Элизабет Плаза мутахассиси соҳаи технология пешниҳод мекунад, ки сари ҳар қадам дар интернет эҳтиёткор бошем ва ҳамеша пеш аз нашри матлабе андеша кунем, зеро он метавонад бар зиддӣ мо истифода шавад
Роҳҳои насб кардани профил
Яке аз роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои интернет ин танзими профил дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҳолат он бояд тавре танзим карда шавад, то танҳо одамоне, ки воқеан дӯстони шумо ҳастанд, матолиби шуморо бубинанд.
Вақте ки шабакаҳои иҷтимоӣ озодона ва ошкоро истифода мешаванд, ҳар як шахси бадқасд метавонад маълумоти профилро бо мақсадҳои носолим, ки ба солимии равонӣ ва тамомияти корбар, дар ин ҳолат кӯдак ё наврас таъсир мерасонад, истифода барад.
Аз интишори маълумоти шахсӣ худдорӣ намоед
Албатта, муд шудааст, дар як рӯз чандин аксу навор гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоб, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ин амали мо хуб нест ва бояд кӯшиш кунем, ки камтар дар бораи кори рӯзмараамон ба омма маълумот диҳем.
Дӯсти хуб интихоб кунед
Волидон бояд кӯдаконро огоҳ кунанд, ки дӯстони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиносҳо бошанд. Бехатар бошанд. Аз ҷиҳати равонӣ солим бошанд. Ҳама бояд аз хатарҳои интернет огаҳ бошанд ва донанд, ки ҳангоми қабули ашхоси ношинос шояд аз ҳар ҷиҳат ба онҳо хатар таҳдид кунад.