Устодони факултаву шуъбаҳои журналистии донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ҳамроҳ бо рӯзноманигорон ва коршиносони соҳа, рӯзҳои 11-12-уми августи соли 2022 тайи як мизи гирди дурӯза дар шаҳри Хуҷанд Барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои рӯзноманигорӣ дар мактабҳои олии кишварро баррасӣ карданд.
Ин мизи гирд аз сӯйи Дафтари барномаҳои САҲА (ОБСЕ) дар Душанбе дар идомаи тарҳи омода намудани Барномаҳои таҳсилотӣ ва таълимии ихтисосҳои рӯзноманигорӣ баргузор карда шуд.
Дар баробари дигар коршиносони соҳа, Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва дигар аъзои Раёсати Шӯро ҳам дар ин мизи гирд ширкат ва дар баррасии мавзуъҳо саҳм гирифтанд.
Ин барномаҳо бо ҳимояти молии САҲА аз сӯйи чанд тан устоди факултаву шуъбаҳои журналистии мактабҳои олии кишвар дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илм таҳия шудаанд.
Дар натиҷаи баҳсу баррасиҳои муаллифони барномаҳо ва рӯзноманигорону коршиносон гузинаи ниҳоии ин барномаҳо омода ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар сурати пазируфта шудани онҳо, соли нави таҳсили 2022-2023 бар асоси ин барномаҳо ба роҳ монда мешавад.