Арзиш ва суннату анъанаҳое, ки миллатҳо садсолаҳо ҳифз кардаанд, барои онҳо ниҳоят азизанд, зеро пойдевори ҳастӣ ва василаи идомаи минбаъдаи ин миллатҳо мебошанд. Тардиде нест, ки дар ин муддат баъзе аз ин суннату анъанаҳо дигаргун шуда, хусусиятҳои тоза касб карданд. Ин тағйирот бо мурури замон ворид шуда, баъзан сабабгори мукаммал гардидану пурратар шудани ин анъанаҳо, ба манфиати наслҳо будани онҳо, ҳикматноктар шудани онҳо мешаванд ва мутаассифона, баъзан бо таъсири афкори ғайр омехтаву варшикаста мешаванд, ки ҷойи нигаронӣ дорад.

“Рӯй овардани миллати тоҷик ба арзишҳои анъанавию ахлоқии худ ақибмондагӣ ва маҳдудияти халқи тоҷик набуда, балки пойдевори усулӣ ва принсипиалие мебошад, ки тавассути он метавон дар шароити тағйирпазирии ҷаҳони муосир боқӣ монд…”[3, с.5-6]

Раванди ҷаҳонишавӣ бо он ки ҷиҳатҳои мусбати зиёдеро дорост, инчунин, пайомадҳои ногувор низ дорад. Ифодаи гуногунтаъбири “гуфтугӯи тамаддунҳо” имтиҳони ҷиддии наслҳо дар самти ҳифзи арзишу анъанаҳои миллӣ мебошад. Миллати мо имрӯзҳо рӯ ба рӯи ин имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад; арзиш ва суннату анъанаҳои неке, ки қарнҳо ташаккул ёфта, ҳифз гардидаанд, камаҳамият гардида, ҳатто шикаста шуда истодаанд. Дар мисоли намунае, ки баррасӣ мешавад, мо як ҳолати хатарнокеро мушоҳида кардем: ин шикасти арзишҳо ҳамчун намунаи ҳунари воло ва ҳатто “инқилоб” дар навъе аз ҳунар ва умуман, ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Арзишҳое чун муқаддас будани оила, нақши он, устувории мақом ва ҷойи ҳар як нафар дар оила, суннатҳои хоси тарбияи фарзанд, эҳтироми хосса ба волидайн, ки дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои эътиқодии мардум ҳамчун арзиши миллӣ шинохта шуда буданд, имрӯз коста гардида истодаанд, ки ин нишони рахна гардидани марзи тарбияи суннатӣ мебошад. Рух додани ҳодисаҳои гӯшношуниде, монанди қатли волидон аз ҷониби фарзандон, ки имрӯз зиёд ба амал меояд ва мутаассифона, дар расонаҳо ба тарзҳои гуногун инъикос мешавад, аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Дар чунин шароит нақши воситаҳои ахбори омма боз ҳам барҷастатар мегардад, зеро муносибаташон ба раванди ҷаҳонишавӣ ва омилҳои таъсиргузори он мавқеи воситаҳои ахборро муайян мекунад, ки то куҷо масъалаи арзишҳои миллӣ, ҳифзи онҳо дар мадди назарашон аст. Пас аз заволи шӯравӣ андешаҳои демократии олами Ғарб бо шаклҳои гуногун дар ҳудуди он, ки акнун кишварҳои алоҳидаи мустақил буданд, зуҳур карданд, ки як андоза хислати тарғиботии пинҳонӣ доштанд.

