китобашону чопи маводашон меоранд.

“Алишер болои ҳавзи хурди деҳа нишаста, сатилро оҳиста ба об партофт. Ҳаво гарм буд, офтоб сахт месӯхт, вале аз ҳавзи тоза ва оби хунуки он насими тоза мевазид. Ӯ сатилро кашида баровард ва оби шӯхаш ба рӯи замин чак-чак карда, доираҳои хурде месохт.

Алишер аз хурдӣ дӯстдори табиат буд. Ҳар рӯзи шанбе, пас аз дарсҳои мактаб, ба ҳавз меомад, то на танҳо об гирад, балки бо табиат танҳо монад. Ин ҳавз барои ӯ маконе буд, ки гӯё ба тамоми мушкилиҳои ҳаёт ҷавоб меёфт. Ӯ фикр мекард, ки дар ин ҷо об на танҳо ташнагии одамонро мешиканад, балки қалбҳоро низ ором мекунад.

Имрӯз, вақте ки сатилро пур кард ва мехост баргардад, дар назди об чизе дурахшид. Ӯ ба он наздиктар шуд ва як санги хурди сафедро дид. Санги ғайриодӣ менамуд — он чунон дурахшон буд, ки ба назар мешуд рӯшноии хуршедро дар худ нигоҳ медорад.

Алишер сангро бардошт ва дар дасташ нигоҳ кард. Гӯё аз он нуре мебаровард, ки қалби ӯро гарм мекард. Бо санг бозгашт ба хона ва ба модараш нишон дод. Модараш, ки доим ба афсонаҳои қадима бовар дошт, гуфт:

— Ин як “санги умед” аст. Мегӯянд, касе, ки онро пайдо мекунад, бояд як орзуи нек кунад ва онро бо тамоми дилаш аз Худо талаб кунад.

Алишер баъди шунидани ин гап сангро ба дасташ сахт фишурд ва орзу кард, ки ҳамеша табиат ором ва обҳои ҳавз поку зебо бимонанд, то ҳамаи одамон аз онҳо баҳра баранд. Аз ҳамон рӯз пас, ҳар дафъа, ки ба ҳавз меомад, сангро бо худ мегирифт ва бо дили оромтар ба оянда нигоҳ мекард.

Ҳавз, санг ва орзуи Алишер дар якҷоягӣ зиндагии ӯро дигар карданд, ба ӯ ёд доданд, ки дар ҳар чизе хурде умеди бузург ниҳон аст.”

Дар ҳамин ҳол шоир Исматуллоҳи Абдуллоҳ мегӯяд, эҷоди шеър мушкил аст ва ҳазор аз зеҳни сунъӣ истифода барем ҳам, шеъре, ки ба қавли Муҳамматтақӣ Баҳор “аз лаб ҷӯшаду дар дилҳо нишинад” эҷод карда наметавонад. Албатта, метавонад шеър эҷод кунад, аммо шеъри дарунхолӣ, бесамимияту бегармии дили инсон.

Зӯроварӣ ба инсон аст?

Абдухалил Умаров, сокини минтақаи марзӣ, хабарнигори шаҳрвандӣ мегӯяд, ки ӯ аслан на аз ноутбук истода мебараду на аз интернет ва на аз зеҳни сунъӣ. То ба ҳол тавассути қалам менависад ва аз навгонӣ тавассути телевизиону радио ва рӯзномаҳо бохабар мешавад. Ӯ зидди зеҳни сунъӣ нест, аммо ақида дорад, ки ҳарчӣ бештар истифода аз технологияву автоматикунонии корҳо сурат гирад, ҳамон қадар ин табъиз нисбат ба инсон ва арзишҳои ӯст. Инсон дигар дар фикркунӣ муфтхӯрӣ хоҳад кард ва тан ба меҳнати ҷисмонӣ нахоҳад дод. Дар ҳоле, ки маҳз меҳнати фикриву ҷисмонӣ рушди камолоти инсонист.

Аз дигар ҷониб Икромиддин Ашӯров, ки собиқаи зиёди кор дар ташкилоти ҷамъиятӣ ва лоиҳаҳоро дорад, мегӯяд истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати кор аст, муҳим аз он дуруст истифода бурдан мебошад.

Дар ҷомеаи кунунии мо бо арзишҳову имконияту дидгоҳҳое, ки дорем, истифодаи зеҳни сунъӣ чӣ пайомаде хоҳад дошт, ВАҚТ НИШОН МЕДИҲАД. Лекин алҳол вақт нишон дода истодааст, ки истифодаи дурусту мақсаднок манфиати бештаре дорад ва муҳим истифода бурда тавонистан аст.

Фатҳулло САЙИДОВ,

Бознашр аз “Насими Исфара”

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ тавассути малакаҳои журналистикаи муосир барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва фарогирии аудитория”, ки Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон татбиқ мекунад, омода шудааст.

Previous article“Мухбирони ҷавон”-чароғи роҳнамо барои рӯзноманигорони ҷавон
Next articleСамарҳои семинари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here