Шурои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикстон барои амалӣ гардидани лоиҳаи “Тавсеаи имкониятҳои мутахассисони ВАО маҳаллӣ бо истифода аз малакаҳои муосир барои баланд бардоштани сифати маводҳо”, ки аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, шуруъ кард.

Ҷараёни амалишавии лоиҳа мудати як сол давом карда, масъалаҳои марбут ба сифат ва мундариҷаи беҳтари иттилоотрасонӣ дар маҳалҳоро фаро хоҳад гирифт.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо дар маҳалҳо маводҳое, ки аз тарафи хабарнигорон, блогерон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ омода мегарданд, ба талаботи истифодабарандагон иттилоот, яъне  бинандаҳову хонандагон ба таври кофӣ ҷавобгӯ нестанд.

Аз ин рӯ Шурои ВАО тасмим гирифтааст, ки бо амалӣ гардондани ин лоиҳа, саҳми худро дар беҳтаргардонии фазои иттилоотии маҳалҳо ва омода кардани маводҳои босифат аз тарафи хабарнигорони маҳалӣ гузорад.

Дар иҷрои лоиҳа чуноне ки зикр гардид, Барномаи грантҳои хурди Комиссияи демократӣ, ки аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, кӯмак мекунад.

 

Previous articleШурои ВАО ба мониторинг шуруъ кард
Next articleОмӯзиш барои рӯзноманигорони маҳаллӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here