Профессор И. Усмонов менависад, ки “меъёрҳои ахлоқӣ хислати касбро муайян мекунанд, вале онҳо аз асли ҷомеа, асоси сиёсии он канда нестанд, лиҳозо як мафҳум метавонад дар ҳар сохти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамсон набошад” [4, с.79]. Дар идомаи андешаҳо иброз мешавад, ки фаҳмиши неку бад, ончунонки дар меъёрҳои сиёсии ин ҷомеаҳо яксон нест, дар матбуоти онҳо низ фарқкунанда аст. Барои фаҳмиши неку бад мисол оварда мешавад, ки замоне нишон додани бӯсидан мумкин набуд, имрӯз он дар баъзе филмҳо беҳтарин лаҳзаи ахлоқӣ шуморида мешавад ё замоне гуфтани он ки бо хунхорию золимии беандоза кушторе ба амал омад, бад буд, зеро чунин шуморида мешуд, ки ҷомеаро ба роҳи бад мекашонад, аммо имрӯз воситаҳои ахбор дар хусуси шаклҳои манфуртарини қатли одам бо тамоми ҷузъиёташ нақл мекунанд ва мегӯянд ин амал хуб аст, зеро бо дидани куштору зӯрӣ одамро худро ба худҳимоя омода мекунад ва ё роҳ ёфтани порнография ба расонаҳо бадахлоқӣ ҳисобида шуда, маҳкум  мегардид, аммо имрӯз мегӯянд бо дидани порнография чашм ба зиндагӣ кушода шуда, бадахлоқӣ камтар мегардад. Муҳаққиқ И. Усмонов бо зикри мисолҳои мазкур иброз медорад, ки инҳо намунаи фаҳмиши нави меъёрҳои ахлоқии журналистон мебошанд [4, с.80].

Ба назари мо, ин фаҳмиши нави меъёрҳои ахлоқӣ на, балки афкори таҳмилиест, ки барои аз миён бурдани арзишҳои суннатии миллатҳо равона шудааст. Агар дар солҳои аввал ҳақиқати ин афкор чандон ошкор набуд, чун дар ҷомаи демократия ва озодии инсон онҳоро пинҳон мекарданд, вале имрӯз бармалост, ки он мақсади ба решаи асолати миллатҳо теша заданро дорад. Тавре таъкид кардем, маҳз дар чунин шароит фаъолияти воситаҳои ахбор боз ҳам мушаххастар мегардад, зеро дар ин сурат пас аз донистани ҳақиқат муносибат муайян мешавад. Масъала моҳиятан нозук аст, аз ин рӯ, ба мисолҳо аз ин дидгоҳ назар мекунем.

Радиои “Озодӣ” бо чунин унвон хабар додааст: “Мақомот: Дархост накунед, “секс.тҷ”-ро намедиҳем”: Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар домени миллии TJ номҳое бешармона ва берун аз ахлоқ, ба мисли “Секс нуқта ТиҶей”-ро сабти ном нахоҳанд кард. Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки менеҷери домени миллӣ ба шумор меравад, дар ин бора дар “қоидаҳои сабти ном дар минтақаи TJ” хабар дод. Ҳоло дар минтақаи Tj наздик ба 6 ҳазор сомона сабти ном шудааст [6].

Дар идомаи ин хабар маълумоти дигар, ки гӯё ба ин мавзӯъ алоқаманд мебошад, илова шудааст: “Аммо ду сол қабл дар Тоҷикистон бори аввал фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ – “секс-шоп” ба кор пардохта буд, ки аз ларзонгар (вибраторҳо) то “занони маснӯӣ”-ро пешниҳод мекард. Моликони фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетӣ маълум набуданд, аммо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои “Интим магазин Душанбе” ва “sex_shop_tj”-ро боз карда буданд” [6].

Дар хабар моҳияти ин амал ҳам шарҳ дода шудааст: “Бо ин ҳол, дар банди 17-уми қоидаҳо, ки ба ҳолати радди сабти номи домен дар минтақаи TJ рабт дорад, гуфта мешавад: “агар номи домени дархостшаванда аз калимаҳои хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ, меъёрҳои қабулгардидаи ахлоқу одоб (калимаҳои дорои мазмуни қабеҳ ва бешармона, даъватҳои дорои хислати ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шарафи инсон ё ҳиссиёти динӣ ва ғайра) бошад, сабти ном намешавад”.

