3 майи соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хаят”, (назди “Кӯли ҷавонон”) ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии баён ҷаласаи умумии ҳисоботӣ-интихоботии солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, ки намояндагони аксари созмонҳои журналистӣ ва расонаҳои чопиву электронии муқими Тоҷикистон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд, фаъолияти яксолаи Шӯрои ВАО ҶТ  мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Тибқи барнома, баъди сабти ном ва пазироии иштирокчиён  сараввал Раиси Шӯрои ВАО Бахтиёр Ҳамдамов сухани ифтитоҳӣ намуда, сипас Комиссияи мандатӣ – баршумории вакилони ҳузурдошта ҷиҳати тасдиқи ваколати вакилон таъсис ва ба кор оғоз кард.

Маврид ба ёдоварист, Раҳмонзода Абдуҷаббор – намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, Фаттоҳзода Саидмурод – намояндаи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валериу Кивер – роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва Вадим Садоншоев – намояндаи “Интернюс” дар Тоҷикистон аз зумраи меҳмонони воломақоми ҷаласаи Шӯрои ВАО буданд.

Ҳамчунин, дар рафти кори ҷаласа баромади Нуриддин Қаршибоев – раиси Ассотсиатсияи миллии Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи  “Вазъи имрӯзаи ВАО: дурнамо ва мушкилот.” (Ҳамоҳангосозии фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи журналистӣ. Роҳҳои бартараф намудани мушкилоти молиётии матбуоти даврӣ.), Борис Навасардян – президенти Пресс-клуби Еревании Ҷумҳурии Арманистон дар мавзӯи “Шаклҳои худтанзимкунии ВАО дар Арманистон ва таҷрибаи баррасии шикоятҳо нисбати рӯзноманигорон”, Дайнюс Радзавичус: раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Литва таҳти унвони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рузноманигорӣ дар Тоҷикистон: зарурияти тағйиру иловаҳо ба он” (натиҷагирӣ аз кори гуруҳи корӣ) ва Иршод Сулаймонӣ, узви Раёсати Шӯрои ВАО  – “Риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз ҷониби ВАО.” (натиҷагирӣ аз мониторинги ВАО дар соли 2020)шунида шуд ва мавриди баррасиву мубоҳиса ва пазироии ҳозирин қарор гирифт.

Барномаи ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО, ки як рӯзи корӣ идома ёфт, хеле рангин буд. Ин аст, ки дар рафти он муаррифӣ ва баррасии тарҳи нави Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, музокирот ва қабули санадҳои дохилии Шӯрои ВАО,  ҳисоботи солонаи Раиси Шӯрои ВАО, ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотӣ, Муаррифӣ ва қабули номзадҳо ба узвияти Шӯрои ВАО, аз ҳайати Раёсати Шӯрои ВАО баровардани нафароне, ки ваколаташон ба охир расидааст ва пешбарии номзадҳо барои узвият ба ҳайати нави Раёсати Шӯрои ВАО, интихоби аъзои нави Раёсати Шӯрои ВАО, пешбарӣ ва интихоби аъзои нави Комиссияи тафтишотӣ овоздиҳӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.

Да қисмати дигари рӯзномаи маҷлис ҳайати ҳакамон ғолиби озмуни Шӯрои Воситахои ахбори оммаи Точикистон –  “Эътимод”-ро эълом доштанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастии ҳайати доварон журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо сазовори ҷоизаи “Эътимод” дар соли 2020 дониста шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки ҷоизаи “Эътимод” соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба як нафари сазовор такдим мегардад.

Дар охир тибқи овоздиҳии пинҳонӣ бо раъйи аксари вакилон Бахтиёр Ҳамдамов – сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” дубора Раиси Шӯрои ВАО ҶТ интихоб гардид.

Ҷаласаи мазкури Шӯрои ВАО ҶТ ҳисоботӣ буда, он соле як маротиба дар охир ҳар сол баргузор мегардид. Аз сабаби хуруҷи пандемияи ҳамагири “COVID – 19” ва мубталоии ҷаҳон ба ин вабо дар ахири соли гузаштаи 2020 он мавқуф гузошта шуд ва ҳамакнун баргузорияш ба Рӯзи байналмилалии озодии баён иттифоқ афтод.

Шӯрои ВАО – ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма буда, соли 2009 таъсис ёфтааст ва фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ.Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба амал мебарорад.

 

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here