Зимни фаъолияти ҳаррўзаи худ журналист ҳамеша бо меъёрҳои ҳуқуқӣ сари кор мегирад. Дар шароити кунунӣ худи фаъолияти журналист низ ба дараҷаи зарурӣ ба низом дароварда шудааст ё, ба таъбири ҳуқуқшионосон, дар атрофи фаъолияти журналист заминаи қонунӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар даврае, ки ВАО зери «роҳбарии ҳизби коммунист» қарор дошт, дар шароити давлати тоталитарӣ 1 қонунгузории махсус дар соҳаи матбуот дар ҳақиқат вуҷуд надошт. Дар мамлакат ба ном «ҳуқуқи телефонӣ» ҳукмфармо буд: ҳама гуна дастуру супориши ҳар кадом роҳбари нисбатан соҳибмартабаю бонуфузи ҳизб, ки тавассути «телефони болоӣ» дода мешуд, ҳукми қонунро дошт ва бечуннучаро ё бидуни ягон хел муҳокимаю баррасӣ иҷро карда мешуд. Дар ИҶШС (СССР) сензураи сахт ҳукмрон буд, ки аз тарафи ташкилоти тамоман махфӣ бо номи асроромези Главлит 1 (Саридораи муҳофизати сирри давлатӣ дар матбуот дар назди Шўрои Вазирони СССР) ва филиалҳои он дар маҳалҳо, ки мувофиқан обллит (Идораи муҳофизати сирри давлатӣ дар матбуот дар вилоятҳо) номида мешуданд, амалӣ мегардид. Бидуни иҷозати маъмури сензура ё намояндаи Главлит, ки тавассути муҳр ва рақами махсус тасдиқ карда мешуд, ягон рўзнома ба табъ намерасид, ягон барномаи радио ва телевизион ба эфир дода намешуд. Кор ҳатто то ба чунин ҳолат расида буд: журналистони телавизион ва радио маҷбур буданд, ки ба маъмури сунзура «мундариҷа»-и мусоҳибаҳои ояндаи худро, ки дар эфири мустақим ба нақша гирифта мешуданд, пешниҳод намоянд, яъне пешакӣ фикр карда баровардан лозим меомад, ки меҳмон дар студия ба ин ё он савол бояд чӣ хел ҷавоб диҳад. Табиист, ки мансабдорони соҳаи журналистика таваккал карда бо идораи муқтадири сензура муноқиша кардан намехостанд. Аз ин рў онҳо аз ҳама гуна барномаҳое, ки бадоҳатан пахш мегардиданд, даст кашиданро авло медонистанд, ба ибораи дигар, табиист, ки одамонро маҷбур мекарданд, ки аз рўйи қоғаз гап зананд. Ҳамин тавр солиёни дароз дар шабакаҳои телевизионии кишвари паҳновари Шўравӣ пахши барномаҳо танҳо дар шакли сабти видеоӣ ба роҳ монда мешуд, ки дар натиҷа ҳама чиз, ҳатто чизи дурўғ ҳам дар экран суфтаю ҳамвор пешниҳод мегардид.
Чунин ҳолат то соли 1990, то он вақте ки Шўрои олии ИҶШС (СССР) Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма»-ро қабул намуд, давом кард. Баъди аз тарафи Шўрои олии ИҶШС (СССР)қабул шудани Қонун «дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма» худи ҳамон сол Шўрои олии ҶШС Тоҷикистон низ яке аз аввалинҳо шуда бо ҳамин ном қонун қабул намуд. Дар даврони истиқлолият бо тақозои шароити замон ба ин ҳуҷҷат аз тарафи мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, норасоии он бартараф карда шуд. Соли 2012 зарурати қабули қонуни нав ба миён омад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро қабул намуд. Қонуни мазкур 28 – уми феврали соли 2013 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, 19 –уми марти соли 2013 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва баъди интишори расмӣ дар матбуот мавриди амал қарор гирифт.
Принсипи асосии мавҷудияти ВАО дар давлати ҳуқуқбунёд озодии ахбори омма мебошад. Моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 – уми ноябри соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардиду 26- уми сентябри соли 1999 ва 22 –юми июни соли 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ин принсипро дар шакли хеле кўтоҳу ихчам, ки дорои мазмуни васеъ мебошад, дарҷ намудааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Тавре дида мешавад, дар ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида ва сухан ва ҳуқуқи озодона ҷустуҷў кардан, ба даст овардан, интишор ва паҳн кардани иттилоъ бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат дода мешавад.
