20 октябр дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон семинари якрӯза барои журналистони ҷавони нашрияҳо, радиоҳо ва телевизионҳо доир гардид.

Семинарро раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода оғоз карда, доир ба махсусияти меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти рӯзноманигорӣ ба иштирокчиён суҳбат намуд.

Сипас, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тренер Сангин Гулов ба журналистони ҷавон дар бораи таърих ва сабабҳои пайдоиши меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар дунё ва Тоҷикистон, вазифаҳои касбӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, мустақилияти сиёсати редаксионӣ, эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва дигар ҳуқуқи инсон эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон, шахсони ноболиғ ва афроди дорои маъюбият, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ғайраҳо маълумот дод.

Дар семинар журналистон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ маълумоти кофӣ гирифтанд.

Previous articleТренинги омӯзишӣ барои журналистони ҷавон
Next articleДаҳ қоидаи муҳим барои муаллим – журналист 
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here