Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон ва яке аз журналистони маъруфи кишвар чанд рӯзи пеш зодрӯз дошт. Ӯ мутаваллиди 4-уми март буда, хатмкардаи факултаи филологияи ДМТ (УДТ–и пешин) аст.
Фаъолияти кории худро аз омӯзгорӣ оғоз карда, аз солҳои 90-уми асри гузашта ба майдони рӯзноманигорӣ гом ниҳод. Ӯ ҳоло аз вазъи имрӯзаи журналистикаи тоҷик нигаронӣ дорад ва мегӯяд, “ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад”.
Раиси Шӯрои ВАО суол мегузорад, ки агар ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика дар назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?
Ҳуриннисо Ализода ба муносибати солгарди 66-умини умр ва дар пешвози Рӯзи матбуоти тоҷик бо “Фараж” аз рӯзгори гузаштаи худ, ҷодаи тайкарда ва вазъи журналистикаи тоҷик сӯҳбат кард.
“ДАР САРҲАД БО АФҒОНИСТОН КАЛОН ШУДАМ”
– Баҳори имсолро чӣ гуна пешвоз мегиред?
– Баҳорро ҳамчун фасли шукуфтанҳо, эҳёи дубораи табиат ва умри одамизод ҷашн мегиранд. Баҳори ман низ чунин аст. Омадани ин фасл маро огоҳ мекунад, ки боз як соли умр кам шуд ва ташвиқам медиҳад, то баҳри ҳадафҳои бузург талош намоям.
-Баҳори кӯдакии Шумо чӣ гуна буд?
-Кӯдакиям дар деҳаи наздисарҳадии совхози ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ гузаштааст. Қишлоқи моро аз кишвари ҳамсоя – Афғонистон дарёи Панҷ ҷудо мекунад. Ҳанӯз аз охири моҳи феврал мо – кӯдакони дилгиршуда аз маҳдудаҳои зимистон ва дилгарм ба баҳор, аз дашту теппаҳои наздик ба деҳ гулҳои навбаромади қоқу чида, бо шодии зиёди кӯдакона ба падару модар, аҳли деҳа аз омади ин фасл мужда медодем.
БО “ОБРӮЙИ МУҲАММАДӢ” БАРГАРД…
– Аз давраи донишҷӯӣ чӣ ангораҳо боқӣ монда?
– Соли 1974 ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1979 хатм намудам. Дар замони мо дохил шудани духтарҳои деҳ ба донишгоҳҳои кишвар каме мушкил буд ва аз довталаб саводи комил талаб мекард. Нӯҳ сол доштам, ки падарам аз дунё гузаштанд ва дӯши зиндагӣ ба сари модарам бор шуд. Чун шавқам ба хондан зиёд буд, модарам ба таҳсил карданам иҷоза доданд.
Аллакай, пеш аз оғози таҳсили донишгоҳ маҳдудаҳое дар назди худ гузоштам ва иҷрои ҳар яки онро хеле зарур мешуморидам. Шумори духтарони деҳ дар донишгоҳҳо хеле кам буд ва як иштибоҳи мо метавонист, ба таҳсили дигар духтарон сад гузорад. Насиҳат ва панди ҳамешагии модарамро, ки доимо таъкид мекарданд, бо “обрӯйи муҳаммадӣ” ба қишлоқ баргард, аз хотир намебаровардам. Ҳамин буд, ки таҳсили худро дар як қолаби танг дароварда будам. Аз донишгоҳ мебаромадам ва мерафтам ба китобхона ва пас аз он ба хобгоҳ. Кӯшиш мекардем, ба эътибору номуси як духтари деҳотӣ латма назанем.
– Давраи донишҷӯии шуморо бо рӯзноманигори саршиноси тоҷик Соҷидаи Мирзо сахт тавъам медонанд. Дар бораи дӯстӣ бо ин бону мегуфтед…
– Шиносоии мо бо Соҷидаи Мирзо аз он оғоз шуд, ки ӯ баъди ду соли таҳсил дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба факултаи мо омад ва ду курс аз мо поинтар таҳсил мекард. Ӯ тавонист зуд худро ҳамчун як духтари донишманд, боиродаю қавӣ, бо диду андешаи дигар ва як шоираи ҷавон муаррифӣ намояд.