Дар байни кафолатҳои конститутсионии озодии ахбори омма инчунин эътироф гардидани гуногунии идеологияро ном бурдан мумкин аст. Таҷрибаи 1. Главлит ё Главлит СССР шакли ихтисораи номи ин ташкилот буда, номи пуррааш «Главное управление по охране государственных тайн в печати при Совете Министров СССР – Саридораи муҳофизати сирри давлатӣ дар матбуот дар назди Шўрои Вазирони СССР» буд.
Низоми тоталитарии гузашта собит намуд, ки озодии ахбори омма ва озодандешӣ (плюрализм)- и иттилоотӣ, ки ба он алоқаманд мебошад, бо монополизми идеологӣ, моноидеология (якақидагӣ)- и коммунистӣ, ки муддати дароз кишвари моро ба давлати тоталитарӣ табдил дода буд, номувофиқанд. Аз ин рў барои таъмини озодии ахбори омма моддаи 8-уми боби якуми Конститутсия аҳамияти ниҳоят муҳим дорад, ки дар он омадааст:
«Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».
Ҳамчунин меъёрҳое, ки масъулияти шахсони мансабдорро барои пинҳон доштани «маълумот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити зист хафвнок» (Кодекси ҷиноятии ҶТ, моддаи 221) муқаррар менамоянд, ҳамчун кафолатҳои ҳуқуқии озодии ахбори омма баромад мекунанд. Дар замони садама дар нерўгоҳи барқию атомии Чернобил чунин заминаи қонунӣ вуҷуд надошт ва ин ба ҳукуматдорон имкон дод, ки ҳаҷм ва оқибатҳои имконпазири фоҷеаро муддати зиёд пинҳон доранд.
Бо вуҷуди ин баъди даҳ соли Чернобил ҳам харитаи боэътимоди заҳролудшавӣ интишор карда нашуд ва бояд гуфт, ки журналистон барои амалӣ гардидани ин ҳуқуқи қонунии худ ба таври бояду шояд истодагарӣ накарданд.
Ҳар як журналист моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»– ро, ки ба ҳар як шахс барои ба даст овардани иттилои аниқ ва ҳуқуқ додааст ва моддаи 208-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои «ниҳон доштани иттилоъ оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавнок мебошанд», ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ менамояд, бояд аз ёд донанд. Агар журналст дар фаъолияти касбии худ бо чунин мансабдори ҳукуматӣ ё роҳбари хоҷагие рў ба рў шавад, ки бо баҳонаи ҳифзи сирри давлатӣ факту далелҳои аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ифлос шудани ҳаво, захираҳои об ва заминҳои киштро пинҳон медоранду ба аҳли ҷамъият дар бораи истеҳсолоти барои саломатии одамон ва муҳити зист зараровар иттилоъ додан намехоҳад, ўро бояд огоҳ намояд, ки барои вайрон кардани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои давлете, ки дар он зиндагӣ доранду гўё «ба
манфиати он давлат хизмат мекунад», ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин ба моддаи 40-уми боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озодии эҷод ва ҳифзи моликияти зеҳниро пешбинӣ мекунад ишорат менамоем:
«Ҳар кас ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».
Журналстон низ барои эҷод кардан комилан озоданд ва дар ин ҷода мувофиқи боварию эътимоди худ мулоҳиза меронанд; ҳар чизе, ки онҳо меофаранд ё эҷод мекунанд, танҳо ба худашон тааллуқ дорад. Вале он чизе, ки аз тарафи дигарон ё аз тарафи ҳамкасбонашон офарида шудааст, дар ягон ҳолат аз онҳо буда (ё шуда) наметавонад: барои журналисти ҳалолкор на танҳо асардуздӣ (плагиат)-и рўйиросту бевосита, балки шаклҳои бавоситаи иқтибосоварӣ: истифодаи мавзўю образҳои бегона, муқоисаю «такрор»-и ақидаю ғояҳо, равиши сюжетҳое, ки маҳсули тахайюли дигар журналистон мебошанд, низ раво нест.
