Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбии мамлакат, бахшида ба ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан, озмуни ҳарсолаи дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”-ро эълон менамояд. Ин ҷоиза сар аз соли 2016 дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба журналистоне тақдим мегардад, ки :
- «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд;
- Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
- Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои рушди ҷомеа нишон додаанд;
- Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
- Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳои миллӣ қатъият нишон медиҳанд;
- Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
- Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
- Номзад бояд дар идораи ВАО- е фаъолият дошта бошад, ки он узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бошад.
Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон, аъзои Раёсати Шӯрои ВАО, ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, тариқи мактуб ва намунаҳои маводҳои номзад, (ба идораи ШӮРО дар суроғаи Саъдии Шералӣ, 16, ошёнаи 11)пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи сайти мазкур пешниҳод гарданд. Қарор дар бораи ғолиб ё барандаи Ҷоизаро, Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО бо овоздиҳии аъзои худ, ниҳоӣ мегардонад. Ин ҷоиза ҳамасола ба як нафар эъто мегардад, аз ин рӯ дар интихоби номзад ҷиддӣ бошед, то шахси сазоворро пешниҳод намоед. Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мукофоти пулӣ ё молӣ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯро мувофиқи имкониятҳои мавҷудаи Шӯро муайян мекунад. Ҷоиза ҳамчунин бо рамзи Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон диплом дорад. Пешбарии номзадҳо то 29 апрел идома меёбад.
Раёсати Шӯрои ВАО- и Тоҷикистон
Телефон барои тамос: 900 04 91 19