Аз бозе, ки худро ёд дорам, одамони калонсол меноланд, ки ахлоқи ҷомеа бад шудааст.
Кас фикр мекунад, ки шояд ҷомеа ҳамеша дар рушд асту бархе аз аъзои он ашхоси консервативӣ буда, мутобиқи замон пеш намераванд .
Яъне, аксаран навгониҳои чи техникӣ ва чи фарҳангиро бештар ҷавонон мепазиранд. Ашхоси солманд ё онҳоро рад мекунанд ё мекӯшанд, ки ҳамеша аз онҳо интиқод созанду ҳар чи бештар ҳамон сохти пешини зиндагиро нигоҳ бидоранд. Аммо боз солҳо мегузараду ҳамон ҷавонҳо калонсол мешаванд ва насли навро таъна мекунанд, ки ахлоқ дар замони мо хуб буду ҳоло коста шудааст.
Аз ин рӯ дар ҳама давру замонҳо мулломаъобҳо дар ин ҳол ягон пешрафти техникӣ ё иҷтимоиву фарҳангиро убол мехонанду мардуми авом “айб”- аш эълон месозанд. Ҷавонҳо даррав онро ҳамчун мӯд қабул мекунанду пирон пофишорӣ мекунанд, ки фарзандон ё набераҳоро бо ҳар роҳе, ки набошад, аз қабули тағйиротҳо дур созанд. Ин раванд гӯё беохир аст.
Солҳои зиёде дар бораи интернет ҳам ҳамин гуна баҳсҳо вуҷуд дошт. Аксари калонсолон зидди оммавӣ шудани он буданд. Ногуфта намонад, ки аз ҳама дер ҳукуматиҳо онро қабул карданд. Бархеаш то ҳол аз он ҳарос дошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ному насаби сохта, яъне “фейк” ҳузур доранд. Махсусан онҳо аз хондан ё “лайк” гузоштан ба саҳифаҳои журналистони озод, муҳоҷироне, ки ба масоили сиёсӣ таваҷҷӯҳ доранд ё шиносу ошноҳояшон аз ҳисоби занҳо метарсанд.
Агар ҳамин пинҳонкориҳои онҳо набошад, чаро видеоҳо ин қадар “просмотр”- и зиёд мегиранду “лайк”-у “коммент”-ҳо хеле каманд? Ин маънои онро доранд, ки ҳанӯз бисёриҳо ба як чизи муқаррарӣ будани саҳифаи шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз бо шубҳа менигаранд. Яъне пинҳонкорона интернетро истифода мекунанд.
Албатта ин кор барои одамони дилхоҳ давлати дигар хандаовар аст. Вале…
Хоса саҳифа доштани сиёсатмадорон ё ашхоси расмӣ барои ҷомеа хеле муҳим аст.тЗеро ҷомеа бояд назари онҳоро дар мавриди дилхоҳ рӯйдод ё қазия бояд бидонад. Аммо чӣ метавон гуфт, ки ҳамон чиновникҳое, ки то ҳол бе котибаҳошон як мактубро ба почтаи электронӣ фиристода наметавонанд , ҳаргиз ҷуръати доштани як саҳифаеро дар фазои кушод надоранд, албатта. Аммо онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин. Гоҳо онҳоро барои фаъол будан дар интернет ҷанг ҳам мекунанд.
Аксарашон ба хотири ҷавонгароиҳои масоили кадрӣ дасти чапашонро аз росташон ҳанӯз фарқ накарда, раису вазиру кабиру соҳибмақому курсинишин шудаанд, ҳамчуноне , ки ба қавли кампири Ойниҳол “киш!” бигӯйӣ олим мепарад. Аммо дар илм мо ягон дастоварде надорем, ки ифтихор кунем. Бечора баъзе чиновникчаҳо аз ибрози андешаҳояшон метарсанд. Охир аз саводи худ дилпур нестанд. Боз ягон иштибоҳи сиёсӣ накунанд.
Чӣ бигӯем аз сатҳи пасти мактабу маориф, ки то ҳол китобхониямон барои наврасону ҷавонон озмунӣ ё пулакӣ шудаву боз ҳам талош барои он кам андар кам аст.
Масъалаи кӣ будану, чӣ будан, яъне кӣ дар кадом сатҳ савод дораду кӣ ба қавли устоди шодравон Соҳиб Табаров бесаводаку нодонак аст ва ё бархе аслан аблаҳиҳои худро бо як гуфтаи беҷояшон дар мазҳари ом корида ҳатто ақли шарм кардан надоранд, дар ин фазои бози интернет чун дар кафи даст рӯшану аён аст.
Хоса масоили ахлоқиро низ аз навиштаҳои касон хеле ба осонӣ метавон дарк кард.
Бархе одамон бар ин назаранд, ки интернет ахлоқи мардумро коста кардааст. Аммо ҳарчанд “ин гап ҷон дошта бошад” ҳам воқеият нест.
