Рӯзи «Мо­дар» ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, фазилату шафқат, ҳикмату маърифат, садоқату вафо, зебоӣ ва покиву сафо мебошад!
Шурои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон модарон ва хоҳарони журналистро аз самими қалб бо ин рӯзи шараф, ки ҳамчун  иди Модарон дар Тоҷикистон машҳур аст табрик гуфта ба Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. Аз ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.

Индатон муборак бонувони қаламбадаст!

Previous articleСуратгузориш аз рафти вохӯрӣ дар доираи лоиӽаи «Саводнокии расонаӣ дар Хатлон»
Next articleДастури библиографӣ аз нашрияи “Ҷумҳурият”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here