7 октябр раиси Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода бо донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мулоқот намуд.

Мавсуф дар вохӯрӣ перомони масъулият будани журналистика, принсипҳои ин пеша ва талаботи ҷомеаи  муосир аз журналистон ва журналистика  суҳбат кард.

Ӯ меъёрҳои ахлоқи касбии журналистро ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи фаъолияти журналистӣ ном бурда, таъкид дошт, ки  донистан  ва  риояи онҳо барои ҳар як журналист зарур буда, вайрон кардани онҳо боиси қонуншиканиҳо ва оқибатҳои ногувор мегардад.

Зикр гардид, ки имрӯз трендҳои нави журналистӣ тақозо мекунанд, ки журналистон на танҳо аз донишҳои касбӣ, инчунин, аз технологияи ҳозиразамон ва хоса журналистикаи соҳавӣ бояд бархӯрдор  бошанд.

– Аз даст надодани аудитория ва эътироф шудани журналист, бо донистани забонҳои гуногун,  донишҳои ҳаматарафа, ҷаҳонбинии васеъ ва дарки дурусти хоҳишҳои бинандаву хонанда ва шунаванда бастагӣ дорад, – афзуд Ҳуриннисо Ализода.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот журналисти номдор, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова ва ҳуқуқшиноси ин созмон Ранжет Ятимов иштирок ва суханронӣ карданд.

Шаҳло Акобирова аз вижагиҳои журналистикаи телевизион ва талаботи имрӯзаи ҷомеа аз намояндагони ин соҳа бо мисолҳо ва дар муқоиса бо журналистикаи байналмилалӣ барои ҳозирин бо далелу арқом суҳбат кард.

Ранжет Ятимов низ дар бораи пайвастагии донишҳои ҳуқуқӣ ва журналистика баромад намуд.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва созмони ҷамъиятии “Хома” аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки бо ҳама гуна саволҳо ва мушкилот дар масоили ҳуқуқӣ ва касби журналистӣ аз хидмати ин созмонҳо истифода кунанд. Хоса бо ҳуқуқшиносони ин ду ташкилот ҳар рӯзу соат метавонанд  тамос бигиранд ва аз машваратҳои онҳо ройгон истифода намоянд.

 

Previous articleВохӯрии раиси Шӯро бо аъзои он ва намояндаи САҲА
Next articleАхлоқ
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here