Дар ин хабар ҳарчанд танҳо маълумот дода мешавад, яъне мавқеъ чандон ошкор нест, вале иловаи маълумоти дигари алоқаманд ва шеваи баён ба қадри имкон, ифодагар аст, ки аз мавҷудияти интиммагазинҳо ҷонибдорӣ мешавад, зеро ин ҷо зарурати зикри маълумоти ду сол қабл (ки оҳанги таблиғӣ низ дар он ҳаст) вуҷуд надорад.

Доир ба масъалаи мазкур мо ба шарҳе, ки Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, мувофиқем. Зеро зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ тавассути ҳифзи арзишҳои суннатӣ имконпазир аст ва ин амали маркази мазкур ҳам, ки хислати ояндабинӣ дорад, шоистаи пазироӣ ва ҳамовозӣ аст.

Хабари дигари Радиои “Озодӣ” чунин унвону зерматн дорад: “На бӯсу канор, на ишқварзӣ. Тоҷикистон саҳнаҳои фаҳшоро қайчӣ мезанад”: На бӯсу канор ва на лаҳзаҳои хуфтухоб. Бино ба оинномаи нави “Тоҷикфилм”, пахши ҳамагуна саҳнаҳои шаҳватбарангези филмҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар телевизиону кинотеатрҳои кишвар мамнуъ шуд. Мақомот гуфтанд, чунин саҳнаҳоро аз дохили филмҳо ёфта, қайчӣ хоҳанд зад [7].

Барои шарҳи маълумот хабарнигори Радиои Озодӣ, ба истилоҳи худи ӯ, бо “як мақом”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳамсуҳбат шудааст. Ин мақом гуфтааст, намоиши чунин лаҳзаҳо ба фарҳанги мо рост намеояд, барои ҳамин бояд ҳамааш ба як чаҳорчӯба дароварда шавад. Ӯ афзудааст, ки Тоҷикистон Конвенсияи киноро пазируфтааст, аз ин рӯ, ҳуқуқи муаллифӣ низ ҳангоми пахши филмҳо санҷида мешавад.

Хабарнигор пас аз изҳори назари “ин мақом” тавзеҳ дода, ки “дар гузашта телевизионҳои Тоҷикистон то ҳадде аз пахши саҳнаҳои фаҳшо худдорӣ мекарданд. Ё чунин саҳнаҳоро “қайчӣ” мезаданд, ё бо таблиғоти молу маҳсулот мепӯшонданд. Сокинони Тоҷикистон ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез дар филму намоишномаҳои театрӣ ҳассосанд”. Дар идома барои ин сухан мисол оварда мешавад, ки “аз ҷумла, тобистони соли гузашта намоиши “Наход, ки ман нестам”-и ҳунармандони Театри ба номи Маяковскийи пойтахт бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки дар намоишнома гӯё тарғиби фаҳшу шаҳват миёни кӯдаконро дарёфтанд. Ҳарчанд дертар мақомоти ин театр гуфтанд, ки чунин гап дар ҳаққашон дуруст нест”.

Гӯё барои риояи тавозуни назар, мавқеи хабарнигор Ёқуб Ҳалимов, оварда шудааст, ки ӯ тасмими “Тоҷикфилм”-ро як навъ маҳдудсозӣ номида, гуфтааст, агарчӣ хубанд, аммо корсоз нестанд. Ӯ гуфтааст, “фикр мекунам, дар робита ба танзими соҳаи синамо – хоҳ бо ҳадафи ахлоқӣ, хоҳ ҷорӣ кардани сензура – миёнаи тиллоӣ вуҷуд надорад. Соҳаи синаморо ё бояд озод гузошт, ё бояд комилан манъ кард”.

Дар фарҷоми ин хабари васеъ маълумот дода мешавад, ки “охири моҳи феврали имсол раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков низ зери тағйирот ба қонуни ин кишвар дар бораи дастгирии давлатии синамо имзо гузошт, ки бар асоси он дар филмҳо саҳнаҳои фаҳш ё даъват ба барангехтани адовати миллӣ, динӣ ва таҳаммулнопазирӣ бояд набошад. Қирғизистон моҳи октябри соли 2016 намоиши филмҳоеро, ки саҳнаҳои фаҳш доранд, манъ карда буд. Ин гуна саҳнаҳоро комиссияи байниидоравии ташхис муайян мекунад”.

