Дар ҷаҳони муосир, ки технологияи рақамӣ бо суръати бесобиқа рушд мекунад, зеҳни сунъӣ тадриҷан ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти инсон табдил ёфтааст. Агар дар гузашта мо зеҳни сунъиро бештар дар соҳаҳои илмӣ, тандурустӣ ё иқтисод медидем, имрӯз он ба васоити ахбори омма низ роҳ ёфта, ҷараёни кор ва эҷоди мундариҷаро дигаргун мекунад. Радиои “Шаҳри ман” ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо замона ҳамқадам бошад. Аз ин рӯ, истифодаи зеҳни сунъиро барои таҳия намудани ҷадвали барномаҳои худ ба роҳ мондааст. Ин тадбир на танҳо корро самаранок мегардонад, балки имкониятҳои навро барои шунавандагон фароҳам меорад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Радиои “Шаҳри ман” дар мавриди омӯхтани технологияҳои зеҳни сунъӣ хеле фаъол аст. Кормандони радио, аз ҷумла режиссёру танзимгарони овоз ва муҳаррирон дар тренингҳои гуногун оид ба омӯзиши зеҳни сунъӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Чанде пеш, дар меҳмонхонаи “Хуҷанд Стар”-и шаҳри Хуҷанд тренинги дурӯза дар мавзӯи “Истифодаи зеҳни сунъӣ ва мобилография” баргузор гардид, ки дар он ҳамкасбони мо низ иштирок намуданд. Тренинги мазкур бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Сафорати ИМА баргузор шуд. Дар тренинг муҳаррирони нашрияҳо, хабарнигорони радио ва телевизионҳо, блогнависон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Баргузории чунин тренингҳо ба кормандони мо имконият медиҳанд, ки бо усулҳои муосири кор бо технологияҳои зеҳни сунъӣ шинос шуда, онҳоро барои такмили барномаҳои радиоӣ истифода баранд.
Чӣ гуна зеҳни сунъӣ ҷадвал (сетка)-и барномаҳои радиоиро тағйир медиҳад?
- Таҳлили аудитория бо истифода аз зеҳни сунъӣ
Ба барномаҳои радиои “Шаҳри ман” шунавандагони сершумор дастрасӣ доранд: ҷавонон, калонсолон, кормандони идораҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён. Барои қонеъ гардондани ниёзҳои ин аудитория, муҳим аст, ки ҳар барнома ба гурӯҳи муайяни шунавандагон равона карда шавад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки радиои “Шаҳри ман” имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, шунавандагони зиёд дорад. Барои қонеъ кардани завқ ва эҳтиёҷоти ин доираи васеи шунавандагон, таҳлили аудитория нақши ҳалкунанда мебозад.
- Эҷоди мундариҷа бо ёрии зеҳни сунъӣ
Барномасозии радио ба эҷодкорӣ ва дақиқӣ ниёз дорад. Зеҳни сунъӣ метавонад на танҳо дар таҳлили маълумот кӯмак расонад, балки дар эҷоди мундариҷа низ нақш бозад. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад матнро барои эълону роликҳои рекламавӣ, хабарҳо пешниҳод кунад. Ҳамзамон, зеҳни сунъӣ дар офаридани номгӯи мусиқӣ низ кӯмак мекунад. Завқи шунавандагони ҳар як минтақаи кишварамонро ба инобат гирифта, зеҳни сунъӣ метавонад плейлистҳоро тавре таҳия кунад, ки дар вақти пахш шунидани ин сурудҳо ба кас ҳаловат мебахшад.
Имрӯз технологияҳо ба сатҳе расидаанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад овозҳои сунъии реалистиро эҷод кунад. Радиои “Шаҳри ман” низ аз ин кӯмаки зеҳни сунъӣ истифода мебарад. Ин овозҳо метавонанд дар ҳолатҳои фавқулода, масалан, дар вақти набудани ровии аслӣ (бахусус, русзабонон), истифода шаванд.
- Ҷадвали фасеҳ ва шахсӣ
Яке аз дастовардҳои муҳим ин имконияти таҳияи ҷадвали фасеҳ мебошад. Ҳар соат, баъди садо додани вақти дақиқ, зеҳни сунъӣ барномаҳои дарпешистода (анонс)-ро ба шунавандагон эълон мекунад. Дар ҳолатҳои форсмажорӣ система метавонад мустақилона барномаҳои дарпешистодаро, бахусус силсилабарномаҳои радиоиро бо хабарҳои наве, ки дар бойгонӣ (архив) нигоҳ дошта мешаванд, иваз кунад.
- Ҳалли масъалаҳои техникӣ
Зеҳни сунъӣ на танҳо ба таҳияи мундариҷа, балки барои бартараф намудани мушкилоти техникӣ низ кӯмак мерасонад. Он метавонад сифати садо, вақтсанҷӣ ва ҳатто пахши мустақимро идора кунад. Ҳангоми пахши барномаҳои мустақим, зеҳни сунъӣ метавонад хатогиҳоро дар вақти воқеӣ ислоҳ намояд.
Афзалиятҳо ва мушкилот
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар кори радио афзалиятҳои зиёд дорад:
Самаранокӣ: Таҳияи барномаҳо дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода мешавад.
Тақвияти эҷодкорӣ: Бо пешниҳоди идеяҳои нав, зеҳни сунъӣ ба кормандони радио имконият медиҳад, ки таваҷҷуҳашонро бештар ба иҷрои вазифаҳои стратегӣ равона созанд.
Дастрасӣ ба маълумоти дақиқ: Ҳар як барнома дар асоси дуруст таҳлил намудани эҳтиёҷоти шунавандагон таҳия мегардад.
Аммо, бо вуҷуди ин, масъалаҳое низ вуҷуд доранд:
Эътимод ба технология: Ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ инсон бояд ҳамеша вазъро назорат кунад, то хатогиҳои эҳтимолиро пешгирӣ кунад.
Омодагии кадрҳо: Барои кор бо зеҳни сунъӣ мутахассисони баландихтисос лозиманд.
Оянда: Радио ва зеҳни сунъӣ
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар радио “Шаҳри ман” танҳо оғози навоварӣ мебошад. Дар оянда, радио метавонад бо зеҳни сунъӣ боз ҳам бештар муттаҳид шуда, барномаҳои ҷолибу шуниданиро таҳия намуда, сафи шунавандагонашро низ зиёд гардонад.
Дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ барои радио “Шаҳри ман” на танҳо воситаи хуби корӣ, балки шарики боэътимод шудааст. Ин технология на танҳо мундариҷаро беҳтар мекунад, балки радиоеро месозад, ки ҳамеша бо шунавандагони худ дар як мавҷ аст.
Мавзуна Ниёзова, сармуҳаррири Радиои “Шаҳри ман”
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ тавассути малакаҳои журналистикаи муосир барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва фарогирии аудитория”, ки Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон татбиқ мекунад, омода шудааст.