Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи лоиҳаи “Хонаи саводи расонаӣ” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 22 то 24-уми декабр тренинге дар мавзӯи “Саводи расонаӣ-талаботи замон” баргузор намуд.
Дар ин тренинг барои тренерҳо 15 нафар аспирантон, устодон, чанд тан аз донишҷӯёни курсҳои болоии бахши журналистикаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, мутахассисони соҳаҳои гуногун ширкат варзида, тӯли 2- рӯз аз махсусиятҳои саводи расонаӣ дониш андӯхтанд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи лоиҳа рушди саводнокии расонаӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, огоҳонидани онҳо барои дурӣ ҷустан аз ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ ва фейкӣ, тарзи санҷидани далелҳои матолиби расонаҳо ва интернет, фарқ кардани хабарҳои муғризонаву ноҷо аз хабари аслӣ ва дар маҷмӯъ истифодаи дурусти иттилооти расонаҳо мебошад.
Дар замони муосир тавассути роҳҳои гуногуни иттилоотонӣ паҳн кардани хабарҳои гуногун аз як ҷиҳат барои осон ба даст овардани он хуб бошад, аз ҷониби дигар зиёд гаштани фейкҳо ва дурӯғпароканиҳо боиси сардаргумӣ дар ёфтани воқеияти хабар мешавад.
Аз ин рӯ баъди омӯзиш гирифтани тренерҳо баъдан онҳо миёни ҷомае вохӯриҳо гузаронида ҷомеаро аз ин хабарҳои носанҷилашуда ва ғайрикасбӣ панҳгашта огоҳ мекунанд, ки доштани чунин донишҳо ба манфиати ҷомеа аст.
Саводи расонаӣ доштани ҳар фарди ҷомеа имрӯз зарурати рӯз барои ҳимояи худи онҳо аз ахбори тарғиботии ғаразнок ва истифодаи ахбори бодалелу санҷидашуда аст.
Доштани расонаӣ ё ташкили чунин марказҳо дар шаҳру навоҳӣ як навъ маркази экспертизаи маҳаллиест, ки ба ҷалби ҷомеа дар ВАО, иттилоот ва саводнокии расонаӣ ва рақамӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин, ҳадафи дигари “Хонаҳои саводи расонаӣ”, ки дар оянда созмон ёфтани онҳо дар назар аст, таъмини иртибот миёни тими MediaCAMP ва сокинони Хатлон аст, ки имкон медиҳад, лоиҳа ҳар моҳ саводнокии расонаиро паҳн кунад ва ба табақаҳои мухталифи аҳолӣ ин донишҳо дастрас шаванд.
Ҳадаф аз баргузории ин тренинг омӯзиши мураббиёни ҷаво

н барои гузаронидани чунин мавзӯъҳо ва паҳн намудани мавзӯи мазкур аст.
Тренинг бо иштирок ва роҳнамоии худи раиси Шӯрои ВАО-Ҳуринисо Ализода, доктори илми филология Ҷовид Муқим, номзади илми филология- Мухторӣ Қутбиддин ва намояндаи Интернюс Меҳрангез Турсунзода баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Шӯрои ВАО Ҳ. Ализода дар бораи таърихи таъсиси Шурои ВАО, ҳадафу вазифаҳои он, дастовардҳо, мушкилот ва рушди ВАО суханронӣ намуда, сипас, намояндаи Интернюс хонум Меҳрангез Турсунзода ба иштирокчиён барои ширкат дар чунин тренинг изҳори миннатдорӣ карда аз зарурати доштани донишҳои замонавӣ сухан гуфт. Инчунин, дар бораи фаъолияти созмони Интернюс ва аҳамияти расонидани маълумоти нав оид ба саводи расонаӣ ба аҳолӣ, бахусус, ба рӯзноманигорон мухтасар суханронӣ намуд.
Дар тренинг 13 нафар рӯзноманигорони ҷавон (6 зан ва 7 мард) аз расонаҳои гуногун ва намояндагони Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.
Боиси хушнудӣ гардид, ки дар тренинг ба ҷуз аз донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб худи рӯзноманигорон ва устодони онҳо, намояндагони ҳукумати минтақа низ ширкат доштанд, ки ин боиси дастгирӣ ёфтани ин иқдомҳои тоза дар иттилоърасонӣ ба аҳолӣ аст аст.
Ҳамкорӣ ва муттаҳид шудани ташкилотҳои чамъиятӣ ва мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар инкишофи матбуоти даврӣ икдоми муҳим аст.
Тренерҳо тӯли ду рӯз аз рӯи слайдҳо омӯзиш гузарониданд, ки дар он иштирокчиён ба ҷуз гӯш кардан, имкони иловагии дидани ҳама гуна тарзи корбариро бо аёният ва дар шакли электронӣ доштанд.
Сипас, тренерҳо миёни иштирокчиён доир ба мафҳуми «саводнокии расонаӣ» ва тафаккури интиқодии рӯзноманигорӣ, фарқи хабари рӯзноманигорони касбӣ ва “қаламбадастони интернетӣ” баҳсҳо оростанд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.
Мавриди зикр аст, ки дар тренинги мазкур иштироккунандаҳо дар муҳокимаи мавзӯъҳо фаъолона иштирок карданд.
Инчунин, дар тӯли ин ду рӯз иштирокдорон ҳамеша дар ҷараёни кор ва муҳокима буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ба касби худ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва нисбат ба донишҷӯёну рӯзноманигорони пойтахт онҳо фаъолтар буда, як каме худро озодтар ҳис мекунанд. Ба устодон беибо саволҳои дилхоҳ муҳимро медиҳанд ва нисбати ин ё он масъала ошкоро мухокимаронӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози тренинг муайян гардида буд, ки 6 нафар, яъне 47 дарсади иштирокчиён оид ба саводи расонаӣ маълумот надоштанд. Баъди анҷоми тренинг бошад, аллакай 87 дарсад ба саволҳои тестии пешниҳодшуда ҷавоби дуруст доданд. Яъне 13 нафар иштирокчии тренинг дониши заруриро гирифтанд ва ба он боварем, ки онро ба манфиат ва рушди иттилоърасонӣ дар вилоят истифода мебаранд.
Ҳамин тавр, омӯзиш нишон дод, ки ин гуна чорабинӣ бояд дар саросари кишвар, яъне ҳадди ақал дар ҳар як минтақа ва шаҳрҳои бузурги кишвар баргузор гардад. Ин на танҳо барои рӯзноманигорон, балки ба аҳолӣ ва барои мансабдорони давлатӣ низ муҳим аст, зеро ба маълумоти мухталифе, ки дар нашрияҳои гуногун ва хоса дар интернет паҳн мешаванд, на ҳамеша метавон бовар кард.
Доштани саводи расонаӣ барои истифодаи дурусти ахбори расонаҳо дар қабули қарорҳо кӯмак хоҳад кард.
Previous articleСАВОДИ РАСОНАӢ-ТАЛАБОТИ ЗАМОН
Next article Баргузории омӯзиши “саводи расонаӣ” дар шаҳри Кӯлоб
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here