Агар гӯем, ошноии мо бо Соҷида душманона оғоз шуд, хато намекунем. Зеро мо духтарони аз ҳад зиёд қолабӣ ӯро, ки рӯҳан озод буд, фикру андешаи фарқкунанда дошт ва ба хаёли мо худро каме ҳавобаланд нишон медод, бад медидем. Ҳине ки аз наздик шинос шудем ва дарк кардем, ки фикрҳои доштаамон дар бораи ӯ ботил аст.
Омадани Соҷидаи Мирзоро ба факултаи филологияи УДТ ҳамчун инқилоб медонистам. Агар одам рӯҳан озод набошад, дар як маҳдудаи идеологӣ монад, рушд намекунад. Ман хушбахтам, ки Худованд дар айёми донишҷӯӣ чунин дӯстро бароям инъом кард ва шукр, ки то ҳол бо ҳам робитаи қавӣ дорем.
-Маҳпора – аз қаҳрамонҳои асосии асари “Қаламрави ҳавас”–и шумост. Баъзе наздикону шиносҳоятон зикр намуданд, ки ин шарҳи воқеии ҳаёти Шумо аст…
– Қиссаи ишқи Маҳпора ва ҷавони дӯстдори ӯ тасвири ҳаёти воқеист ва баъзе ҷузъиёти он ба зиндагии банда монанд аст. Вақте “Қаламрави ҳавас” ба дасти хонанда расид, нафарони зиёд гуфтанд, ки ман дар симои Маҳпораи бебахт гузаштаи худро ё аз кадом як духтари шиносамро дидам. Ишқи Маҳпора бо ҷавон танҳо дар чашмони онҳо, нигоҳҳои онҳо нуҳуфта буд ва то ба шавҳар баромадани Маҳпора, на худи ӯ ва на ошиқи ӯ меҳру ишқи поки доштаашонро ба ҳамдигар изҳор карда натавонистанд.
Эҷодкор меофарад ва боқӣ андешаи хонанда аст, ки дар симои образҳои офаридашуда, киро мебинад ва чиро дарк мекунад.
РАҲОВАРДИ АЛИЗОДА
– Фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз намудед. Миёни рӯзноманигорӣ ва ин касб чӣ пайвандиеро эҳсос кардед?
– Баъди чанд рӯзи хатми донишгоҳ, тӯйи арӯсии ман дар ноҳияи Фархор баргузор гашт. Аз ҳамин давра фаъолияти омӯзгориам чун муаллимаи забону адабиёт дар мактаби деҳа оғоз шуд. Баъдан, бо тақозои кори шавҳарам, ки одами ҳарбӣ буданд, ба вилояти Кӯлоб кӯчидем. Солҳои баъдӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Ховалинг низ зиндагӣ кардем ва баъд омадем ба Душанбе. Ин солҳо дар баробари кори рӯзноманигорӣ, ки дар нашрияи вилоятӣ – “Роҳи Ленинӣ” ва ноҳиявӣ – “Ҳақиқати Ховалинг” доштам, омӯзгорӣ ҷузъи фаъолияти кориам буд. Агар дар бораи рисолати рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ биандешем, бо вуҷуди функсияҳои зиёди пешаи рӯзноманигорӣ як вазифаи муҳим ба ҳар ду ҳам хос аст: кӯмаки инсон аз лиҳози маънавӣ.
– Дипломи ҳуқуқшиносӣ доред. Чӣ сабаб шуд, ки дар ин касб намондед?
– Ҳуқуқшинос шудан ва барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон як орзу ва ҳаваси ҷавонии ман буд. Дар Суди Олӣ 3 сол ҳамчун машваратгар фаъолият кардам. Дар 45-солагӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи ҳуқуқшиносӣ хатм карда, маълумоти дуюм гирифтам. Мақсад гузоштам, ки ҳадди ақал адвокат шавам. Вале бо гузашти вақт ва мушоҳидаҳо пай бурдам, ки институти адвокатӣ дар Тоҷикистон бо ном вуҷуд дорад. Дигар аз пасаш нашудам ва ин орзуи давраи ҷавонии худро дар дил нуҳуфта кардам.
– Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфт ва Шумо нахустин сармуҳаррири он таъйин шудед. Дар бораи фаъолият дар ин нашрия мегуфтед.
– То соли 2006 дар кишвар нашрияе набуд, ки пурра ба рӯзгору фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии занон бахшида шуда бошад. Ба майдон омадани маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” навгоние буд дар соҳа. Муассиси он Президенти кишвар буданд ва маҳз он кас маро ба вазифаи сармуҳарририи маҷалла таъйин карданд. Моҳи август ба вазифа омадам ва бояд шумораи аввали маҷалла то моҳи сентябр, ба муносибати 15-умин солгарди Истиқлоли кишвар ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб нашр мешуд.
Корро дар таъсиси ин маҷалла аз сифр оғоз кардем. Бубинед, вақте ба шумо аз ҷониби Сарвари давлат амр мешавад, ки дар муддати як моҳ маҷалла омода кунед, дар ҳоле ки на тарҳу шакл, бандубаст ва ҳеҷ чизи дигари он маълум нест, чӣ қадар бароятон мушкил аст. Дар муддати камтар аз як моҳ камина ба танҳоӣ ба ин кор даст задам. Шумораи нахусти маҷалларо бо тарҳи ранга, ки он солҳо камчин буд, омода ва ба нашр додам.
Аввали фаъолият мушкил буд, вале бо гузашти вақт беҳтар мешуд. Соли 2011 озмуни “Чеҳракушойӣ”-ро дар “Бонувони Тоҷикистон” роҳандозӣ кардем. Ин озмун дар муаррифӣ кардани чеҳраҳои бонувони муваффақи кишвар ва ба ин васила пешниҳоди кадрҳои арзанда ба Ҳукумати кишвар нақши бориз дошт. Ҳоло чанд тан аз бонувоне, ки дар сиёсати имрӯзи кишвар кор мебаранд, кашшофи онҳо маҳз “Бонувони Тоҷикистон” аст.
– Бо вуҷуди ин баъзеҳо ба ин назаранд, ки Шуморо бо бархе ихтилофҳо аз ин маҷалла “гуселониданд”…
– Не, нодуруст аст. Дар баробари ман, соли 2012 сармуҳаррирони нашрияҳои дигари давлатӣ – “Ҷумҳурият”, “Народная газета” ва “Халқ овози” низ иваз шуданд.
Журналистика назди ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?!
– Хуршед Атовулло ба ин назар аст, “пас аз Акбари Саттор журналистикаи тоҷик фалаҷ шуд ва дар як соли охир ба таври мармуз журналистика мурд”. Назари Шумо чӣ аст?
– Акбари Саттор журналистонро дар дилхоҳ вазъ тифоқ карда метавонист ва суханаш қурб дошт. Дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ӯро ҳамчун як сарвари ниҳоди ҷамъиятӣ даъват мекарданд. Ҳатто аъзои комиссияи марказии интихобот буд. Ин аз обрӯи журналистика дар назди Ҳукумат гувоҳӣ медод. Ба вазъи имрӯзи журналистика бингарем, чӣ мебинем? Журналистика назди Ҳукумат то чӣ андоза қадр дорад?! Ҳеҷ!
Акбари Саттор журналистикаро не, иттиҳоду ҳамраъйӣ миёни журналистонро бо худ бурд.
– Кадом омилҳо вазъи журналистикаро ба ин ҳад овард?
– Бӯҳрони иқтисодӣ, тарс, сензураи ғайриқонуние, ки мегӯянд нест, вале ҳаст ва кӯшиши Ҳукумат дар мавриди аз зери контрол набаровардани журналистон…
– Шумо ба ин фикр нестед, ки қазияи пурсарусадои чанд журналисти тоҷик талабгорони ин пешаро кам кардааст?
