28 сентябр, дар шаҳри Бохтар тренинг барои журналистон дар мавзуи «Риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, кафолати қонунмандӣ» доир гардид. Семинари мазкур бо саҳми Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ташкил карда шуда, ду рӯзро дар бар мегирад. Тренерони семинар Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО ва Раҷаб Мирзо, медиатренер, аъзои Раёсати Шӯрои ВАО мебошанд.
Дар рӯзи нахусти тренинг вазифаҳои касбӣ, принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, мустақилияти сиёсати редаксионӣ, саҳеҳияти иттилоот, муносибати мунсифона бо манобеи иттилоот, эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ахлоқи миллӣ, ҳуқуқҳои дигари инсон ва дигар мавзуъҳои вобастаи этикаи касбии журналист мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирок дар ин семинар, пеш аз ҳама, бароямон дӯстони навро ҳадя кард. Интизориҳои иштирокчиён аз рафти семинар усулҳои дар амалия истифода бурдани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ, такмил додани савияи дониш, ҳифзи имиҷи касбӣ, фарқияти тағйиру иловаҳои меъёрҳои ахлоқии нав, риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти касбии журналистони муосир ва дигар категорияҳоро дар бар гирифтанд.
Дар ин раванд, оид ба таърихи таъсиси Шӯрои ВАО дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд. Қайд гардид, ки Шӯрои ВАО барои танзими ҳуқуқии кори журналистон фаъолият намуда, пешниҳоди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳамчун як дастури тавсиявӣ барои рӯзноманигорон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар рафти семинар миёни иштирокчиён мавзуъҳои мубоҳисавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, саволу ҷавоби озод доир гардид. Барои равшанӣ андохтан ва саҳеҳтар инъикос кардани мавзуъҳо баъзе ҷанбаҳои фаъолияти нашрияҳои даврӣ ҳамчун мисол оварда шуд.
Аз рафти баргузории тренинг мо – иштирокчиён барои худ таассуроти нек бардоштем. Аз таърихи таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба самти журналистика фаъолият мекунанд, огоҳӣ пайдо кардем. Ҳамчунин, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз ҷониби тренерон Раҷаб Мирзо ва Хуриннисо Ализода бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуд,- иброз медорад яке аз иштирокчиёни семинар Ҷасури Қиёмиддин.