Мо ба ин гуна мавқеъ, ки вобаста ба мавзӯъ маълумоти заруриро илова мекунад, эҳтиром қоилем, яъне, тасмими Тоҷикистон ягона нест, дар кишварҳои дигар низ чунин ибтикорот ҳаст, вале он ки бо изҳори назари як хабарнигор (ки ба синамо алоқамандӣ доштанаш ҳатто зикр нашудааст) камранг нишон додан хостани чунин тасмимҳо муносиб нест, зеро нишони тавозуни назарҳо буда наметавонад. Ҳамзамон, донистани он ки мардуми тоҷик ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез ҳассосанд, аҳамиятнокии ин хабарро тақвият бахшидааст, вале тавзеҳ наёфтани ин ҳассосияту зикри эҳтимоли бо вазъи Қирғизистон умумият доштани он сарфи назар шуда, ки қобили мулоҳиза аст.

Робитаҳои маҳрамонаи ғайрианъанавӣ яке аз масъалаҳои доғи дигар аст, ки ниҳоят хислати оммавӣ пайдо кард. Радиои Озодӣ ин мавзӯъро чунин инъикос кардааст: “Баъзе занони тоҷик аз “робитаҳои ғайрианъанавӣ” шикоят карданд”: Маркази исломии Тоҷикистон мардонеро, ки ҳамсарони худро ба “робитаҳои маҳрамонаи ғайрианъанавӣ” маҷбур мекунанд, маҳкум кард. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар як хутбаи намози ҷумъааш, ки дар вебсайти ин ниҳод нашр шудааст, гуфт, мардоне, ки аз занҳояшон чунин тақозоҳои “беҷо” мекунанд, “гуноҳи азим мегиранд”. Абдулқодирзода гуфтааст, чунин робита тариқи интернет ва намоиши филмҳои фаҳшо ба Тоҷикистон омад [8].

Аз қавли масъули шуъбаи фатвои ин ниҳод зикр мешавад, ки хутбаи муфтӣ пас аз он навишта шуда, ки баъзе аз занони тоҷик дар ин замина ба унвонии ин муассиса ба таври хаттӣ шикоят карда, хостанд, ки нодурустии чунин робитаи ҷинсӣ дар хутбаи намози ҷумъа шарҳ дода шавад, чунки гуфтанд, шавҳаронашон ба намоз меоянд ва бояд хатои худро дарк кунанд. Ин шахси масъул гуфтааст, занҳо шикоят кардаанд, ки чунин тақозои шавҳаронашон номуносибу дардовар ва нақзи ҳуқуқи онҳост.

Дар идома таъкид мешавад, ки суҳбати бепарда дар бораи робитаҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон табу аст, бештари сокинони Тоҷикистон беҳтар мешуморанд, ки гапи хона ба кӯча набарояд ва бовар доранд, ки шеваи хуфтухоб кори шахсии ҳар нафар аст. Ҳамзамон, аз қавли масъулони созмони иҷтимоие ин масъала бозтоб ёфта, аз шикояти занҳое ёд шудааст, ки онҳо гуфтанд, шавҳаронашон робитаҳои ғайрианъанавиро ҳангоми муҳоҷират дар Русия омӯхта, мехоҳанд дар ҳамсарони худ низ таҷриба кунанд.

Ин хабар пурра аст, зеро назари коршинос-табибро низ дорад, ки ӯ робитаҳои ғайрианъанавиро як навъ беморӣ медонад. Пуррагии хабари мазкурро боз ин маълумоти иловагӣ тақвият мебахшад: “бори аввал нест, ки Маркази исломии Тоҷикистон масъалаи равобити ҷинсии сокинонро ба баррасӣ мегирад. Дар гузашта ин ниҳод ба масъалаи истифода аз “занони маснӯӣ” ва “олоти сунъӣ” дар кишвар ҳам дахл карда гуфта буд, дил бастан ба чунин “бозичаҳо” зану шавҳарро аз якдигар дур карда, ба решаи муҳаббати миёни одамон теша хоҳад зад”. Ба назари мо, ин маълумоти иловагӣ аҳамиятнок аст, зеро сабаби дахолати ин ниҳод ба масъалаҳои нозуки ахлоқиро аз нигоҳи ахлоқи инсонӣ ва шаръӣ баён мекунад, ки посухи устувору мантиқист.

