Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад, аммо надонистан ва риоя накардани Меъёрҳои ахлоқӣ журналистӣ чӣ?Ба ин савол дар семинари имрӯзаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, посух гирифтам. -гуфтааст яке аз ширкаткунандагони Тренинг Фарида Баротова. Мавзуъи трейнинг ба омӯзиш, татбиқ ва пайомадҳое ки дар натиҷаи риоя нагардидани Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ба амал меояд, бахшида шуда буд. Албатта ин аввалин тренинги Шӯрои ВАО нест, ки мавзуъи мазкур дар онҷо мавриди баррасӣ қарор мегирад.
-Ин трениг аз тренингҳои қаблӣ фарқ дошт, хосатан он ба таври рамзӣ оғоз шуд, ки ин шакли шиносоӣ барои ман нав ва хотирмон буд. Раванди тренинг низ мақбул ва ба манфиати иштироккунандагон буд.- илова кардааст Фарида Баротова.
Мавзӯи тарениг, ки асосан мавзуъҳое ба монанди “Риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ журналистӣ кафолати қонунмандӣ”-ро дар бар мегирифт аз тарафи устодон Хуриннисо Ализода ва Раҷаб Мирзо иштироккунандагон ба таври возеҳ шарҳ дода шуд, то онҳо ки ба умқи дарки ин меъёрҳо сарфаҳм рафта, бандҳои ин меъёрро сармашқи фаъолияти касбии худ намоянд.