Возможно, это изображение 1 человек, цветок, в помещении и текст «UAWEI P30 Pro ICA QUAD CAMERA»
Ҳамкасбони азиз, хонандагони арҷманд, муштариёну ҳаводорони МАТБУОТИ ТОҶИК, ид муборак!
Рӯзи матбуот инак 1- асру 11 сол аст таҷлил мегардад ва мову шумо соҳибҷашнҳои ин рақамҳои панҷто 1 ҳастем.
Шояд ҳикмате дорад?!.
Аз “БУХОРОИ ШАРИФ” то матбуоти муосир роҳи тӯлонӣ ва пуршараферо тай намудаем. Ин роҳ иттилоърасонӣ ва тафаккурсозӣ буду ҳаст.
Матбуот дар ин давра рисолати хешро дар такомули рушди зеҳнии ҷомеа ва бомаърифату огаҳ гардонидани мардум иҷро кардаву мекунад.
Фазои иттилоотии моро то ин дам матбуот ҳукумат мекард, имрӯзҳо шаклҳои дигари иттилоърасонӣ пайдо шудаанд, вале то ҳол матбуот бо хабарҳои дақиқ, санҷидашуда ва дар хат мондагораш беназир аст.
Иди матбуот ва рӯзи тавлиди нахустин рӯзномаи тоҷикӣ МУБОРАКАМОН!
Бароятон дар ин касби пуршараф ва заҳматталаб муваффақият хоҳонам, ҳамкасбони мӯҳтарам!
Бо камоли эҳтиром- раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Previous articleДастури библиографӣ аз нашрияи “Ҷумҳурият”
Next articleҲУРИННИСО АЛИЗОДА: “ЖУРНАЛИСТИКА “НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ”, НЕСТ”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here