Журналистика яке самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккулу пешравии ҷомеа нақши журналист муассир аст. Ҳарчанд вазифаи асосии журналист расонидани иттилоъ бошад, аммо дар навбати худ, таҳлили мавзуҳои марбути ҷомеа аз нигоҳи интиқодӣ хеле муҳим аст. Омӯзишу таҳлил кардан пеш аз ҳам ба назария ва амалия сахт марбут буда, дар фаъолияти эҷоди рӯзноманигорӣ риояи принсипҳои журналистика аввалиндараҷа мебошад.
Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ барои чӣ лозиманд?
Барои риояи талаботу принсипҳои журналистӣ даҳҳо қонунҳои милливу байналимилаӣ қабул шудааст, ки дар мавриди берун аз онҳо фаъолият намудан, журналистро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо мақоле ҳаст, ки мегянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”. Маҳз барои то ба ҷавобгарӣ кашидани журналист, дастурҳое роҳандозӣ шудааст, ки дар доираи он фаъолият намудан, журалистро аз хавфу хатар эмин нигоҳ медорад. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон низ яке аз дастурҳое мебошад, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст. Журналист агар тибқи бандҳои муқаррарнамудаи он фаъолият намояд, ба ӯ ҳеҷ як хатаре таҳдид намекунад.
То кадом андоза журналистон дар нашри матлабҳои хеш меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро риоя мекунанд?
Чуноне ки бароямон маълум аст, матбуот яке аз шохаҳои серпаҳлуи васоити ахбори омма ба ҳисоб рафта, барои нашри маводҳои талаботи ҷомеа пешбинӣ шудааст. Дар матбуот матлабҳои илмиву адабӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ ва дигар мавзуъҳои марбут ба омма нашр мешаванд. Риояи талаботҳои меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар матбуоти даврӣ низ ҳатмӣ буда, алфози қабеҳ ва берун аз забони адабӣ бояд истифода нашавад.
Дар банди 8-и боби сеюми Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст: “Аз истифодаи ибораю истилоҳоти омиёна (жаргон) ва вожаҳои хоси номаҳфум дар матлабҳо худдорӣ намоянд”.
Аммо имрӯз дар забони матбуот бо баъзе маводҳое рӯ ба рӯ мегардем, ки муаллиф аз алфози қабеҳ ва ғайриадабӣ васеъ истифода мебаранд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мебошад. Матлаберо, ки рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо номи “ГАППАРТОӢ: “Ай себи пшти айфон” то “лшпидан”-и ҷавонон” нашр карда буд, ҳамчун мисол мавриди барассӣ қарор медиҳем.
Чуноне ки дарёфтем, маводи интишоршуда “ГАППАРТОӢ: “Ай себи пшти айфон” то “лшпидан”-и ҷавонон” ном дошта, пайгири одобу ахлоқҳои ғайриҳамидаи ҷавонон дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мебошад. Яъне дар ин ҷо муаллиф бо истифода аз калимаҳои шевагии неологизм (наввожаҳо)–и “лшпидан” ва ба истилоҳ “комплимент” – ҳои “себи пшти айфон” маводи худро номгузорӣ кардааст. Дар мавриди ба даст гирифтани рӯзнома, номи мавод ба дилхоҳ хонанда аҷиб намуда, кӯшиш мекунад, ки аз он бархурдор гардад ва мақсади муаллифро дарк намояд.
Ҳамчунин оғози матлабро сирф бо вожаҳои шевагӣ оғоз намуда, бо ин васила нишон додааст, ки имрӯз одобу ахлоқи баъзе аз ҷавонписарон қобили қабул нест.
“Э духтар, дар ишқи т лшпидм, ҷигарта бхрм. Ҳамиқа ноз мекни, ки мегӯй себи пшти айфона хдт газида боши…”. Ин суханҳое мебошанд, аз забони баъзе аз ҷавонписарон дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр зиёд ба гӯш мерасад. Ба қавли дигар ба духтарон гаппартоӣ мекунанд. Аксар ҷавовон забони тоҷикиро ба ҳар гуна суханҳои қабеҳ олуда карда, бо шеваи бад гаппартоӣ ё ба қавли дигар “комплимент” менамоянд…”
Истифодаи калимаҳои шевагӣ дар ягон қавоиди эҷоди журналистӣ дарҷ нашуда бошад, вале имрӯз аз ҷониби эҷодкорону журналистон корбурд карда мешаванд.
“Камази калона ҳай карда мешавад ку…”
“Ҳангоми пайгирии мавзӯи мазкур зиёд ҳамсуҳбатони мо ҷавононро гунаҳкор меҳисобанд, вале имрӯз дар баробари ҷавонон баъзе калонсолон низ ба қавле аз замона “канор” монданӣ нестанд. Назира Мирзомондиева мегӯяд, ки гаппартоии ҷавовнон ба ҳама маълум аст. Вале бархе аз калонсолон низ дар муносибат бо ҷинси латиф дағалгуфторанд. Дар ин ҳолат онҳо ба насли наврас чӣ гуна намуна шуда метавонанд? Ҳамин аст, ки наврасон ҳам ба баъзе аз калонсолон пайравӣ намуда, ҳатто занҳои шавҳардорро ҳам ба суханҳои худ “мафтун” карданӣ мешаванд”.
Дар матни мазкур муаллиф аз калимаҳои шевагии хоси ҷавонони шаҳрӣ истифода бурда, маводашро аввалан диққатҷалбкунанда ва баъдан хонданбоб кардааст. Бо дидани ҷумлаҳои аввал ҳар як хонанда ба ваҷд омада, кӯшиши то ба охир мутолиа кардани онро мекунад. Мақсади дигари муаллиф бо тарзи кӯчагӣ ба психикаи ҷавонон таъсир расонидан аст.
Ба ҷойи хулоса
Ҳарчанд, ки муаллиф бо матлаби хеш диққати аудиторияро ба худ ҷалб мекунад ва шояд хонандаи зиёд пайдо кунад, аммо риояи талаботҳои принсипу дастурҳои пешбинишуда болотар аз эҳсосот ва ҷалби аудитория мебошад. Истифодаи вожаҳои шевагӣ дар матбуоти даврӣ пеш аз ҳама ба афкори маърифатии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Андешаҳое миёни мардуми мо роиҷ аст, ки агар рӯзнома ё нашрия он чизро чоп карда бошад, пас вай дуруст аст. Ҳамсунин, бо воситаи нашри матлабҳои дорои вожаҳои ғайриадабӣ, метавон ба мафкураи ҷавонони деҳотӣ таъсир расонд ва ин вожаҳоро дар байни онҳо маъмул кард…
Ҷасури ҚИЁМИДДИН