Ин хабар дар бахши русии Радиои Озодӣ низ ҷой гирифтааст. Сомонаҳои sugdnews.tj ва ru.orien.info онро бо сарлавҳаҳои мухталиф нашр ва ба манбаъ ишора кардаанд, ки аз нигоҳи мо, хислати ҳангомавии мавод боиси бознашри он гардидааст, зеро аз унвони гуногуни он дар ин сомонаҳо чунин хулоса бармеояд.

Осори санъати тасвирӣ чун навъи ҳунар рисолате дорад, ки баҳри парвардани завқи зебоипарастиву сайқали тафаккур мусоидат кунад. Аслан, ҳама гунаҳои эҷод хислати созандагӣ доранд ва ҳадафашон роҳнамоӣ ба сӯйи рӯзгори солиму зебо ва беҳтар аз имрӯз аст. Саъйи тағйири моҳияти таъйиноти он ҳарчанд эъҷозу инқилоб номида шавад ҳам, шоистаи пазироӣ буда наметавонад, зеро эъҷоз намунаи волое дар самти иҷрои таъйиноти аслӣ аст.

Намоиши наққошиҳои Маърифат Давлатова, як рассоми ҷавон аз нигоҳи мо, чунин хислат дошт, ки тавассути инъикоси густурдаи онҳо аз ҷониби хабарнигорони радиои Озодӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook шӯре барангехт: “Исёни ҷисми урён алайҳи ҷомеаи мардсолори тоҷик. Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар… Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст”[9].

Дар ин гузориши муфассали радиои Озодӣ, ки намунаҳое аз ин рассомиҳо ва навор ҳам дорад, аз чанд дидгоҳ ба намоиш муносибат шудааст. Муаллифи наққошиҳо гуфтааст, бо ин расмҳо мехоҳад як навъ эътирозашро аз вуҷуди мушкили нобаробарии ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баён кунад. Мувофиқи гузориш, Меҳрубон Давлатова, як сокини пойтахт, ки ба намоиши расмҳо омадааст, ба ин бовар будааст, ки “намоиши чунин аксҳо метавонад барои аз байн бурдани нобаробарӣ миёни занону мардон мусоидат кунад”[9].

Дар гузориш инчунин, зикр мешавад, ки “намоишгоҳи тасвири духтари ҷавони нимаурён дар Душанбе барои бисёре аз тамошобинон ногаҳонӣ буд. Баъзеҳо гуфтанд, ки ба ҷасорату ҳунари муаллиф аҳсан мехонанд, аммо ҳосили заҳматҳои ӯро мухолиф бо арзишҳои суннатӣ арзёбӣ мекунанд”. Дар идомаи гузориш мавқеи Шаҳло Шоҳмансурова, духтаре, ки ба тамошои ин осор омада будааст, зикр мешавад: “Фикр мекунам, набояд ба фарҳанги бегона рӯ оварем. Зеро занҳо дар фарҳанги мо ҳамеша поку беолоиш буданд ва бо ин ҳамеша фарқ мекарданд”. Худи хабарнигорон ҳам афзудаанд: “вале ба фарқ аз занон, мардони тоҷик мегӯянд, бадани урёни зан дар ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи табу аст ва одат кардани мардон ба чунин тасвирҳо ғайриимкон мебошад. Маҳмад яке аз онҳост. Ӯ гуфт, ҳарчанд намоишгоҳро надидааст, майли рафтан ба намоишгоҳро надорад. “Мардон наметавонанд дар ҳузури дигарон чунин аксҳои урёни занони тоҷикро тамошо кунанд” [9].

