Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо ҳам интернет оммавӣ шуда, ба воситаи он меомӯзем ва кор мекунем, то ҳол бархе аз намояндагони насли калонсол дар масъалаи истифодаи фазои маҷозӣ насли ҷавонро мазаммат менамоянд. Ба андешаи онҳо, ҷавонон дар интернет танҳо ба дилхушӣ банд шуда, вақташонро зоеъ мекунанд.

АЗ МУТАХАССИСИ SMM ТО ТИҶОРАТ

Интернет барои аз худ кардани касб майдони калон ва мусоидеро мемонад. Ба мо вобастааст, ки то чӣ андоза ва дар кадом сатҳ омӯзиши ройгонро ба роҳ мемонем. Яке дарсашро тайёр мекунаду дигаре дар баробари лексияи муаллими донишгоҳ матолиби иловагӣ меҷӯяд. Яке китобҳову наворҳои ангезадиҳанда гӯш мекунаду дигаре касбҳои замонавиро тавассути курс­ҳои кӯтоҳмуддат аз худ менамояд.

Дар «YouTube» ва дигар шабакаҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун курс­ҳои омӯзиширо ба роҳ монондаанд, ки машҳуртаринашон дарсҳои забономӯзӣ, барномасозӣ, танзимгарӣ, SMM (Social Media Marketing — маркетинг тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ) ва реклама, пухтупаз ва ғайраҳо мебошанд. Аксари курсҳои омӯзишӣ дар «YouTube» ройгон буда, шеваи баёни мутахассисон содаву равон аст.

Хубон Орзуева бо вуҷуди ду дипломи аъло доштан, ҳоло дар соҳаи дигар – SMM ва реклама фаъолият дорад ва ҳаммуассиси Агентии рекламавии «Rеd branding» мебошад.

Нақл мекунад, ки дар давоми донишҷӯӣ ба реклама ва SMM шавқ пайдо намуда, аз интернет ин корро то андозаи даркорӣ омӯхт. Ӯ намунаест, ки ҳар нафар метавонад аз интернет пешаи дӯстдорашро дар муддати кӯтоҳ омӯзад.

Дониёр Сангинов хатмкардаи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар Душанбе бо ихтисоси муҳандис мебошад. Нуҳ сол мешавад, ки ҳамчун дизайнер фаъолият дорад.

– Вақте ки омӯхтани дизайнро оғоз кардам, ба мисли ҳозира шароит набуд. Ҳоло ҳар нофаҳмие, ки пайдо шавад, интернет ёрирасонам аст, — гуфт ӯ.

Дониёр се соли охир дар ин соҳа ҳамчун коргари озод кор мекунад. Илова бар ин, ҳоло дар Маркази таълимии «Илмхона» ба дизайнерони оянда дарс медиҳад.

Ҳамсуҳбати дигари мо, ки пешаи ояндаашро аз интернет ва давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат аз худ кардааст, Алишер Каримов мебошад. Ӯ нақл мекунад, ки замони хонандаи мактаб будан тавассути интернет фармоиш додану фармоиш қабул кардани маҳсулоти гуногунро фаҳмид. Аз ҳамон вақт то ба ҳол соҳаи тиҷоратро аз интернет ва тренингҳо меомӯзад ва ҳоло мағозаи либосворӣ дошта, зиёда аз даҳ нафарро ба кор таъмин кардааст.

КОР ДАР ИНТЕРНЕТ

Ҳамон тавре ки интернет барои омӯзиши касбу ҳунар имкон медиҳад, дар масъалаи кор ҳам чунин аст.

Дар шароити кунунӣ барномасозон бо он ки дар интернет барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сомона месозанду онро назорат мекунанд, маоши хуб мегиранд. Дизайнерон ба воситаи интернет фармоиш мегиранд. Тоҷирон маҳсулоташонро аз интернет мехаранду дар интернет мефурӯшанд. Муаллимон дар интернет дарс медиҳанду маоши хуб мегиранд. Ба ибораи дигар, интернет дар масъалаи кор сарҳадро намешиносад.

НАСЛИ КАЛОНСОЛ НИЗ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ ФАЪОЛ АСТ

Бояд гуфт, ки намояндагони насли калонсол ҳам дар фазои маҷозӣ, махсусан «Facebook» фаъол гардида истодаанд, ки аз ҳар ҷиҳат барои насли нав омӯзанда мебошанд. Барои мисол, ҳоло дар «Facebook»-и тоҷикӣ Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикис­тон аз ҷумлаи фаъолон маҳсуб меёбад.

Номбурда дар «Facebook» шеърҳояшро бо аксҳои мувофиқ мегузорад, вобаста ба мавзӯъҳои рӯз фикрашро менависад ва дӯстону наздиконро ба санаҳои муҳими ҳаёт табрик мекунад. Шоири тоҷик солҳои зиёд аст, ки корбари фаъоли «Facebook» аст ва ҳоло шумораи дӯстонаш наздик ба 4000 нафар расидааст.

Ҳунарманди театру синамо ва ровии шинохтаи тоҷик Нурулло Абдуллоев ҳам дар «Facebook» дар қатори фаъолон мебошанд.

Мавсуф дар «Facebook» монолог менависад, монологҳои солҳои пеш навиштаашро бознашр мекунад, нашрҳои барномаи «Беғараз панди ман»-ро аз «YouTube» мубодила менамоянд ва дар муҳокимаҳо ширкат меварзанд.

Профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон ва журналисти варзида Ҷовид Муқим низ дар фазои маҷозӣ фаъол аст.

Дар «Facebook» навиштаҳояшро мегузорад, мушоҳидаҳояшро менависад, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз фикрашро баён мекунад, матолиби блоги шахсияшро мубодила менамояд ва дар ғаму шодии дӯстони маҷозӣ шарик мешавад.

Ҳамчунин, дар «Facebook» гурӯҳе бо номи «Маҳфили «Анис» дорад, ки доир ба маҳфили инфиродияш дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон маълумот нашр мекунад.

БОЯД ҚАБУЛ КАРД

Дигаргуншавии фаҳмиши насли ҷавон ва коромӯзиву корёбии онҳо дар интернет бояд аз ҷониби насли калонсол хуб пазируфта шавад, зеро ҳар насл дар дунёи худ арзишҳо, тарзи омӯзиш, самти кор, касбҳои бозоргир ва ғайраро пайдо намуда, роҳи осон ва мувофиқи пешбурди зиндагиро пеша мекунад.

Аз он ки бархе ҷавононро маломат мекунанд, ки интернет вақташонро гирифта истодаасту ба онҳо чизе намедиҳад, метавон нигаронӣ кард, зеро дар ҳоли ҳозир қобилиятҳои ҷавонон дар фазои маҷозӣ бисёр гарон харида мешаванд.

Ин ҳамаро ба назар гирифта, умед мекунем, ки ҷавонон бо талаботи имрӯза таҳсил гирифта, самаранок фаъолият менамоянд, то дар кишвари мо ҳам намояндагони касбҳои нав зиёд шавад.

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум»

Previous articleРӯйхати сомонаҳои созмону гурӯҳҳои мамнуъ дар Тоҷикистон
Next articleҶаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон доир мегардад
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here