– Мушоҳидаи чанд моҳи охир нишон дод, ки баъд аз пушти панҷара бурдани журналистон ба муҳлати 7 солу 10 сол, натанҳо талабгорони ин пеша рӯ ба камшавӣ ниҳоданд, аллакай, чандин журналистон роҳи муҳоҷиратро афзал донистанд. Шавқу завқи журналистони ҷавоне, ки мехостанд, проблемаҳои ҷомеаро ба гӯши масъулин расонанд, аз дарди мардум нависанд, мурд. Имрӯз журналистон метарсанд ва чизе мегӯянд, ки “на сих сӯзад, на кабоб”. Журналистика “на сих сӯзад, на кабоб”, нест!
– Дар кишвар нақши кадом ниҳоди журналистӣ дар ҳаёти як журналист зиёдтар аст?
– Агар имрӯз ниҳодҳои журналистӣ дар Тоҷикистон қадр медоштанд, суханашон, гапашон қурб медошт, аҳволи чанд ҳамкасби мо то ин ҳад намерасид. Қадре намондааст.
“ТАМАЛЛУҚ” ЖАНРИ НАВИ ЖУРНАЛИСТОН ШУДААСТ
– Пас, аз фардои журналистика чӣ умед доред?
– Аз ҳама “жанр”-и маъмули журналистикаи имрӯзи мо тамаллуқ аст ва ин “жанр” моли соҳа нест. Ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад. Журналистика дар баробари чунин таърифҳои беасос, бояд аз дарду доғи мардум ва аз мушкилии ҷомеа нависад.
Фарз кардем, агар дар як деҳаи дурдасти кишвар бунгоҳи тиббӣ нест ё то ба мактаб рафтани хонанда ӯ бояд 5-10 километр роҳро пиёда равад ва инро як журналист бояд расонаӣ кунад, то масъулин аз ин вазъ огоҳ гарданду мушкилии ҷойдоштаро ҳал намоянд. Пас гуноҳи журналист чист, ки зуд ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мегардад? Ин вазъи доштаи журналистикаи тоҷик боиси нигаронист.
БА РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ РАСОНЕД!
– Аз кадрҳое, ки факултаву шуъбаҳои журналистӣ дар кишвар омода мекунанд, то куҷо розиед?
– Шумори журналистони ҷавон, ки дар соҳаи худ кор мекунанд, кам шуда истодаанд. Агар масъалаи аввал вазъи моливию паст будани маош бошад, пас тарафи дигари масъала, тарзи қабули донишҷӯён ба чунин факултаҳои эҷодӣ аст.
Бо низоми тестӣ натанҳо журналистика, балки дилхоҳ ихтисос сафи донишҷӯёни ҳақиқӣ ва дӯстдори касби ояндаи худро аз даст дод. Чӣ гуна як донишҷӯе, ки муаллим шудан мехоҳад, ба журналистика “меафтад” ва дар ин соҳа мутахассиси хуб мешавад? Ҳунари эҷодӣ ба завқу шавқи довталаб вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза ба касби худ содиқ мемонад.
– Пас роҳи ҳал куҷост?
– Пеш аз ҳама қабули донишҷӯён ба факултаю шуъбаҳои журналистӣ бояд дигар шавад. Журналистони амалкунанда ё касбӣ, ки дар ВАО фаъолият мекунанд, бештар ба факултаҳо ҷалб шаванд, то аз фаъолияти амалии худ чизе гуфта тавонанд. Устоде, ки худ дар деги журналистика наҷӯшидааст, ба як журналистшав чӣ гуфта метавонад?!
Дарсҳои назариявӣ кам шаванд. Журналистика тағйир ёфтааст ва он омӯзиши наву стандартҳои замонавиро мехоҳад. Баъдан, ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён диққати зиёд диҳанд. Бубинед, шуъбаҳои журналистии минтақаҳо як тараф, дар худи факултаи журналистикаи ДМТ ду ихтисос ҳаст, ки донишҷӯён чор сол забонҳои хориҷӣ – англисӣ ва арабӣ мехонанд. Вале ку ҳамон журналисти ҷавоне, ки бо ин забонҳо мавод омода карда тавонад? Инҳо масъалаҳоеанд, ки бояд садорати факултаи журналистика ба гӯши роҳбарияти донишгоҳ расонад.
Мусоҳиб: Давлати АБДУЛЛО
Бознашр аз:
Previous article 111- сола шудем!
Next articleШабакаҳои иҷтимоӣ: манфиат ва хатар
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here