Тавре гуфтем, ин гузориш сабабгори ба вуҷудоии силсилахабар гардид. Мавзӯи ҳассоси он баҳси гармеро дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба вуҷуд овард; аксарият онро таҳқири зани тоҷик, таҳқири арзишҳои миллию мазҳабӣ донистанд, гӯё ба ҷони рассом таҳдид ҳам шудааст. Радиои Озодӣ ин ҳама – ҳангома дар шабакаи иҷтимоӣ, таҳдид ба ҷони рассом, тарафдориҳо аз ин амалро, ки ҳатто онро инқилоб донистаанд, дар се гузориши дигар инъикос кардааст.

Мо бо қисми зиёди вокунишҳо шинос шудем; назарҳо мухталифанд, қисме ба он назаранд, ки тасвири ҷисми зан гапи наве нест, ҳатто аз қавли рассоми халқие гуфта мешавад, ки аксар рассомони машҳури олам ин амалро анҷом додаанд. Дар шарҳҳо ба ин масъала аз ҳама дидгоҳ муносибат шуда, аз ҷумла, гуфтаанд, ки дар ҳеҷ яке аз он шоҳкориҳо ба миллати қаҳрамони асар ишора нашудааст. Аммо аксарият хилофи арзишҳои миллию мазҳабӣ будани ин наққошиҳо, амали рассомро маҳкум ва таҳқири зани тоҷик будани онро таъкид кардаанд.

Дар ин масъала мо ба ин назар ҳастем, ки хилофи арзишҳои ҷомеа амал кардан бо назардошти санҷиши вазъи таҳаммулпазирии он оқибати хуб надорад. Таҳаммулпазирии ҷомеаро тавассути чунин масоили ҳассос имтиҳон кардан имкон надорад; инро намунаҳои дигар низ собит мекунанд. Ин ҳам аниқ аст, ки ба муқобили “ҷомеаи мардсолор” бо намоиши ҷисми урён исён кардан имкон надорад; ба назари мо, ҷомеаи мардсолорро тавассути покиву иффат ва риояи суннатҳои аҷдодӣ мафтун кардан мумкин аст, ки дар меҳвари он эҳтироми худ ва донистани ҳадду мақоми худ меистад.

Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг (8-феврали соли 2019) хабарнигори радиои Озодӣ аз вазир суол кард, ки дар ин масъала чӣ назар дорад. Вазири фарҳанг низ мавқееро, ки мо дорем, тақвият бахшида, иброз дошт, ки сарфи назар кардани менталитети мардум имкон надорад; агар ин намоиш дар Аврупо мебуд, шояд ҳамчун намунаи хуби ҳунар пазируфта мешуд, вале дар ҷомеаи мо чунин тасаввур кардан имкон надорад, аз ин рӯ, ҷойи худро бояд донист. Чунин мешуморем, ки ин ҷо сухан сари муҳимтарин унсури ахлоқи миллӣ – шарму ҳаё меравад ва “агар ахлоқ вайрон бошад, агар ахлоқи ҷамъиятӣ фосид шуда бошад, он гоҳ… оромию мувозинати ҷамъиятро ҳифз кардан номумкин мегардад” [5, с.5].

Дар мавриди таҳдид, вазир иброз дошт, ки ин ифрот аст ва бояд ба таври қонунӣ назорат шавад. Мо низ ба ин назар ҳастем, ки таҳдид роҳи ҳалли масъала нест, балки маҳкумияти оммавӣ беҳтар аз он аст, зеро дидгоҳро вобаста ба мушкилоти ахлоқии ҷомеа амиқтар мегардонад ва василаи таъсирбахши минбаъд ҳангоми имтиҳони таҳаммулпазирӣ мешавад.