Дар Конститутсия муқаррароти асосии сохти давлатдорӣ инъикос гардидааст, вале ин ё он соҳаи фаъолияти ҳаёти ҷаамъиятро қонунҳои дахлдори соҳавӣ ба таври муфассал танзим менамоянд. Журналистони ояндаро лозим аст, пеш аз он ки дар ин ё он мақоми ахбори омма ба фаъолият шуруъ намоянд, Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро бодиққат омўзанд, бисёр моддаю муқкаррароти онро ба монанди ҷадвали зарб аз ёд бидонанд. Моддаи 1-уми Қонун «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқаррароти умумиро дар бар гирифта, мафҳумҳои асосиро шарҳу эзоҳ медиҳад: ахбори оммавӣ (иттилои оммавӣ) чист, ВАО чӣ маъно дорад ва маҳсулоти он аз чӣ иборат аст, редаксия чист ва журналист кист? Ҳамчунин истилоҳоти агентиҳои иттилоотӣ, ақида, аккредитатсия, матбаа, матбуотидаврӣ, муассис, ношир, паҳнкуннадаи воситаи ахбори омма, раддия, редаксияи воситаҳои ахбори омма, сармуҳаррир (муҳаррир), сензура, ҷавоб барин вожаю истилоҳот дар ин модда ба таври мухтасар шарҳ дода шудаанд.
Дар банди 1-и моддаи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» озод будани матбуоти даврӣ ва дигар ВАО дар Тоҷикистон таъкид карда мешавад. Дар банди 2-юмии ҳамин қонун ба ҳар шахс ҳуқуқи ҷустуҷў, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида дар матбуоти даврӣ ва дар дигар ВАО дода шудааст. Дар банди 1-уми моддаи 7-ум гуфта мешавад ки: «Шаҳрвадони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд». Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳои дар қонун пешбиникардашуда барои ҷустуҷў, ба даст овардан, истеҳсол ва интишори иттилои оммавӣ, таъсиси васоити ахбори омма, соҳиби кардан ба ВАО, паҳн намудани маводи васосити ахбори омма маҳдудият вуҷуд надорад.
Шумо рўзнома баровардан мехоҳед, шабакаи нави радио ё ширкати нави телевизионӣ кушодан мехоҳед, инро қонун дар ҳолати риоя кардани шартҳои пешбинишуда ба ҳар шахси хоҳишманд иҷозат додааст. Ин шартҳо аз чӣ иборат мебошанд? Дар ин бора дар боби дуюми Қонуни мазкур сухан меравад. Аз ҷумла, киҳо ҳуқуқи таъсис додани муассиси ВАО-ро доранд («шаҳрвандони ҶТ ва шахсони ҳуқуқӣ» – моддаи 7, банди 1), ба қайд гирифтани ВАО (моддаи 10, банди 1) барҳам додани ВАО он (моддаи 10, банди 4) чӣ тавр сурат мегирад, гуфта шудааст.
Фаъолияти ахбори омма танҳо бо қарори муассис ё аз тарафи суд қатъ мегардад. Якчанд маротиба вайрон намудани моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои қабули чунин қарор аз тарафи суд асос шуда метавонад. Моддаи мазкур «Роҳ надодан ба суистифода аз озодии сухан» ном дорад. Истифодаи ВАО барои «интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ» ё паҳн кардани «ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда» мувофиқи қонун манъ мебошад (бештар ҳамин ҳимояи сирри давлатӣ барои мансабдорон ё роҳбарони хоҷагиҳо ҳамчун роҳи наҷот ба ҳисоб меравад. Онҳо бо баҳонаи ҳимояи сирри далатӣ, дар бораи ифлос гардидани муҳити зист ва бисёр маълумотҳои дигарро, ки аҳли ҷомеа ва андозсупорандагон бояд дар бораи онҳо бидонанд, пинҳон медоранд).
Истифодаи ВАО барои даъват намудан ба ғасби ҳокимият, бо роҳи зўрӣ сарнагун намудан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллию динӣ ташвиқоти ҷанг, тарғиби зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат манъ мебошад, ки ин нукта дар моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигарвоситаҳои ахбори омма» қайд шудааст.
