Муқаддас Ҳомидҷонова, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, пас аз ширкат дар семинари дурӯзаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бобати фаъолияти маҳфили “Мухбирони ҷавон”-и МТИ №4-и н.Б.Ғафуров дар сомонаи маҷаллаи “Илм ва техника” матлабе интишор намуд, ки бо ин пайванд дастрас аст.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ тавассути малакаҳои журналистикаи муосир барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва фарогирии аудитория”, ки Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон татбиқ мекунад, омода шудааст.