Масъалаи нозуки дигар, баҳси бакорат аст, ки он ҳам аз ҷониби хабарнигорони радиои Озодӣ ба таври доманадор инъикос ёфта, табиист, ки аз матолиби серхонандаи сомонаи радиои мазкур мебошад, зеро мавзӯи ҳассос дорад. Давоми 2 сол – аз июни соли 2017 то июни соли 2019 вобаста ба ин мавзӯъ 20 матлаб интишор ёфта, қисме аз онҳо силсиларо ташкил додаанд, яъне пайгирии як ҳодиса боиси иншои чанд матлаб гардидааст. Он ҳолат таваҷҷуҳбарангез аст, ки радиои Озодӣ масъалаи мазкурро ниҳоят доғ ва сабабгори бонги изтироби ҷомеаи шаҳрвандӣ медонад, дар ҳоле, ки танҳо ду-се ҳодисаро пайгирӣ намудааст. Ин ҳолатҳоро, ки баҳси бакорат боиси худкушии ҷавондухтари 19-солае ва ё сабабгори ангуштнамо гардидани дигаре шудааст, дарк мекунем ва боиси таассуф медонем, аммо амали хабарнигорони Озодиро аз буда беш нишон додани масъала мешуморем, ки нишони ғаразнокист. Масалан, ҳамин ҳангомасозӣ боиси дахолати Кумитаи ҳимояти ҳуқуқи занони Созмони Милали Муттаҳид ба ин масъала шудааст, ки боз ҳам радиои Озодӣ зери унвони “СММ ба Тоҷикистон: Ташхиси бакоратро аз байн баред” [10] дар ин бора хабар дод. Масъалаи мазкур, аз нигоҳи мо хеле нозук аст, зеро чанд паҳлӯ ва хислати духӯра дорад. Ин хулоса аз пайгириҳои хабарнигорони Озодӣ бармеояд, зеро онҳо ҳодисаи худкушии духтари 19-сола, ба додгоҳ рафтани қазия, ҷазо гирифтани домод ва дар алоқамандӣ ба он зикри ҳолатҳои дигар, ёдовар шудан аз пажӯҳишҳои ғайрирасмӣ, нигоҳи масъули шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон – ғайриахлоқӣ донистани ин масъала, сухани вазири тандурустӣ – ихтиёрӣ будани санҷиши бакорат то тавсияи Созмони Милали Муттаҳиду Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои аз байн бурдани ташхиси онро пайгирӣ намудаанд. Инчунин, дар аксари ин матлабҳо такроран зикр ёфтани як ҳолат далели нишонест, ки зикраш кардем.

Як масъалаи муҳимми дигар, таваҷҷуҳи расонаҳо ба масъалаи ҳамҷинсгароӣ аст. Муаллифи мақолаи “Баъзе муаммоҳои мантиқӣ дар фаъолияти расонаҳо” (дар мисоли бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ”) низ бо баррасии силсиламисолҳо ба хулосае расидааст, ки бо вуҷуди ихтилофоти мантиқӣ дар матнҳо тарғиби ин падидаи нангин – ҳамҷинсгароӣ дар матолиби сомонаи радиои мазкур равшан ба назар мерасад [1, 139-145].

Масъалаи дигари муҳим муносибат бо ҷиноятҳои ахлоқӣ мебошад, ки аз ҷониби аксар расонаҳои электрониву чопӣ ба таври густурда инъикос мешавад. Мутаассифона, дар қисме аз ин инъикосот зикри бепарда ва ошкорову ҳангомаҷӯёнаи ҳодисаҳои нангини ахлоқӣ ба назар мерасад. Масалан, сомонаи tajikistantimes.tj дар рубрикаи “Серхонанда” чунин хабар дорад: “Ҳисор: Духтар аз падараш писардор шуд”[12]. Аз нигоҳи аввал ва мутолиаи ин хабар чунин ба назар мерасад, ки нав аст, вале вақте ба таърихи нашри он таваҷҷуҳ мешавад, маълум мегардад, ки хабари 3 соли пеш аст ва 284 нафар то рӯзи 13.06.2019 ба он шарҳ навиштаанд. Ин матлаб вақте серхонандагии маводро таъмин кардааст, то имрӯз чун хабари нав муаррифӣ мешавад, ҳол он ки аз рӯйи тартиби ҷойгирнамоии мавод, пас аз хабари нави серхонандаи дигар на дертар аз ҳафтае бояд иваз шавад. Сомонаи sputnik.tj.com низ дар ин мавзӯъ хеле “фаъол” аст; давоми нимсолаи 2019-ум 23 хабар нашр кардааст. Сомонаҳо ва нашрияҳои мустақил, аз ҷумла, “Чархи гардун” қариб мавқеи sputnik.tj.com-ро доранд. (Бояд таъкид намуд, ки аксар ҳолат маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамчун сарчашмаи иттилоъ шинохта мешавад. Мо ба ин назар ҳастем, ки кори хабарнигорони ин марказ бояд ба талаботи касбӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ мувофиқ гардонида шавад, зеро қисме аз он наворҳое, ки аз ҷониби ин марказ тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш мешавад, хилофи талабот ва меъёрҳои зикршуда ҳастанд).