Қонун вуҷуд дорад, вале на ҳар кадоми мо аз он ба таври воқеӣ истифода мебарем, зеро на ҳар кадоми мо муқаррароти қонунро хуб медонем. Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳамчунин паҳн кардани ахборе, ки «мавод ё предметҳои парнографиро таблиғ ташвиқ менамояд» манъ аст. Ба назар мерасад, ки ин тарзи баён ба баъзе ислоҳу тавзеҳот эҳтиёҷ дорад. Худ қазоват кунед: паҳн кардани маводи парнографӣ, парастиши зўроварӣ ва дуруштӣ мумкин нест, аммо магар ба вуҷуд овардани он мумкин аст? Албатта, вақте сухан дар бораи паҳн кардан ё ташвиқу таблиғи маводи парнографӣ меравад, пеш аз ҳама, ВАО-и электронӣ, хусусан телевизион ва шабакаи интернет пеши назар меоянд, вале ин нуқта ба матбуоти даврӣ низ дахл дошта метавонад.
Ба андешаи мо имрўз зарурате пеш омадааст, ки ба сархати охири моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» боз як илова ба таври аниқу дақиқ ворид карда шавад: «Дар барномаҳои телевизионӣ, видеоӣ, синамо, дар филмҳои мустанад ва бадеӣ, ҳамчунин дар файлҳои иттилоотии компютерӣ тарғиби маводе, ки ба тасаввуроту ҳиссиёти норавшани одамон таъсир мекунанд ё ба солимии равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонанд, манъ мебошад». Сухан дар бораи таъсири психотропие меравад, ки мавҷуд будани он проблемаи ниҳоят ҷиддӣ ва найранги ниҳоят мушаххаси тарғиботӣ мебошад.
Чунин таъсир ҳангоми намоиши филмҳо ба истилоҳ «кадри зиёдатии 25-ум» мебошад, ки онро бо чашм дидан мумкин нест, вале ба тасаввуроту ҳиссиёт ба таври ҷиддӣ таъсир мекунад. Масалан, филми истеҳсоли Туркия «Ҳомиён», ки тамошои он аз тарафи мақомоти дахлор манъ гардид, дорои чунин хусусият мебошад ва манъ гардидани тамошои он айни муддао буд. Дар хотир дошта бошед, ки моддаи 9-и боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» мақоми муассис, редаксия, сармуҳаррир (муҳаррир) ва ҳайати таҳририяро муайян мекунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро, ки дар низомномаи редаксия (идораи ВАО) ё дар шартномаи байни муассис ва редаксияи ВАО басташуда, дарҷ гардидаанд, мефаҳмонад.
Дар боби сеюм сухан дар бораи воситаҳои ахбори омма ва муносибати онҳо бо мақомоти давлатию ташкилотҳо меравад. Бандҳои 3-юм ва 5-уми моддаи 23-и боби мазкур мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва роҳбарони онҳоро вазифадор менамоянд, ки иттилои таъҷилиро, ки «аҳамияти ҷамъиятӣ дошта ба номгўйи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ва дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда шомил нест, бидуни таъхир ба намояндагони ВАО пешниҳод намоянд ва аз додани чунин маълумоти барои ҷамъият муфид саркашӣ накунанд. Ниҳоят дар ин ҷо зикри ду модда – моддаҳои 11 ва 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро муносиб медонем. Тибқи муқаррароти ин моддаҳо дар барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ, ки ҳамчун воситаи паҳн намудани реклама ба қайд гирифта нашудаанд, маводи рекламаи пулакӣ набояд аз 10 дарсади ҳаҷми барномаҳои шабонарўзӣ ва дар дар барномаҳои радио ва телевизионҳои ғайриҳукуматӣ ки ҳамчун воситаи паҳн намудани реклама ба қайд гирифта нашудаанд, ҳаҷми рекламаи пулакӣ набояд аз 30 фоизи ҳаҷми барномаҳои шабонарўзӣ зиёд бошад. Дар матбуоти даврие, ки ҳамчун воситаи махсуси паҳн намудани реклама ба қайд гирифта нашудааст, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумора зиёд бошад. Дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ҳаҷми реклама на зиёда аз 40 фоизи шумораи алоҳидаи нашрия пешбинӣ мешавад.
Редаксия (идораи ВАО) ҳуқуқ надорад, рекламаро дар шакли маводи иттилоотӣ, маводи редаксия ё маводи муаллиф пешниҳод кунад ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст орад. Тавре маълум аст, журналисте, ки аз шахсони алоҳида ё аз ташкилоту муассисаҳо барои маводи навиштааш маблағ ё туҳфа ба даст меорад, на танҳо меъёрҳои ахлоқӣ, балки меъёрҳои ҳуқуқиро низ вайрон мекунад.