Шахси хушахлоқро ягон чиз бадахлоқ намекунад, зеро ӯ тарбиядида аст. Аммо нафарони бадахлоқро интернет ошкор мекунад. Ин факт аст. Зеро навиштаҳо, гуфтаҳо, лайку коммент, видеову шарҳи навиштаҳои дигарон худ ифшогари ахлоқ, маърифат, савод, дарк ва қабули одамон аст.
Русҳо мегӯянд, ки “СКАЖИ КТО ТВОЙ ДРУГ, Я СКАЖУ КТО ТЫ САМ”. Инро ҳозир метавон дар бораи интернет гуфт. Саҳифаи касро хонда даррав муайян кардан мумкин аст, ки ақлу дониши ӯ чи қадар аст.
Дар интернет ҳам навиштаи ҳар як нафар ифшогари ботини ӯст. Баъзеҳо ҳатто ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ки дар навиштаашон ботинашонро пинҳон кунанд, аммо дуруст назар созӣ, рӯшан аст, ки гили ин одам аз чи хоке сиришта шуда.
Барои ҳамин фикр намекунам, ки костагии ахлоқ дар бархе аз навиштаҳои сегменти тоҷикии фейсбук, аз бад будани истифодаи интернет аст.
Ҳар чӣ дар дег ҳаст, дар кафлез мебарояд.
Хушбахтона, аксариҳо сарфаҳм мераванд, ки дар ин фазои боз, на ҳама чиро метавон навишт. Вале ҳоло ҳам касоне ҳастанд, ки бо навиштае бесаводӣ, бадахлоқӣ ё камақлии худро дар мазҳари ом кошта ботини худро мекушоянд.
Хоса дар мессенҷеру вотсап, имову телеграмм ё вайберу дигар чизҳои шахсӣ ботини дилхоҳ одамро шинохтан осон аст. Зеро пастии хеш, беақлӣ ва бемаданиятӣ ё касодии ахлоқро баъзан дар нафароне, ки онҳоро надидаву нашинохтаӣ, вале баёни назарашон ин хислатҳояшонро бозгӯ мекунад, айби худи одамон аст, на аз технология.
Мегӯянд, ки фазои бози интернет барои духтаракону занҳо, имконияти зуд фирефта шудану шарманда шуданро дастрас кардаасту аз ин рӯ онҳо бештар бадахлоқ мешаванд.
Бо ин мақсад аксар шавҳарон, бародарон ё падарон авратҳои хонаро аз истифодаи интернет маҳдуд мекунанд тамоман иҷозат намедиҳанд.
Шояд ин амал то андозае дуруст ҳам бошад, зеро духтари камтаҷриба, зани бесаводу беҷаҳонбинӣ ё дунёнодидаву сухани хуш нашунида даррав дилдода метавонад.
Аммо бонуи босавод, ҷаҳондида , хушахлоқу ботарбия ва хоса боимон ҳеҷ гоҳе ба ҳазёнзои ширини интернетӣ бовар намекунад ва ҳаёи худро аз даст намедиҳад. Муҳим ин ҷо хуштарбиягӣ ва пухта будан аст.
Дар замони имрӯз, ки тамоми маълумотро роҳи осонтарини дастрас кардан боз ҳам интернет аст, аз он маҳрум кардани духтарон ё занон баръакс садди роҳи рушди зеҳнии онҳо мегардад. Дар ин ҳол фиреб хӯрданашон боз ҳам осонтар мегардад.
Зани бесавод, модари бесавод аст. Модар бошад нахустин устоди фарзанд аст. Пас , набояд монеи рушди бонувон шуд. Баръакс онҳоро хушахлоқ тарбия карда, аз фиреб хӯрдан эҳтиёт бояд кард.
Чӣ тавр?
Ҳар марде, ки ба зан ё духтари бегонае бо нияти бадроҳа кардани ӯ гапфурӯшӣ мекунад, бояд мардона андеша кунад, ки ин духтар ё зан агар фарзанд ё ҳамсари худам бошаду марди дигаре бо ӯ чунин рафтор кунад чӣ хел қабул мекардам?
Барои ин бояд мардҳо хеле боимон ва бовиҷдон бошанд. Онҳо ахлоқи миллат ва ояндаи ҳаммилатони хешро бояд биандешанд.
Не?
Истифодаи технологияи муосир дар кадом соҳае, ки набошад, боиси пешрафти ҷомеа аст.
Фақат мо аз он самаранок истифода карданро бояд ёд бигирем.
Барои васеъ кардани ҷаҳонбинии инсон ИНТЕРНЕТ айни замон ягона василаест. Аз саҳафоти он дилхоҳ мавзӯъро дарёфтан мумкин аст. Он ҳам китобу мактаб асту ҳам рӯзномаву кино. Фақат як каме ақл даркор аст, ки онро барои лақ- лақу бероҳагӣ неву барои рушд истифода бурданро ёд бигирем.
Ахлоқи инсонро интернет не, одамон бад мекунанд. Пас, мо бояд худро ислоҳ кунем.
Не?
Ҳуриннисо Ализода