Майкл Оконалл, хабарнигори Радиои федералии Амрико гуфтааст: “мутмаинам, ҳар як хабарнигор дар ҳар кишваре ки набошад, бояд озодона фаъолият дошта бошад ва меъёрҳои касбиро риоя кунад, яъне, масъулиятшинос бошад”[11]. Дар ин радиф, ҳангоми таъмини масъулиятшиносӣ ва риояи принсипҳои касбӣ, ки меъёрҳои ахлоқӣ ҷузъи таркибиашон ҳастанд, ба эътибор гирифтани онҳо ниҳоят муҳим аст, зеро  “меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро… ба низом дароварда, имконияти ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби дигар (аудитория, шаҳрванд ва ташкилот)-ро пешгирӣ мекунанд” [2, с.54].

Мо ба чанд масъалаи ахлоқӣ ва муносибати расонаҳо бо онҳо таваҷҷуҳ кардем. Эҳсос мешавад, ки масъалаи изтиробангези шикасти арзишҳо чандон мавриди назари расонаҳо нест ва ба онҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мешавад. Асосан ба радиои “Озодӣ” истинод кардани мо ба он хотир аст, ки маводи он аз ҷониби дигар расонаҳо ҳамовозӣ пайдо мекунад ва мо яке аз намунаҳоро баррасӣ кардем.

Хуш аст, ки масъалаҳои нангини тафсилдодаи “Озодӣ”-ро сомонаҳои ҳафтаномаҳои мустақил бознашр накардаанд, вале ҷиноятҳои ахлоқии куштори пайвандон аз ҷониби ҳамдигарро, ки маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, айнан инъикос мекунанд. Ба назари мо, тасаввури он ки пахшу паҳни ин мавод ба ҷомеа чӣ медиҳад, хеле муҳим аст; дар ин сурат чиро инъикос кардан маълум мешавад. Шояд зарурати зикри чанде аз ҳолатҳои ташвишовар барои таҳлилу баррасии зуҳуроти навпайдо, барои донистани сабабу омилҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои чораҳои пешгирии он бошад, вале мунтазам, бе ҳадафи мушаххас инъикос намудани он қобили мулоҳиза аст.

Мо ба он назар ҳастем, ки бетафовутӣ ба арзишҳои ахлоқӣ, махсусан, арзишҳои суннатии миллӣ оқибатҳои ногувор дорад, зеро баъдан ба пушаймонӣ меорад (чунонки имрӯз поймол гардидани арзишҳои оилавӣ дар баъзе кишварҳо натиҷаҳои нигаронкунанда ба бор овардааст). Ҳарчанд имрӯз баъзе расонаҳо барои ҷалби хонанда ҳангомаро дар ҷойи аввал мегузоранд, вале набояд фаромӯш кард, ки ин ҳолати зудгузар сабаби бетаваҷҷуҳии аудитория низ мешавад.

Хушдил Раҳимҷон, номзади илмҳои филологӣ

Бознашр аз маҷаллаи тақризшавандаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Previous articleҶанбаъҳои ахлоқии имиҷсозиҳо дар воситаҳои ахбори омма
Next articleЗеҳни сунъӣ ва фаъолияти рӯзноманигорӣ. Таассурот аз машғулияти омӯзишӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here