Дар баъзе давлатҳои дунё бидуни аломатҳои рамзӣ паҳн намудани барномаҳои махсуси дорои хусусияти эротикӣ тавассути телевизион танҳо аз соати 23 то соати 4-и маҳаллӣ иҷозат дода шудааст, фурўши чаканаи маводи чопӣ ва электронии эротикӣ бошад, дар борҷомаҳои шаффофи муҳркардашуда ва дар ҷойҳои махсуси барои фурўши чунин мавод таъйиншуда ба роҳ монда шудааст, вале ахлоқ ва фарҳанги милливу исломии мо ба ин имкон намедиҳад.
Боби 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва аккредитатсияи журналист», боби 5-уми он «Ҳамкориҳои байналмиллалии воситаҳои ахбори оммма» ва боби 6-ум «Муқаррароти хотимавӣ»-ро дар бар мегирад. Ҳар як моддаи ин бобҳо барои фаъолияти ҳаррўзаи ҳар як журналист аҳамияти муҳим дорад, вале азбаски шарҳи ҳамаи бобҳо дар доираи як мақала намеғунҷад, мо низ аз он худдорӣ мекунем. Бовар дорем, ки журналистон бо маълумоти аз ҷониби мо пешниҳодшуда қаноат накарда, Қонуни мазкурро раҳнамои ҳуқуқии худ қарор хоҳанд дод. Дар ин мақола танҳо ба баъзе муқаррароти ин қонун таваҷҷуҳ мекунем. «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъоли тяти мақомоти давлатӣ ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилои аниқ ба даст орад», – гуфта мешавад дар банди 1-и моддаи 23. «Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд», – омадааст дар банди 2-и ҳамин модда.
Ҳамчунин дар моддаи 33 гуфта мешавад: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 – уми феврали соли 2009 «дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» таҳти рақами 622 фармон содир намуд. Ҳадафи содир гардидани ин фармон «мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа» буд. Дар ин фармон «фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат равона гардидааст», дасгирӣ карда шуда, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади вокуниш нишон додан «ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегар данд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд» ва бо мақсади «саривақт хабардор намудани аҳолӣ аз ҷараёни иҷрои масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ», – бо ВАО ҳамкорӣ намоянд, аз «имконияти телевизион, радио, рўзнома ва маҷаллаҳо» пурратар истифода баранд.
Ҳамчунин аз фармони мазкур бармеояд, ки «таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ» бояд вазифаи асосии фаъолияти роҳбарони воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб равад ва инъикоси саривақтии «натиҷаҳои вокуниш ба маводҳои танқидию таҳлилӣ дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳифаҳои рўзнома ва маҷаллаҳо» таъмин карда шавад.
Қаблан низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар ВАО-и озод, беҳтар гардидани дастрасии онҳо ба иттилои расмӣ таваҷҷуҳи мехсус зоҳир намуда буд. Ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 дар бораи ташкил ва гузарондани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа далели гуфтаҳои боло мебошад. Зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти
тоҷик низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург арзёбӣ намуда, таъсири амиқ ва муассири матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро ба ташаккули афкори ҷомеа бори дигар таъкид намуд ва хотирнишон кард, ки «ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд», зеро ВАО ба афкори ҷомеа таъсир расонда, ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат карда метавонад. Президент ҳамчунин нақши ВАО-ро дар инъикоси масъалаҳои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонҳои азим, ташкили ҳаёти нав ва масоили адабиву фарҳангӣ созанда ва пешоҳанг арзёбӣ намуд. Ба ақидаи президент дар «фаъолияти онҳое, ки худашон рўзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд», унсурҳое мавҷуданд, ки ба «пайравӣ кардану омўхтан» сазоворанд.
Сардори давлат ҳадафи асосии ВАО-и ҳукуматӣ ва мустақилро «хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан» арзёбӣ намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки «воситаҳои ахбори омма ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рўз табдил ёфтаанд ва ба масъалаву мавзўъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд».
Доир ба ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» сухан ронда сардори давлат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд».
Бар замми ин, ў афзуд: «вокуниши баъзе шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест». Яъне Президент талаб намуд, ки шаффофияти иттилоотии сохторҳои давлатӣ баланд бардошта шавад.
Дар ин мулоқоти созанда бо кормандорни ВАО роҳбари давлат хотирнишон кард, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рўйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад». Ба пиндори сарвари давлат танқид ҳатто инсонро дигар карда ба рушду камоли ў боис мешавад, вале танқид бояд «на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян», балки бояд «дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод сурат гирад».
