Зеҳни сунъӣ ва фаъолияти рӯзноманигорӣ. Таассурот аз машғулияти омӯзишӣ

52
0
Қариб соҳае нест, ки ҳоло дар он аз зарфиятҳои зеҳни сунъӣ корбаст нагардад. Он барои таҳлили ҳар маълумот, пешгӯии тамоюлҳо, таҳияи алгоритмҳои ҷустуҷӯ, тарҷумонӣ ва ғайра корбурд мешавад. Ҳамзамон, имрӯз дар дунё аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои тибб, таълим, молия, меъморӣ, санъат, нақлиёт ва ҳоказо истифода мекунанд. Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон чанде пеш омӯзиш барои рӯзноманигорони ҷавон доир гардид. Дар он перомуни малакаҳои корбасти зеҳни сунъӣ дар фаъолияти журналистӣ, тарзу усулҳои аксу наворгирӣ бо телефони мобилӣ ва абзорҳои далелсанҷӣ маълумоти муфид пешниҳод шуд.
Коршиноси расонаӣ ва журналисти соҳибтаҷриба Ҷамшеди Маъруф ба мо, иштирокдорон зимни омӯзиш дар хусуси тарзи дурусти навиштани дархост (промт) ба зеҳни сунъӣ тавсияҳои муфид дод. Фаҳмидам, ки агар аз имкониятҳои зеҳнӣ сунъӣ дуруст истифода барем, имконияти бештари эҷоди маводи хушсифати журналистиро ба даст меорем. Зеҳни сунъӣ дар он вақт ҷавоби қонеъкунанда медиҳад, ки агар ба он промти дурусту мушаххас навишта тавонем. Аслан, “промот” чист? Он матнест, ки ба зеҳни сунъӣ дода мешавад, то аз рӯйи он кори мушаххасеро иҷро кунад. Он чӣ гуна бояд навишта шавад? Барои аз зеҳни сунъӣ ҷавобҳои муфид ва дақиқ гирем, саволи худро ба таври равшан ва мушаххас бояд таъриф кунем. Ба он маълумоти иловагӣ диҳем. Онро бо забони оддӣ ва равшан нависем. Аз истифодаи калимаҳои мураккаб ва ибораҳои камистеъмол худдорӣ кунем. Дар идомаи омӯзиш Ҷамшеди Маъруф дар бораи имкониятҳои телефонҳои ҳушманд, ки барои наворбардориву аккосӣ хеле мусоид аст, маълумоти ҷолиб дод. Ӯ чанд хатоии асосии рӯзноманигорони ҷавонро, ки ҳангоми таҳияи навор бо телефони мобили роҳ медиҳанд, номбар кард.
– Садои хуб надоштани навор, истифодаи титрҳои хати нохонодошта, бозӣ кардани равшанӣ ва гумшавии “фокус” ҳангоми сабт, риоя нашудани бандубасти мантиқии навор, нақзи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳоказо. Ҳангоми таҳия кардани муҳтаво ба чунин ҷиҳатҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кард.
Ҳамзамон, журналисти варзида ва раиси Шӯрои ВАО- и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода баргузории чунин омӯзишро барои журналистони ҷавон муҳим ва саривақтӣ донист.
-Дар маҳалҳо матолибе, ки аз тарафи хабарнигорон, блогерон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ омода мегарданд, ба талаботи истифодабарандагон иттилоот ба таври кофӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, Шӯрои ВАО-и Тоҷикстон барои амалӣ гардидани лоиҳаи “Тавсеаи имкониятҳои мутахассисони ВАО маҳаллӣ бо истифода аз малакаҳои муосир барои баланд бардоштани сифати маводҳо”, ки аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, шуруъ кард. Он мудати як сол давом карда, масъалаҳои марбут ба сифат ва мундариҷаи беҳтари иттилоотрасонӣ дар маҳалҳоро фаро хоҳад гирифт.
Ҳуриннисо Ализода бар ин бовар аст, имрӯз насли нави рӯзноманигорону ваблогнависон имконияти бештари эҷоди муҳтаворо доранд. Донишу малакаҳои наве, ки аз омӯзиш мегиранд, дар фаъоляти эҷодӣ корбаст мекунанд. Ин барои онҳо имкон медиҳад, ки пеш аз ҳам ном ва мухотаб пайдосозанд.
Дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ манфиатҳои зиёд дорад, ки барои беҳтар кардани ҳаёти инсон равона шудааст. Масалан, он ба инсон барои автоматизатсия ва самаранокии кор, таҳлили маълумоти калонҳаҷм ва пешгӯии натиҷаҳои оянда, қабули қарорҳои беҳтар ёрӣ расонида метавонад. Ҳамчунин, зеҳни сунъӣ ба ҳаёти инсон зарар низ мерасонад, агар он бо ҳадафҳои нодуруст, аз ҷумла ҳамлаҳои киберӣ исифода шавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки корбурди аз ҳад зиёди он ба ҷудошавии иҷтимоӣ ё коҳиши муошират миёни одамон, аз даст додани ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо, ки ба тарзи автоматӣ иҷро шудани корҳои зиёд бартарӣ дода шудааст, оварда мерасонад. Чанде пеш Пешвои миллат дар Паёми солона изҳор доштанд, ки истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ зарур аст. “Масалан, ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст. Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад”, -гуфтанд Сарвари давлат.
Файзуллохон ОБИДОВ,
Бознашр аз “Ҳақиқати Суғд”
Previous articleШикасти арзишҳо ва расонаҳо
Next articleДипфейк чист ва чаро аз он истифода мебаранд?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here