Дар дафтари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба маҷлиси солонаи Шӯро вохӯрии корӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода, аъзои раёсати Шӯро Қироншоҳ Шарифзода, Сангин Гулов ва намояндаи созмони байналмилалии САҲА Гулистон Табарова иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар он масъалаҳои тайёрӣ, баргузории ҷаласаи солона, интихоби меҳмонону вакилон, ҷалби аъзои нав ба Шӯро ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар назар аст, ки маҷлиси солонаи Шӯро охири моҳи ҷорӣ доир гардад.