Президент бо қаноатманди таъкид намуд, ки «аз бисёр навиштаҳои рўзноманигорон огоҳ» асту «онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода» низ қарор медиҳад. Дар баробари ин ў зикр кард, ки «воситаҳои ахбори омма набояд аз ваколатҳои касбии худ сўиистифода намоянд. Онҳо набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳқиру туҳмати шахсиятҳои хизматкарда, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ
диҳанд». Ў ҳамчунин аз рўзноманигорон даъват намуд, ки «дар риояи муқаррароти қонунгузории мамлакат намуна бошанд». Ҳадафи асосии ташкили нишастҳои матбуотие, ки тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста баргузор мегарданд, аз тарафи сардори давлат «таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ» арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат аз он нигарони кард, ки дар қонунгузории соҳа ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки «дар доираҳои рўзноманигорон ва коршиносон боиси баҳсҳои доманадор» гардидаанд. Мубоҳисаҳо дар атрофи моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи онҳо рўзноманигорон барои таҳқиру туҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, аз ҳамин қабил ҳолатҳоянд. Аз ин рў, сардори давлат бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ пешниҳод кард, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд. Вазорати адлия вазифадор карда шуд лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба ин масъала таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Албатта, чунин суханҳои сардори давлат шояд барои бисёр кормандни ВАО чизи нав набуд, вале худи факти муроҷиати роҳбари давлат ба ин мавзўъ аз ҷиддӣ будани проблема гувоҳӣ медиҳад. Албатта, давлат ё мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, баъзе маълумотеро, ки сирри давлатӣ ё ҳарбӣ мебошанд, махфӣ нигоҳ доранд ва дар ин бора баҳсу мунозира кардан нашояд, дар баробари ин
хоҳиши тоҷиронро низ дар мавриди накушодани асрори тиҷорат дарк кардан мумкин аст. Вале тамоми маълумоте, ки журналист ба даст овардан мехоҳад, набояд ҳамеша ба сирри давлатӣ иртибот дошта бошад! Илова бар ин интишори чунин маълумот вазифаи шахсони мансабдор низ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар шароити кунунӣ бисёр журналистон ҳуқуқҳои худро хуб намедонанд ва барои дифои онҳо истодагарӣ карда наметавонанд. Дар бораи он ки аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ба журналистон барои тайёр кардани мавод маълумоти зарурӣ пешниҳод карда намешавад, шикоятҳо зиёданд, вале то ба ҳол ягон шахси мансабдор барои сарпечӣ кардан аз додани иттилоъ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ин худ далели барои ҳуқуқҳои худ истодагарӣ накардани журналистон мебошад.
Дар Қонун дар бораи ВАО сабабҳои имконпазири аз додани иттилоъ даст кашидан ё ба таъхир андохтани додани иттилоъ эзоҳ дода шудааст, дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳо барои ба таври оммавӣ рад кардани маълумоте, ки ба воқеият рост намеояд ё шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, ҳамчунин ҳуқуқи ҷавоб гардондан (пешниҳод намудани қайду шарҳҳои ҷавобӣ ба маводи интишорнамуда дар ВАО) низ сухан меравад. Давлат ба журналист ҳамчун шахсе, ки қарзи ҷамъиятиро адо менамояд, ҳимояи шаъну шараф, саломатӣ, ҳаёт ва молу амволашро кафолат медиҳад. Ҳамчунин қонун бо мақсади пинҳон кардан ва сохтакории иттилои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ, дар шакли иттилои муътамад интишор намудани миш-мишу овозаҳо, ҷамъоаврии иттилоъ ба манфиати шахсон ё ташкилотҳои бегона, ки васоити ахбори омма намебошанд, сўистифодаи ҳуқуқҳои журналистро манъ менамояд. Ҳамчунин паҳн намудани иттилоъ бо мақсади бадном кардани ягон шахс бо аломатҳои истисноии ҷинсӣ, синну сол, мансубияти нажодиву миллӣ, забон, муносибат ба дину мазҳаб, касб, ҷойи истиқомат ва кор, ҳамчунин дар иртибот ба ақидаи сиёсӣ манъ мебошад.
Муаллиф: М. Ҷумъаев
номзади илмҳои филология
Бознашр аз сомонаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот