Дипфейк – ин як технология аст, ки аз зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ барои эҷод ё тағйир додани видеоматериалҳо, тасвирҳо ва овозҳо истифода мекунад, ки мақсади он иваз кардан ё тағйир додани чеҳраҳо, овозҳо ва ҳаракатҳои одамон мебошад.
Технологияи дипфейк бар асоси алгоритмҳои омӯзиши амиқ сохта шудааст, ки бештар аз усули GAN (Generative Adversarial Network) истифода мешавад. Ин алгоритмҳо метавонанд тағйиротҳои хеле воқеӣ ва табиӣ дар видео ва тасвирҳо эҷод кунанд.
Хусусиятҳои дипфейк:
1. Ивази чеҳра: Дипфейк метавонад чеҳраи як шахсро ба чеҳраи шахси дигар иваз кунад. Ин ба бинанда бештар эътимод мебахшад, ки сабт, воқеан, аслӣ аст.
2. Тағйири овоз: Дипфейк метавонад овози як шахсро бо овози шахси дигар иваз кунад. Ин ба шунаванда бештар эътимод мебахшад, ки сабт, воқеан аслӣ аст.
3. Барқарорсозӣ: Дипфейк метавонад бо истифода аз чеҳраи шахсони дар қайди ҳаёт набуда, навори суҳбат ва ҳаракатҳои онҳоро барқарор кунад.
Ҷанбаҳои манфии дипфейк:
1. Дасткорӣ: Дипфейк метавонад барои эҷоди видеоҳои сохта бо мақсади паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, фиреби ВАО ё ҳатто ҳамлаҳои сиёсӣ истифода шавад.
2. Бадномсозӣ: Дипфейк метавонад барои эҷоди маводҳои порнографӣ бо иштироки одамон бе розигии онҳо истифода шавад, ки ин нақзи ҳуқуқи инсон аст.
3. Беэътимодӣ: Дипфейк метавонад эътимод ба видео ва дигар маводҳои визуалиро коҳиш диҳад, зеро шинохтани навори аслӣ аз сохта хеле мушкил мегардад.
Ҷанбаҳои мусбати дипфейк:
– Саноати синамо: Дипфейк метавонад барои эҷоди эффектҳои махсуси мураккаб, эҷоди саҳнаҳои аниматсионӣ ва воқеӣ истифода шавад.
– Таълим ва омӯзиш: Дипфейк метавонад барои эҷоди тасвирҳо ва “ҷон додан” ба шахсиятҳои таърихӣ дар маводҳои таълимӣ истифода шавад.