Журналистикаи чандрасонаӣ ин пешниҳоди иттилоот бо истифода аз унсурҳои гуногуни ВАО: матн, аксҳо, аудио, видео, графика, аниматсия ва дигар шаклҳои аз онҳо гирифташуда мебошад. Истифодаи воситаҳои муосири техникӣ имкон медиҳад, ки на танҳо мавод зуд пешниҳод карда шавад, балки инчунин он тавре пешниҳод карда шавад, ки дарк, дар хотир нигоҳ доштан ва пайдо кардани  иттилоот беҳтар гардад.

Дар журналистикаи муосир мафҳуми «журналистикаи чандрасонаӣ» одатан барои ифодаи муоширати оммавӣ тавассути маҷмӯаи воситаҳои ба ҳам алоқаманди дорои хусусияти гуногун – матн ва гиперматн, садо, тасвир, видео дар як вақт дар ҳамбастагӣ ва таносубҳои гуногун дар формати ягона кор мекунанд, истифода мешавад.

Ҳоло журналистикаро бидуни истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ғайриимкон аст. Минбаъд ҳам ҳамбастагии журналистика ва технология идома ёфта, боиси тағйири сифатӣ ва ҳам технологияи журналистика ҳамчун як фаъолияти касбӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, дар соҳаи журналистикаи чандрасонаӣ як гурӯҳи пурраи форматҳо мавҷуданд, ки ба шакли қатъӣ тобеъанд – масалан, “хабарҳои фаврӣ”, “хабарҳои муфассал”, “фотогузориш”, “навигариҳои видеоӣ бидуни шарҳ” ва як катор дигар, ки барои хар кадоми онхо дар сохаи матбуот меъёрхои дахлдори объективии махорати журналистй тартиб дода шудаанд, мавҷуданд. Ин маҳоратҳои журналистӣ як системаи донишу малакаҳои асосӣ мебошад, ки барои фаҳмидан ва азхуд кардани донишҷӯёни ҳатто калонсол дастрасанд.

Previous articleҲокимияти чорум, яъне журналистика?
Next articleДар бораи баъзе меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here