Ҳанӯз аз соли 1958 то ба имрӯз дар ҷаҳон 8 сентябр (Рӯзи қатли Юлиус Фучик дар зиндон) ба унвони “Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон” пазируфта шудааст.

Чаро ҳамраъйӣ барои журналистон зарур аст? Зеро онҳо бояд тавассути ин принсип худро аз тамоми намудҳои фишорҳо ҳимоя намоянд. Хоса аз фишори ҳукуматҳо ва ё мақомоту дигар василаҳои қонунигардонидашу ва ё ғайриқонунӣ.

Аммо магар ин имкон дорад? Дорад, агар кас дар ҷомеаи маданӣ ва озод бизияд. Зеро ҷомеаҳои озод принсипҳои пазируфташударо риоя мекунанд ва дар онҳо барои худ хатар намеҷӯянд.

Дар ин принсип ҳам барои касе хатаре таҳдид намекунад, ба ҷуз он ки як ҷамъияти хосаву ҳирфаиро (ҷомеаи журналистиро) имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ аз хеш ҳимоя кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз ҷомеаи журналистӣ аст, ки ҳамеша пайи ҳимояи ҳуқуқҳои дигарон талош дорад.

Вақте ки имсол мо ба ҳайси Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО) хостем пайи риояи ин банди Кодекси ахлоқи журналистӣ ва рисолати ойинномавиамон баъзе амалҳоро роҳандозӣ кунем, на танҳо ин кор гӯё як навъ ташвишу таҳлукаи ноаён ба миён овард, балки бархе аз ҳамкасбони мо низ бар ин андеша буданд, ки “ҳамрайӣ” номумкин аст.

Омилҳои инро онҳо дар чанд паҳлӯ медиданд. Бархе ҳукуматӣ ва шахсӣ будани нашрияҳоро баҳонаи ин нотифоқӣ мешумурданду қисмате сарчашмаи онро дар тиҷорат будани медиа ташреҳ медоданд.

Аммо ҳеҷ яке аз инҳо сабаби ҳамраъй нашудани журналистон буда наметавонад. Зеро журналисти васоити ахбори ҳукуматии имрӯз фардо метавонад корманди нашрияи хусусӣ шавад ё баръакс журналистони нашрияҳои хусусиро дар ВАО- и ҳукуматӣ ба кор бигиранд.

Дар банди 9. 6 – и “Кодекси меъёрҳои ахлоқи журналистӣ” омадааст: “Байни ВАО- и ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ фарқ нагузоранд”.
Яъне, журналист дар кадом навъи васоити ахбори омма фаъолият дошта бошад, ӯ журналист аст ва бо ҳамкасбони худ дар мавридҳои зарурӣ аз рӯйи ин принсипи кайҳо қабулшудаи маъмул ҳамраъй бошад. Аммо тахмин мекунам, касоне ёфт мешавад, ки сарфаҳми ин меъёри қабулшударо намеравад. Ё дидаву дониста тафриқаандозӣ мекунанд.

Дигар ин ки дилхоҳ журналист метавонад рӯзе ниёз ба ҳамраъйии ҳамкасбон пайдо кунад.

Зеро шарти асосии ҳамраъйӣ ин дар ҳолати гирифтор шудан ба таъқибу фишор ба ҳимояи ҳамдигар бархостан аст. Магар дар ҳоле, ки кас дар чунин вазъияти душвор меафтад, орзу намекунад, ки барои дастгирӣ ва ҳимояташ касе садо баланд кунад? Албатта ниёзманд мешавад. Оне, ки то куҷо имкони ин ҳамраъйҳо метавонад барои ҳалли мушкилоташ кумак кунад, албатта масъалаи дигар аст. Зеро мисолҳои тозаи мо, мутаассифона, боиси ифтихор нестанд, вале дар таҷрубаи ин ҳамраъйӣ мисолҳои зиёде ҳастанд, ки маҳз ҳамин принсип боиси ҳалли масъалаҳои зиёде гаштааст. Ва боз маҳз ана ҳамин нукта ҳукуматҳоро нигарон мекунад, маҳз ҳамин принсип сабаб мегардад, ки ниҳодҳои зидахл барои ҳамраъй нашудани журналистон ноаён кӯшиш ба харҷ бидиҳанд.

“Зӯри ангуштҳо дар мушт аст” ва инро ба маънои мусбияш кам касон дарк мекунанд.

Кодеки журналистии мазкур ҳамчунин мефармояд, нашрия ва рӯзноманигорон масъуланд, ки:”Ба ҳамкорони худ ва ҳамкасбон дар дигар расонаҳо муқобилият ва муқовимат накунанд, аз ВАО барои ноил шудан ба ҳадафҳои муғризонаи худ ва бо мақсади тафриқаандозӣ дар байни ҳамкорон истифода накунанд”.

Аммо мо шоҳидем, ки акси ин фармударо ҳам бархе аз ниҳодҳо, ҳам худи журналистон чи аз дохил ва хориҷи кишвар ва чи ашхоси алоҳида ҳам риоя намекунанд ва акси он рафтор карда дар беобрӯсозии журналистон ҳиллаҳо ва маводҳои шубҳанок пахш мекунанд.

Хулоса ин мавзӯъ паҳлӯҳои гуногун дораду мисол ва санаду арқоми хубу бади зиёдеро ҳам дорост, аммо ин рӯзи ҳамаи гилаву таърифҳо нест.

Дар ин рӯзи байналмилалии ҳамраъйии касбӣ барои ҳампешаҳо тани солиму рӯзгори обод, илҳоми саршори қаламкашӣ, меҳр ба касбу муҳаббат ба ҳамдигар ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва риояи меъёрҳои ахлоқи касбиро таманно карда бо орзуи ҳамраъйии касбии онҳо умедвор мемонам, ки аз ин принсипи хеле муҳими қабвлкардаамон ба манфиати хеш ва ҳамкасбону касби пвршарафи журналистӣ истифода кунанд.

Ҳамраъй бошед, ҳамкасбони азиз! Ҳамрайӣ ин нерӯи бузург аст, барои ҳимояи мо журналистон!

Ҳуриннисо Ализода

Previous articleРиояи меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар расонаҳо
Next articleВохӯрии раиси Шӯро бо аъзои он ва намояндаи САҲА
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here