Дар Душанбе муаррифии тадқиқоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» доир гардид.
Ин тадқиқотро ТҶ «Машварати расонавӣ» дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардааст.
Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян намудани сатҳи истифодаи воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат буда, дар он муҳаққиқон маълум менамоянд, ки шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд.
«Тадқиқоти мазкур бори сеюм баргузор карда мешавад, – изҳор намуд директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов.
Таҳқиқоти мазкур моҳҳои январ ва феврали соли 2022 гузаронида шуда ва дар он зиёда аз 2,5 ҳазор посухдиҳандагон аз тамоми гӯшаҳои кишвар ширкат намудаанд.