Чанде пеш раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода бо Иршод Сулаймонӣ ва Ёқуб Ҳалимов дар мавзӯи “Риоя шудан ё нашудани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар расонаҳои Тоҷикистон” суҳбат намуда буд.

Суҳбати мазкур дар доираи подкастҳои «Хабарнигори муосир», ки одатан мушкилот ва мавзуъҳои марбута ба расонаҳо ва журналистонро ба баҳс мекашад, доир гардидааст.

Дар асл, чанд соли охир дар Тоҷикистон масъалаи риоя шудану нашудани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз сӯи рӯзноманигорон ва расонаҳо хеле доғ аст.  Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда соли 2009 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро пазируфт ва Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро барои худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ таъсис дод.

Шакли пурраи суҳбатро аз линки зер дида метавонед:

https://youtu.be/EjAv1YnQ_EY

Previous articleДаҳ қоидаи муҳим барои муаллим – журналист 
Next articleҲамраъйии журналистӣ меъёри ахлоқист
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here