Зимни семинаре, ки барои донишҷӯён ва журналистони ҷавон дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирокчиён қаноатманд гардида, ташкил кардани чунин семинарҳоро саривақтӣ арзёбӣ карданд. Яке аз иштирокчиёни ҷавони семинари мазкур Файзуллохон Обидов бардошти худро аз ин семинар чунин иброз дошт. “Банда дар хусуси чӣ будани сензураи маънавӣ, худтанзимкунӣ ва сиёсати редаксионӣ, ки хеле зарур ҳастанд, маълумот пайдо намудам.
Ҳамчунин ба саволи -Журналист ва ё ҳар соҳибихтисос дар кадом вақт ҷасур аст? Аз семенар дарёфтам, вақте доим аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ фаъолият мекунем, пас дар роҳи ростем”. Иштирокчиён ҳамчунин аз хуб баргузор шудани семенар ва ташаккури худро ба Раёсати Шӯрои ВАО, махсусан, ба устодон Ҳуриннисо Ализода, Раҷаб Мирзо ва Илҳом Ҳошимиён баён доштанд.